https://sputnik.tj/20250820/shirkati-reyting-qarzi-tojikiston-ustuvor-1070210171.html
Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро “устувор” арзёбӣ кард
Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро “устувор” арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати Standard & Poor’s рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" бо дурнамои “устувор” тасдиқ намуд
2025-08-20T09:36+0500
2025-08-20T09:36+0500
2025-08-20T09:36+0500
бонки миллӣ
рейтинг
иқтисод
бонк
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/14/1046074928_27:0:3668:2048_1920x0_80_0_0_90ef6c2a6b91b99ba86cca7649b78c45.jpg
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Агентии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги дарозмуддат ва кутоҳмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" бо дурнамои “устувор” тасдиқ намуд. иттилоъ додааст Бонки миллии Тоҷикистон.Ҳамин тавр, аз рейтинги мазкур бармеояд, ки кишвар пардохтпазир аст ва ба таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.“Ба дурнамои устувор омилҳои зерин, аз қабили муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд кишвари мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ тайи солҳои охир ва интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуданд”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.Масъулини Бонки миллӣ зикр кардаанд, ки тасдиқи рейтинги мазкур далели эътирофи натиҷаҳои мусбати рушди иқтисодӣ ва идоракунии устувори макроиқтисодӣ дар кишвар мебошад.Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ дар самти таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият анҷом медиҳад."Standard & Poor’s" ба панҷгонаи агентиҳои маъруфи рейтингии ҷаҳон шомил аст. Ин ташкилот бар асоси созишномаи дуҷониба ҳамасола ба муайян кардани рейтинги мустақили қарзии Тоҷикистон машғул мебошад.Бар асоси созишнома, агентӣ вазъ дар иқтисод ва сатҳи бехатарии иқтисоди кишварро арзёбӣ мекунад. Гузориши таҳлилии агентӣ оид ба рейтинги додашуда дар робита ба ҷалби сармояи хориҷӣ истифода шуда, дастрасии кишварро ба бозорҳои байналмилалии молӣ боз мекунад.
https://sputnik.tj/20250616/bonki-mill-taghyiryobi-qurbi-puli-milli-tasir-1068167696.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/14/1046074928_482:0:3213:2048_1920x0_80_0_0_75a0da691df3b4802a921b395394d0a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рейтинг, устувор, иқтисод, ширкати s&p, рейтингҳои қарзӣ, бонки миллӣ, молия,
тоҷикистон, рейтинг, устувор, иқтисод, ширкати s&p, рейтингҳои қарзӣ, бонки миллӣ, молия,
Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро “устувор” арзёбӣ кард
Ширкати Standard & Poor’s рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" бо дурнамои “устувор” тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Агентии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги дарозмуддат ва кутоҳмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" бо дурнамои “устувор” тасдиқ намуд. иттилоъ додааст Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, аз рейтинги мазкур бармеояд, ки кишвар пардохтпазир аст ва ба таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
“Ба дурнамои устувор омилҳои зерин, аз қабили муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд кишвари мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ тайи солҳои охир ва интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуданд”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.
Масъулини Бонки миллӣ зикр кардаанд, ки тасдиқи рейтинги мазкур далели эътирофи натиҷаҳои мусбати рушди иқтисодӣ ва идоракунии устувори макроиқтисодӣ дар кишвар мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ дар самти таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият анҷом медиҳад.
"Standard & Poor’s" ба панҷгонаи агентиҳои маъруфи рейтингии ҷаҳон шомил аст. Ин ташкилот бар асоси созишномаи дуҷониба ҳамасола ба муайян кардани рейтинги мустақили қарзии Тоҷикистон машғул мебошад.
Бар асоси созишнома, агентӣ вазъ дар иқтисод ва сатҳи бехатарии иқтисоди кишварро арзёбӣ мекунад. Гузориши таҳлилии агентӣ оид ба рейтинги додашуда дар робита ба ҷалби сармояи хориҷӣ истифода шуда, дастрасии кишварро ба бозорҳои байналмилалии молӣ боз мекунад.