https://sputnik.tj/20250901/iqtisod-muboriza-terrorizm-nizoho-rahmon-shsh-1070720316.html
Аз иқтисод то мубориза бо терроризму ҳалли низоъҳо: Раҳмон дар СҲШ аз чӣ гуфт?
Аз иқтисод то мубориза бо терроризму ҳалли низоъҳо: Раҳмон дар СҲШ аз чӣ гуфт?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистонт дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай нақши ин Созмонро дар рушди ҳамкории кишварҳои аъзо назаррас арзёбӣ кард
2025-09-01T13:13+0500
2025-09-01T13:13+0500
2025-09-01T13:14+0500
дар тоҷикистон
сҳш
ҳамкорӣ
иқтисод
терроризм
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070710161_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_874ac41638b856a6f19959869c5b74e2.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тянҷини Чин мегузарад гуфт, ки Тоҷикистон рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим медонад.Раисҷумҳур имкониятҳои Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба рушди саноат, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок ва бахши агросаноатӣ таъкид кард.Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои узви СҲШ-ро ба ҳамкории густурда дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва табобатӣ даъват намуд.Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва радикализм, инчунин бо таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ва дигар намудҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ зарур донист.Вай таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази универсалии мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои СҲШ, ки имрӯз ба имзо расид, дистиқбол кард ва гуфт ин дурнамои навро барои ҳамкории давлатҳо дар самтҳои зикршуда боз мекунад.Раҳмон аз роҳбарони кишварҳои аъзои СҲШ дар робита ба дастгирӣ аз қарори Шурои сарони давлатҳои аъзо ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротиии Созмон дар Душанбе изҳори сипос кард.Раҳбари кишвар бори дигар дар бораи мавқеъи Тоҷикистон вобаста ба ҳалли вазъи мураккаб дар Шарқи Наздик ва дигар кишварҳои ҷангзада таъкид кард.“Музокирот ва муколама роҳи ягонаи ҳалли ҳамаи буҳронҳо ва низоъҳо мебошанд”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.Ҳамчунин вай тақвияти ҳамкории фарҳангию башардӯстона бо лоиҳаҳои нави таълимӣ ва иҷтимоӣ дар СҲШ-ро муҳим донист.Вай аз иштирокдорони ҷаласа даъват кард, ки дар Форуми ҷавонони кишварҳои СҲШ, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок намоянд.Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуд.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳамёрии зичи кишварҳои “Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай”, Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои шарики минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро таъкид намуданд.Раҳбари Тоҷикистон аз ҳамроҳ шудани Лаос ба сифати понздаҳумин шарики муколамаи Созмон истиқбол кард.Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми ҷаласа 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20250901/putin-tasiri-shsh-masalahoi-baynalmilali-1070712296.html
https://sputnik.tj/20250831/rahmon-chin-shsh-takon-nav-1070689370.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070710161_50:0:1870:1365_1920x0_80_0_0_5b6071b6585d16bcff23ac6d2d58f2f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, сҳш, ҳамкорӣ, равобит, терроризм, ҳалли низоъ,
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, сҳш, ҳамкорӣ, равобит, терроризм, ҳалли низоъ,
Аз иқтисод то мубориза бо терроризму ҳалли низоъҳо: Раҳмон дар СҲШ аз чӣ гуфт?
13:13 01.09.2025 (Навсозишуда: 13:14 01.09.2025) Раисҷумҳури Тоҷикистонт дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай нақши ин Созмонро дар рушди ҳамкории кишварҳои аъзо назаррас арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Тянҷини Чин мегузарад гуфт, ки Тоҷикистон рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим медонад.
Раисҷумҳур имкониятҳои Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба рушди саноат, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок ва бахши агросаноатӣ таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои узви СҲШ-ро ба ҳамкории густурда дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва табобатӣ даъват намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории кишварҳои аъзои СҲШ дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва радикализм, инчунин бо таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ва дигар намудҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ зарур донист.
Вай таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази универсалии мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои СҲШ, ки имрӯз ба имзо расид, дистиқбол кард ва гуфт ин дурнамои навро барои ҳамкории давлатҳо дар самтҳои зикршуда боз мекунад.
Раҳмон аз роҳбарони кишварҳои аъзои СҲШ дар робита ба дастгирӣ аз қарори Шурои сарони давлатҳои аъзо ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротиии Созмон дар Душанбе изҳори сипос кард.
Раҳбари кишвар бори дигар дар бораи мавқеъи Тоҷикистон вобаста ба ҳалли вазъи мураккаб дар Шарқи Наздик ва дигар кишварҳои ҷангзада таъкид кард.
“Музокирот ва муколама роҳи ягонаи ҳалли ҳамаи буҳронҳо ва низоъҳо мебошанд”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Ҳамчунин вай тақвияти ҳамкории фарҳангию башардӯстона бо лоиҳаҳои нави таълимӣ ва иҷтимоӣ дар СҲШ-ро муҳим донист.
Вай аз иштирокдорони ҷаласа даъват кард, ки дар Форуми ҷавонони кишварҳои СҲШ, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳамёрии зичи кишварҳои “Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай”, Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои шарики минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро таъкид намуданд.
Раҳбари Тоҷикистон аз ҳамроҳ шудани Лаос ба сифати понздаҳумин шарики муколамаи Созмон истиқбол кард.
Қайд карда шудааст, ки дар анҷоми ҷаласа 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.