https://sputnik.tj/20250817/tramp-tafsilot-muloqot-putin-zelenskiy-1070093255.html
Трамп тафсилоти мулоқот бо Путин ва суҳбат бо Зеленскийро ошкор кард
Трамп тафсилоти мулоқот бо Путин ва суҳбат бо Зеленскийро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти ИМА Доналд Трамп пас аз музокироти таърихӣ бо кишвардори Русия Владимир Путин ба раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский занг зад
2025-08-17T10:31+0500
2025-08-17T10:31+0500
2025-08-17T10:31+0500
музокироти путин ва трамп дар аляска
музокироти путин ва трамп дар аляска
владимир путин
владимир зеленский
доналд трамп
мулоқот
ошкор
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/10/1070068261_0:0:3420:1924_1920x0_80_0_0_318d13d290dd9f6f3eb7b4b3ebcb7e9c.jpg
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, гуфтугӯ бо Владимир Путин дар Анкориҷ ва гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Зеленский муваффақ буд.Сарвари Кохи Сафед тавзеҳ дод, ки баъдан бо Зеленский ва раҳбарони аврупоӣ гуфтугӯ кардааст ва ҳама ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки беҳтарин роҳи хотима додан ба низоъ дар Украина созиши сулҳ аст, на танҳо созиш.Натоиҷи гуфтушунид дар Аляска Шаби шанбе Путин ва Трамп дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ мулоқот карданд. Мулоқот дар шакли "се бар се" ду соату 45 дақиқа давом кард. Аз ҷониби Русия дар ин нишаст вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва ёвари президент Юрий Ушаков ширкат доштанд. Сиёсатмадорон азми ду кишварро барои ба даст овардани натиҷаҳо таъкид намуда, самтҳои зиёди кори муштаракро қайд карданд. Путин ба ҳамтои худ барои даъват изҳори сипос кард ва ба наздикии Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ки онҳоро уқёнус аз ҳам ҷудо мекунад, ишора кард. Кишвардорон изҳор доштанд, ки омодаанд барои поён додан ба низоъ дар Украина кор кунанд. Ба гуфтаи Трамп, дар мавриди нуктаҳои муҳими созиш то ҳол созиш вуҷуд надорад, аммо имкони ба даст овардани сулҳ вуҷуд дорад. Сардори Касри Сафед иқрор шуд, ки мулоқоти навбатӣ дар Маскав барпо мегардад. Ӯ ҳамчунин аз Владимир Зеленский даъват кард, ки бо Русия созиш кунад; имконияти сулҳ аз ӯ ва кишварҳои Урупо вобаста аст.
https://sputnik.tj/20250816/putin-tramp-alyaska-guftugu-1070079970.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/10/1070068261_311:0:3042:2048_1920x0_80_0_0_d3e9dd7065f2d461458ce71596560f17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп, путин, зеленский, мулоқот
трамп, путин, зеленский, мулоқот
Трамп тафсилоти мулоқот бо Путин ва суҳбат бо Зеленскийро ошкор кард
Президенти ИМА Доналд Трамп пас аз музокироти таърихӣ бо кишвардори Русия Владимир Путин ба раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский занг зад
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, гуфтугӯ бо Владимир Путин дар Анкориҷ ва гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Зеленский муваффақ буд.
"Рӯзи олӣ ва хеле пурмаҳсул дар Аляска! Мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин хеле хуб гузашт", — навиштааст ӯ дар шабакаи иҷтимоии Truth Social.
Сарвари Кохи Сафед тавзеҳ дод, ки баъдан бо Зеленский ва раҳбарони аврупоӣ гуфтугӯ кардааст ва ҳама ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки беҳтарин роҳи хотима додан ба низоъ дар Украина созиши сулҳ аст, на танҳо созиш.
Натоиҷи гуфтушунид дар Аляска
Шаби шанбе Путин ва Трамп дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ мулоқот карданд.
Мулоқот дар шакли "се бар се" ду соату 45 дақиқа давом кард. Аз ҷониби Русия дар ин нишаст вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва ёвари президент Юрий Ушаков ширкат доштанд.
Сиёсатмадорон азми ду кишварро барои ба даст овардани натиҷаҳо таъкид намуда, самтҳои зиёди кори муштаракро қайд карданд.
Путин ба ҳамтои худ барои даъват изҳори сипос кард ва ба наздикии Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ки онҳоро уқёнус аз ҳам ҷудо мекунад, ишора кард.
Кишвардорон изҳор доштанд, ки омодаанд барои поён додан ба низоъ дар Украина кор кунанд.
Ба гуфтаи Трамп, дар мавриди нуктаҳои муҳими созиш то ҳол созиш вуҷуд надорад, аммо имкони ба даст овардани сулҳ вуҷуд дорад.
Сардори Касри Сафед иқрор шуд, ки мулоқоти навбатӣ дар Маскав барпо мегардад. Ӯ ҳамчунин аз Владимир Зеленский даъват кард, ки бо Русия созиш кунад; имконияти сулҳ аз ӯ ва кишварҳои Урупо вобаста аст.