https://sputnik.tj/20250616/bonki-mill-taghyiryobi-qurbi-puli-milli-tasir-1068167696.html
Бонки миллӣ гуфт ба тағйирёбии қурби пули миллӣ чӣ таъсир мерасонад
Бонки миллӣ гуфт ба тағйирёбии қурби пули миллӣ чӣ таъсир мерасонад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки милии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар доираи реҷаи татбиқшаванда дар асоси талаботу таъминоти бозор муайян карда мешавад
2025-06-16T14:07+0500
2025-06-16T14:07+0500
2025-06-16T14:11+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
қурби асъор
иқтисод
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Бонки танзимгари Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки ба тағйирёбии қурби пули миллӣ дар баробари омилҳои дохилӣ, инчунин омилҳои берунӣ таъсири бевосита мерасонанд.Масъулини Юонки миллӣ мегӯянд, ки омилҳои берунӣ дар навбати худ ба вазъи геосиёсии ҷаҳон, ки ниҳоят мураккаб ва номуайян аст, вобаста буда, дар ҳолати номуайянӣ пешгӯӣ намудани таъсири онҳо ба қурби пули миллӣ нисбатан мушкил мебошад.“Аз ин рӯ, дар асоси реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда” ва бо назардошти номуайянии вазъи геосиёсии ҷаҳон барои оянда ягон қурби муайяни асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ пешбинӣ нагардида, он дар доираи реҷаи татбиқшаванда дар асоси талаботу таъминоти бозор муайян карда мешавад”, - қайд намудлааст Бонки миллӣ.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки новобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои муътадил нигоҳ доштан ва кам кардани таъсири манфии омилҳои дохиливу берунӣ ба қурби пули миллӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20250616/bonki-milli-dollaru-evro-barobari-somoni-zaifu-rubl-qavi-1068162725.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, тағйирёбии қурб, асъор, доллар ёвро, сомонӣ, иқтисод, молия
тоҷикистон, бонки миллӣ, тағйирёбии қурб, асъор, доллар ёвро, сомонӣ, иқтисод, молия
Бонки миллӣ гуфт ба тағйирёбии қурби пули миллӣ чӣ таъсир мерасонад
14:07 16.06.2025 (Навсозишуда: 14:11 16.06.2025) Эксклюзив
Бонки милии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар доираи реҷаи татбиқшаванда дар асоси талаботу таъминоти бозор муайян карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Бонки танзимгари Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки ба тағйирёбии қурби пули миллӣ дар баробари омилҳои дохилӣ, инчунин омилҳои берунӣ таъсири бевосита мерасонанд.
Масъулини Юонки миллӣ мегӯянд, ки омилҳои берунӣ дар навбати худ ба вазъи геосиёсии ҷаҳон, ки ниҳоят мураккаб ва номуайян аст, вобаста буда, дар ҳолати номуайянӣ пешгӯӣ намудани таъсири онҳо ба қурби пули миллӣ нисбатан мушкил мебошад.
“Аз ин рӯ, дар асоси реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда” ва бо назардошти номуайянии вазъи геосиёсии ҷаҳон барои оянда ягон қурби муайяни асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ пешбинӣ нагардида, он дар доираи реҷаи татбиқшаванда дар асоси талаботу таъминоти бозор муайян карда мешавад”, - қайд намудлааст Бонки миллӣ.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки новобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои муътадил нигоҳ доштан ва кам кардани таъсири манфии омилҳои дохиливу берунӣ ба қурби пули миллӣ тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳад кард.