https://sputnik.tj/20250831/emomali-rahmon-chin-safar-1070685415.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар кард
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аз 31 август то 1 сентябр дар Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард
2025-08-31T11:20+0500
2025-08-31T11:20+0500
2025-09-01T11:54+0500
эмомалӣ раҳмон
чин
сиёсат
сҳш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066615081_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_58ce6a509ced2bacb91fb5c889f3b66b.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви СҲШ ба шаҳри Тянҷини Чин сафар кард.Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардор гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президентро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар масоили робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, нақлиёт, саноат, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Нишасти СҲШ дар ЧинНишасти сарони СҲШ аз 31 август то 1 сентябр дар шаҳри Тянҷин дар шимоли Чин баргузор мешавад.Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин чорабинӣ аз замони таъсиси СҲШ - 2001 бузургтарин чорабинӣ хоҳад буд ва "ҳамбастагии Ҷануби Ҷаҳонӣ" ва "кӯмак ба Русия, ки таҳти таҳримҳо қарор гирифтааст, барои табаддулоти навбатии дипломатӣ" нишон хоҳад дод.Иштироки Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои СҲШ дар ЧинДар ин ҳамоиш беш аз 20 раҳбарони ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.Тавре Вазорати корҳои хориҷии Чин қайд мекунад, дар тӯли солҳо СҲШ аз як иттиҳодияи минтақавӣ, ки узви он шаш кишвар буд ба як сохторе табдил ёфт, ки ҳоло 10 узви доимӣ дораду 16 кишвари дигар дар он нозиранд.Вазифаҳои асосии ин Созмон аз ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният то ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20250831/prezident-tojikiston-raisi-chin-dust-1070668788.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/12/1066615081_144:0:1964:1365_1920x0_80_0_0_3e4e640e8602fdf98d9945d0f7309f58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, чин, сафар
эмомалӣ раҳмон, чин, сафар
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар кард
11:20 31.08.2025 (Навсозишуда: 11:54 01.09.2025) Раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аз 31 август то 1 сентябр дар Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви СҲШ ба шаҳри Тянҷини Чин сафар кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии кишвардор гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президентро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент дар масоили робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, нақлиёт, саноат, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Нишасти сарони СҲШ аз 31 август то 1 сентябр дар шаҳри Тянҷин дар шимоли Чин баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин чорабинӣ аз замони таъсиси СҲШ - 2001 бузургтарин чорабинӣ хоҳад буд ва "ҳамбастагии Ҷануби Ҷаҳонӣ" ва "кӯмак ба Русия, ки таҳти таҳримҳо қарор гирифтааст, барои табаддулоти навбатии дипломатӣ" нишон хоҳад дод.
Дар ин ҳамоиш беш аз 20 раҳбарони ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Чин қайд мекунад, дар тӯли солҳо СҲШ аз як иттиҳодияи минтақавӣ, ки узви он шаш кишвар буд ба як сохторе табдил ёфт, ки ҳоло 10 узви доимӣ дораду 16 кишвари дигар дар он нозиранд.
Вазифаҳои асосии ин Созмон аз ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва таъмини амният то ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомӣ мебошад.