https://sputnik.tj/20250901/bonki-osiyoii-sarmoyaguzori-infrasokhtori-roghun-pul-1070726669.html
Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба сохтмони НБО “Роғун” пули бештар медиҳад
Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба сохтмони НБО “Роғун” пули бештар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ тасмим гирифтааст, маблағгузории худро ба неругоҳи “Роғун” ба 500 миллион доллар расонад
2025-09-01T14:31+0500
2025-09-01T14:31+0500
2025-09-01T14:31+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
чин
бонк
пул
маблағгузорӣ
сохтмони нерӯгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070726304_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_7f78f883b11e3e8fb451b149347a78e2.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар бораи афзоиши маблағгузории Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дар музокироти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ин Бонк Ҷин Литсюн эълон шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилдои манбаъ, мулоқоти мазкур дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тянҷини Чин сурат гирифт баргузор шуд.Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот саҳми бонкро дар рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими ҳампайвандии кишварҳои минтақа намоён номид.Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки Бонк дар татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар иштирок дорад, аз ҷумла дар сохтмони неругоҳи Роғун ва пули бузурги мошингарди дарозиаш 920 метр дар ноҳияи Нуробод.Ҳамзамон ҷонибҳо имконоти васеъи ҳамкорӣ дар самти энергетикаи “сабз”, аз ҷумла сохтмон ва навсозии неругоҳҳои барқии гуногуниқтидор ва ба истифода додани дастгоҳҳои офтобию бодиро муҳокима намуданд.Эмомалӣ Раҳмон дастгирии молиявии Бонк барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хатари селу ярч ва ҷалби технологияҳои муосири назорату мониторинг зарур шумурд.Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ба тақвияти ҳамгироии нақлиётӣ, рушди инфрасохтори он ва навсозии низомҳои коммуналӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.Дар ин дидор ҳамкорӣ барои ҷалби сармояи хусусӣ, рушди шаклҳои инноватсионии маблағгузорӣ ва усулҳои нави молиявӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳо номида шуд.
https://sputnik.tj/20250901/iqtisod-muboriza-terrorizm-nizoho-rahmon-shsh-1070720316.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070726304_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_2c17e8ccdf53f807f4ee0c228e05215c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонк, чин, пул, сохтмон, нбо "роғун", маблағгузорӣ
тоҷикистон, бонк, чин, пул, сохтмон, нбо "роғун", маблағгузорӣ
Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба сохтмони НБО “Роғун” пули бештар медиҳад
Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ тасмим гирифтааст, маблағгузории худро ба неругоҳи “Роғун” ба 500 миллион доллар расонад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар бораи афзоиши маблағгузории Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дар музокироти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ин Бонк Ҷин Литсюн эълон шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилдои манбаъ, мулоқоти мазкур дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тянҷини Чин сурат гирифт баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот саҳми бонкро дар рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими ҳампайвандии кишварҳои минтақа намоён номид.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки Бонк дар татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар иштирок дорад, аз ҷумла дар сохтмони неругоҳи Роғун ва пули бузурги мошингарди дарозиаш 920 метр дар ноҳияи Нуробод.
“Дар ин зимн бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба неругоҳи Роғун ба 500 миллион доллар расонад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамзамон ҷонибҳо имконоти васеъи ҳамкорӣ дар самти энергетикаи “сабз”, аз ҷумла сохтмон ва навсозии неругоҳҳои барқии гуногуниқтидор ва ба истифода додани дастгоҳҳои офтобию бодиро муҳокима намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дастгирии молиявии Бонк барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хатари селу ярч ва ҷалби технологияҳои муосири назорату мониторинг зарур шумурд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ба тақвияти ҳамгироии нақлиётӣ, рушди инфрасохтори он ва навсозии низомҳои коммуналӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Дар ин дидор ҳамкорӣ барои ҷалби сармояи хусусӣ, рушди шаклҳои инноватсионии маблағгузорӣ ва усулҳои нави молиявӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳо номида шуд.