Иштироки Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ дар Чин

© FotoЭмомали Рахмон на заседании Совета глав государств–членов ШОС в Бишкеке. Архивное фото
Эмомали Рахмон на заседании Совета глав государств–членов ШОС в Бишкеке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2025
Обуна шудан
Қаблан Лю Бин, ёвари вазири хориҷаи Чин гуфта буд, ки раҳбари Тоҷикистон ба нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Чин даъватнома гирифтааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аз 31 август то 1 сентябр дар Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин бора як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Бале, иштирок хоҳад кард", - гуфт манбаъи оҷонсӣ.
Қаблан Лю Бин, ёвари вазири хориҷаи Чин гуфта буд, ки раҳбари Тоҷикистон ба нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Чин даъватнома гирифтааст.
Дар навбати худ, дабири кулли СҲШ Нурлан Эрмекбоев қайд кард, ки тамоми сарони кишварҳои узви ин Созмон иштироки худро дар ҷаласа тасдиқ кардаанд.
Нишасти сарони СҲШ аз 31 август то 1 сентябр дар шаҳри Тянҷзин дар шимоли Чин баргузор мешавад.
 Заседание правительства республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2025
Раҳмон масъулинро барои омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 муваззаф кард
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин чорабинӣ аз замони таъсиси СҲШ дар соли 2001 бузургтарин чорабинӣ хоҳад буд ва "ҳамбастагии Ҷануби Ҷаҳонӣ" ва "кӯмак ба Русия, ки таҳти таҳримҳо қарор гирифтааст, барои табаддулоти навбатии дипломатӣ" нишон хоҳад дод. Дар ин ҳамоиш беш аз 20 раҳбарони ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Чин қайд мекунад, дар тӯли солҳо СҲШ аз як иттиҳодияи минтақавӣ, ки узви он шаш кишвар буд ба як ба сохторе табдил ёфт, ки ҳоло 10 узви доимӣ дораду 16 кишвари дигар дар он нозиранд.
Вазифаҳои асосии ин Созмон аз ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният то ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0