Набарди охирини камикадзе: чӣ гуна сарбозони тоҷик муқобили Ҷопон меҷангиданд

© Sputnik / Семен РаскинТанкисты 9-го Гвардейского механизированного корпуса Забайкальского фронта переходят через Большой Хинган с целью разгрома Квантунской армии в западной Маньчжурии
Танкисты 9-го Гвардейского механизированного корпуса Забайкальского фронта переходят через Большой Хинган с целью разгрома Квантунской армии в западной Маньчжурии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
80 сол қабл ИҶШС империяи Ҷопонро шикаст дода, ҷанги дуюми ҷаҳонро ба охир расонд. Дар амалиёти охирини ғалабаовари Артиши Сурх ҷанговарони ҶШС Тоҷикистон низ иштирок доштанд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Амалиёти стратегии ҳуҷумии Манчжурия ғалабаи ҳақиқии Артиши Шӯравӣ гардид, ки аз ҷиҳати суръати пеш рафтан ва таносуби талафот, нисбати амалиётҳои муваффақона дар Аврупо ба муқобили рейхи сеюм ҳам комёбтар шуд.
Амалиёти мазкур дар майдонҳои азими паҳноии 2,7 ҳазор километр ва умқи то 800 километр сурат гирифт. Бо иштироки зиёда аз 1,5 миллион аскару афсарон, талафоти ИҶШС каме бештар аз 12 ҳазор касро ташкил дод.
Дар гурӯҳи Квантунии артиши Ҷопон бошад, мувофиқи маълумоти гуногун, аз 21,3 ҳазор то 84 ҳазор нафар кушта ва фармондеҳии он дар натиҷаи амалиёти далеронаи десантӣ қариб пурра ба асорат гирифта шуд.
Бо вуҷуди ин, ба фармондеҳони шӯравӣ лозим омад, ки на танҳо муқовимати душмани мутаассиби ҷангандаро пахш созад, балки инчунин ҳуҷумро дар шароити душвор ва гуногунҷабҳа ба нақша гирифта, тактикаи ҷангиро мувофиқи шароит зуд-зуд тағйир диҳанд.
Чӣ гуна сарбозони шӯравӣ тавонистанд дар муддати камтар аз як моҳ яке аз артишҳои сершумор ва ботаҷрибаи Империяи Ҷопонро мағлуб кунанд ва ҷанговарони ҶШС Тоҷикистон дар ин амалиёт чӣ нақш бозиданд, – дар ин бора дар маводи Sputnik Тоҷикистон хонед.

Беҳтаринҳо муқобили ботаҷрибаҳо

Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи феврали соли 1945 дар конфронси Ялта ваъда дод, ки ба ҷанги зидди Ҷопон ворид мешавад ва каме дертар дар мулоқоти Сталин, Черчилл ва Трумен дар Потсдам ӯҳдадориҳои худро тасдиқ кард. Рӯзи 9 август ба сафири Ҷопон дар Маскав Наотаке Сато, ҳуҷҷат дар бораи ба ҷанги муқобили Ҷопон ворид шудани Иттиҳоди Шӯравӣ супурда шуд.
Ситоди генералӣ як қисми қӯшунҳоеро, ки баъди ғалаба бар Олмони фашистӣ озод карда шуда буданд, пешакӣ, аз аввали моҳи май то август ба Шарқи Дур интиқол медод. Сарфи назар аз теъдоди ин гурӯҳи нерӯҳо, ки тақрибан 400 ҳазор нафар дар бар мегирифт, бартарии асосии он на шумора, балки таҷрибаи пурарзиши ҷангиашон буд.
Дар маҷмӯъ, то оғози амалиёти ҷангӣ дар ҳайати фармондеҳии шӯравӣ 131 дивизия ва 117 бригада, ки зиёда аз 1,5 миллион нафарро дар бар мегирифтанд, инчунин зиёда аз 27 ҳазор тӯп, 5,2 ҳазор танк ва на кам аз 7 ҳазор ҳавопаймо дошт.
Дар хусуси душман бошад, мувофиқи нақшаи стратегии Ҷопон сеяки тамоми қӯшунҳои артиши Квантунӣ, ки шумораи умумии онҳо қариб як миллион нафар ҷанговарро ташкил медод, дар сарҳад ҷойгир шуда, ба пешравии душман бояд монеъ мешуд.
Аммо нерӯҳои асосӣ, ки дар навоҳии марказии Манчжурия ҷамъ оварда шуданд, мебоист қӯшунҳои шӯравиро ба мудофиа гузаштан маҷбур месохтанд ва баъд якҷоя бо захираҳое, ки аз Хитой ва Корея меомаданд, мувофиқи имкон бояд ба хоки Иттифоқи Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Халқии Муғулистон зада даромада, онҳоро ақиб мегардонанд.
Ҷанговарон аз "Боми ҷаҳон": ё саҳми ВМКБ дар ғалабаи бузург
Дар натиҷа ситоди генералии Токио, ки дар ҷанг дар уқёнуси Ором қариб мағлуб шуда буд, интизор буд, ки ба муқобили Артиши Сурх камаш як сол истодагарӣ карда, барои гуфтушунид шароити мусоидтар ба даст оварад.
Бояд гуфт, ки генералҳои ҷопонӣ ба артиши Квантунӣ барои он умед дошта буданд, ки ин артиш беҳтарин ва таҷрибадортарин нерӯҳои ҷангдидаи хушкигард дошт ва дар он беҳтарин афсарон хизмат доштанд. Аммо генералҳо чунин далелро ба назар нагирифтанд, ки онҳо ба муқобили аскароне, ки ҳамагӣ чанд моҳ пеш машинаи ҳарбии немисҳоро, ки шикастнопазир ҳисоб меёфт, несту нобуд карда буданд, мубориза мебаранд.

Маргталабон дар хатти охирини дифоъ

Ҳамлаҳои асосиро муқобили ҷопониҳо ҷабҳаҳои Забайкалӣ ва 1-уми Шарқи Дур аз Приморйе анҷом медоданд. Ба қӯшунҳои ҷабҳаи Забайкалйе таҳти фармондеҳии маршал Родион Малиновский лозим омад, ки бо аскарони пиёдагард ҳамроҳи танку тӯпҳо аз биёбони беоби Гоби ва баъд аз қаторкӯҳҳои Хингани Калон, ки баландиашон то 1,2 ҳазор метр аст, роҳи душворро тай кунанд.
Аслан пеш аз оғози ҳамла, на сарбозон ва на афсарони хурд намедонистанд, ки онҳо ба куҷо бурда мешаванд ва дар куҷо бояд ҷанг кунанд. Интиқоли қӯшунҳо тобистони соли 1945 дар фазои комилан махфӣ сурат гирифт. Зиёда аз ин, махфӣ нигоҳ доштани сир на танҳо барои аскарон ва сержантхо, ки дар ёддоштҳояшон гуфта мешуд, ки "сухани тасодуфан афтода, як ибораи бепарвоёна кифоя аст, ки сирри ҳарбӣ фош шуда, ба моликияти ҷосусони душман табдил ёбад", балки ба фармондеҳии Артиши Шӯравӣ ҳам дахл дошт.
Бо мақсади пинҳонкорӣ рутбаи маршалҳои машҳурро "паст гардида", ҳатто номҳояшон дигар карда шуд. Ҳамин тавр, Малиновский генерал-полковник Морозов ва маршали дигари шӯравӣ Александр Василевский генерал-полковник Василйев шуданд. Мушкилии ҳуҷум аз он сабаб мураккаб гашт, ки на разведкаҳои шӯравӣ ва на душмани онҳо дар бораи ин минтақа ва масирҳои он маълумоти зарурӣ надоштанд.
"Қӯшунҳои ҷабҳаи Забайкалйе аз ҷойҳои душвор мегузаштанд. Ҳатто чиниҳо ва ҷопониҳо ягон харитаи муносиби минтақаро надоштанд. Душман гумон намекард, ки аскарони шӯравӣ дар як ҳафта садҳо километр роҳро дар шароити душвортарин тай карда метавонанд", - ёдовар шудааст Маршал Василевский дар бораи ин амалиёт.
Аммо ин ҳаракат аз байни кӯҳҳо ва бешазор барои артиши Ҷопон дар Манчжурия, ки генералҳои он ба ин гуна ҳуҷумҳои тезу калони душман одат накарда буданд, ҳайратангез буд. Дар натиҷа, ба қавли Василевский, зарари аввала чунон калон буд ва "зарбаи аз шимолу ғарбӣ ба артиши Квантун расонда чунон сахт буд, ки дигар ин артиш ба худ наомад".
© Sputnik / Александр СтанововМаньчжурская стратегическая наступательная операция вооружённых сил СССР
Маньчжурская стратегическая наступательная операция вооружённых сил СССР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2025
Маньчжурская стратегическая наступательная операция вооружённых сил СССР
Рӯҳияи қӯшунҳои Ҷопонро ҳамчунин хабарҳои аз худи Ҷопон омада, ки он ҷо ҳавопаймоҳҳои Амрико бори аввал дар таърих яроқи ҳастаиро ба кор бурда, 120 ҳазор нафар сокинони шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакиро дар давоми сонияҳо нобуд карда, коста гардонд ва умеди онҳоро барои ғалаба барбод дод.
Аз тарафи дигар, барои теъдоди зиёди сарбозону афсарон, паём дар бораи таслим шудани кишвар, ки шахсан аз ҷониби император Ҳироҳито садо дод, маънои нобудии комили ватани онҳо ва тартиботи шиноси ҷаҳонро дошт. Ин маънои онро дошт, ки онҳо ҳама чизро аз даст додаанд ва ягона роҳи арзандаи раҳоӣ аз ин вазъият марг дар майдони ҷанг буд.
Ва аз ҳамин лаҳза нерӯҳои алоҳидаи артиши Квантун бо таасуб ва маргталабона ба ҷанг cap карданд. Масалан, дар шароити нарасидани силоҳҳои зиддитанкӣ онҳо ҳавонавардони камикадзеро барои нест кардани танкҳои шӯравӣ мефиристоданд.
Ба қимати ҷон: чӣ гуна тоҷикон Сталинградро дифоъ карданд - видео
"Ҳавопаймои аввал аз баландии начандон баланд, ба сӯйи танки пешбари баталйон парвоз карда, бо суръати тамом ба қисми пеши он бархӯрд. Порчаҳои ҳавопаймо ба самтҳои гуногун пош хӯрданд. Мотори харобшуда дар зери чархи танк фурӯ рехта, забонҳои шӯъла дар бадани "Шерман" намоён шуданд. Десантчиён аз се танки дигар сӯи бинои хиштӣ шитофтанд. ҳавопаймои дигар ба ин бино бархурд, вале бомро шикаста, дар болохона часпида монд", - чунин тасвир мекард ҳамлаи маргталабонро Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, капитан Дмитрий Лоза.
Тактикаи дигари сарбозони маргталаби ҷопонӣ ин буд, ки ба танаш маводи тарканда баста, худро зери танк мепартофтанд ва ё бо сутуне бо маводи тарканда ба зиреҳи танк мезананд. Ҳамла ба ҳар як шаҳри калон дар чунин шароит ба муҳорибаи ҳақиқатан душвор табдил ёфт.
"Ҷангҳо барои Муданзян хеле даҳшатноку шадид буданд ва ба ҷанги тан ба тан мубаддал шуданд. Онро тақрибан панҷ дивизия ва ду отряди маргталаб, ки ҳар кадоми онҳо 200 нафарӣ доштанд, дифоъ мекарданд. Шаҳр чанд маротиба аз даст ба даст мегузашт. Дар он ҷо ҷопониҳои зиёде кушта шуданд, вале бисёре аз мо низ ҳалок шуданд", - мегӯяд яке аз иштирокчиёни ин ҳодисаҳо генерал Афанасий Белобородов.
Дар баъзе минтақаҳои мустақкамшуда аскарони ҷопони савганди ҳарбӣ ва оинномаи муқаррарии артиши императориро ба эътибор нагирифта, афсаронро, ки фармони таслим шуданро дода буданд, мепарронданд. Аммо чунин ҷасорате, ки аз ноумедӣ буд, Артиши Квантунро наҷот дода наметавонист - камтар аз нисфи ҳамлаҳои маргталабона муваффақ буданд ва ба онҳо одамоне муқобилат мекарданд, ки ҳар рӯз ҷони худро дар тӯли чанд сол зери хатар мегузоштанд.
Таваҷҷӯҳ ба рушди флоти баҳрӣ аз ҳисоби қувваҳои зиреҳпӯш дар арафаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ барои ситоди генералии Ҷопон низ иштибоҳе буд. Аксари киштиҳо, ки барои сохтани онҳо миллиардҳо йен сарф шуда буд, на дар набардҳои баҳрӣ, балки аз ҳаво мувофиқи тактикаи навоваронаи Иёлоти Муттаҳида бо истифода аз киштиҳои ҳавопаймобар ғарқ шуданд.
Аммо, артиши азими хушкигард ва аз ҷиҳати назариявӣ ба ҷанг омода бе мошинҳои зиреҳпуш монд. Ҷопон дар Манчжурия ҳамагӣ чандсад танки сабуки зиреҳпӯш ва кӯҳна дошт, ки ба артиллерияи шӯравӣ ва мактаби пешрафтаи конструктории ИҶШС тоб оварда натавонистанд.

Наҷоти ҷаҳонро аз вабои Ҷопон

Аллакай чанд рӯз баъд аз оғози амалиёт қӯшунҳои пешрафтаи ҷабҳаи Забайкалйе ба нишебиҳои Хингани Калон наздик шуда, онҳоро забт кард. Заковати ҳарбӣ кумак мекард, дар сурати набудани роҳҳои хуб танку тӯпҳо аз кӯҳҳо бо симу занҷирҳо фуроварда мешуданд, танкҳои дар ақиб буда, барои онҳое, ки дар пеш ҳаракат мекарданд, як навъ лангар хизмат мекарданд.
Баъди чунин ҳаракат аз кӯҳсор артиши азим барои душман ғайричашмдошт ба фазоӣ амалиётии дашти Манчжурияи Марказӣ дохил шуда, ба сӯи пойтахти минтақа — шаҳри Чанчун ва маркази калони саноатии Мукден ҳаракат кард.
Дар натиҷа дар охири ҳафтаи аввали ҳуҷуми шӯравӣ артиши Квантун ба қисмҳо тақсим шуд, ки ҳар кадоми онҳо акнун танҳо ба худ умед баста метавонистанд.
© Sputnik / Александр СтанововКолонна частей 1-го Дальневосточного фронта переходит границу Маньчжурии
Колонна частей 1-го Дальневосточного фронта переходит границу Маньчжурии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2025
Колонна частей 1-го Дальневосточного фронта переходит границу Маньчжурии
Фалокати ҳарбии қисмҳои артиши Ҷопон дар натиҷаи ҳуҷумҳои десанти ҳавоӣ, ки дар рафти онҳо Далян, Жилин, Мукден, Порт-Артур, Харбин, Чангун ва як қатор шаҳрҳои дигарро фавран забт намуд, боз амиқтар кард. Дар айни замон флоти уқёнуси Ором якчанд ҳуҷумҳои тактикии флоти ҳарбии баҳрӣ гузаронда, бандарҳои Кореяро, ки ҷопониҳо ишғол мекарданд, забт намуда, қӯшунҳои хушкигардро аз умеди ёрӣ ё тахлияи боқимондаҳои флот маҳрум кард.
Комёбтарин ва шояд муҳимтарин қисми ҷанги Манчжурия забт кардани Харбин ва асир кардани тамоми ҳайати фармондеҳии Артиши Квантун буд, ки ҳабси онҳо имкон дод, ки фалокати даҳшатангез, ки оқибати он аз таркиши ҳастаӣ шояд бадтар мебуд, пешгирӣ карда шавад.
80 сол муқаддам дар Маскав аввалин паради Ғалаба барпо шуд - чӣ тавр буд: акс
Сардори ситоди 1-уми Артиши Сурх генерал-майор Георгий Шелахов ба амалиёти махсуси ниҳоят хавфнок роҳбарӣ мекард. Вай ба нерӯҳои ҳуҷумии десантии иборат аз 100 нафар роҳбарӣ мекард, ки дар шаш ҳавопаймои Ли-2 савор дар фурудгоҳи Харбин фуруд омада, генералҳои ҷопонӣ, ки ин гуна далериро интизор набуданд, асир карданд.
Ба онҳо муяссар шуд, ки сардори ситоди артиши Квантун генерал Хатаро ҳамроҳи дигар афсарони олимартаба дастгир кунанд ва ба онҳо ултиматум дар бораи таслим шудан пешниҳод шуд.
Дар фурудгоҳи Харбин ҷанговарони шӯравӣ бозёфти ҳақиқатан даҳшатовар карданд, тамоми ҳавопаймоҳҳо пур аз бомбҳои бактериологӣ буд, ки дар ташхисгоҳи отряди махфии 731 тайёр карда шуда буд. Ин отряд барои таҷрибаҳои ғайриинсонӣ болои одамони зинда ва сохтани яроқи қатли ом масъул буд.
© Sputnik / Георгий ХомзорЯпонские самолеты Квантунской армии, захваченные советскими десантниками на аэродроме Мукден в Китае. В центре - транспортный самолет "Мицубиси" Ки-57
Японские самолеты Квантунской армии, захваченные советскими десантниками на аэродроме Мукден в Китае. В центре - транспортный самолет Мицубиси Ки-57 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2025
Японские самолеты Квантунской армии, захваченные советскими десантниками на аэродроме Мукден в Китае. В центре - транспортный самолет "Мицубиси" Ки-57
Тавре ки баъдтар маълум шуд, халабонҳои камикадзе фармон гирифта буданд, ки барои бомбгузории ҳастаии Хиросима интиқом гиранд. Онҳо бояд бо бомбҳои махсус бо зарба задан ба шаҳрҳои бузурги Русия ва Чин, дар он ҷо "марги сиёҳ" - яъне штаммҳои вабо бо паҳншавии ногузири эпидемия дар саросари ҷаҳон паҳн мекарданд.
Дар натиҷа ба қӯшунҳои шӯравӣ муяссар гардид, ки фалокатро пешгирӣ намуда, натиҷаҳои ҷанг ва ҷазои ҷинояткорони ҳарбиро муайян кунанд — 10 генерали ҷопониро трибунал ҳукми қатл эълон карда, генерал Хата ва 20 нафар афсарони олирутба барои ҷиноятҳои зидди инсоният ба ҳабси якумра маҳкум карда шуданд.

Ҷанговарон аз Тоҷикистон дар сафи пеши ҳуҷум

Дар ғалабаи Артиши Сурх дар амалиёти Манчжурия зодагони Тоҷикистон нақши бузург бозиданд. Аниқтараш, артиши 53-юм, ки дар ҳайати ҳамин ҷабҳаи Забайкалйе таҳти фармондеҳии маршал Малиновский буд ва дар округи ҳарбии Осиёи Миёна ташкил ёфта буд.
Давраи якуми ташкилёбии ин қисмҳо ба моҳи августи соли 1941 рост меояд, ки ба ҳайати он полкҳо сокинони ҷумҳуриҳои шӯравии Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ворид мешуданд.
Ҳам зодагони маҳаллӣ ва ҳам зодагони Русия, Украина ва Белорусия, ки бо ин ё он сабаб пештар ба шарқи ИҶШС кӯчида буданд, ба сафи артиши 53-юм даъват карда шуданд. Дар аввал артиш вазифадор буд, ки сарҳади давлатӣ бо Афғонистонро муҳофизат кунад, ки генералҳои шӯравӣ аз он ҷо ҳамларо интизор буданд, чун солҳои 1930 Кобул бо Берлин хеле дӯст буд.
Аз Тоҷикистон то Берлин тавассути Донбасс: "Генерали тоҷик" Чудесов кӣ буд?
Ва маҳз донистани хуби забон, расму русум ва ҷуғрофиёи ин минтақа аз ҷониби ҷанговарон боис шуд, ки қисми ҳарбӣ дар "маъракаи эронӣ"-и ИҶШС ва Британияи Кабир барои ҷилавгирӣ аз ворид шудани Эрон ба ҷанг дар тарафи Гитлер бевосита иштирок кунад.
Аз ҷумла, маҳз артиши 53-юм шаҳри Ҳамадонро зери тасарруфи худ гирифт. Соли 1942 артиш ба ғарб фиристода шуд, ки дар он ҷо ҷангҳои шадидтарин ба муқобили қисмҳои рейхи сеюм давом доштанд. Аз руи анъана дар ҳайати артиш полкҳои зиёди савораи тирандозӣ мавҷуд буданд, ки вазифаҳои онро дар аксар минтақаҳои ҷанг муайян мекарданд — ҳуҷуми тез, рахна кардани минтақаҳои камтар мухофизатшавандаи ҷабҳа, ёрии оперативии ба танкҳои вазнин ва артиллерияи сайёр.
© Sputnik / Александр СтанововАртиллерийский расчет 159 стрелковой дивизии 1-го Дальневосточного фронта ведет бой за крупный город Муданьцзян в провинции Хэйлунцзян КНР на реке Муданьцзян
Артиллерийский расчет 159 стрелковой дивизии 1-го Дальневосточного фронта ведет бой за крупный город Муданьцзян в провинции Хэйлунцзян КНР на реке Муданьцзян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2025
Артиллерийский расчет 159 стрелковой дивизии 1-го Дальневосточного фронта ведет бой за крупный город Муданьцзян в провинции Хэйлунцзян КНР на реке Муданьцзян
Ҷанговарони округи Осиёи Миёна, ки дар Тоҷикистон, Узбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя ташкил карда шудаанд, дар муҳорибаҳои Курск, дар ҳучуми ҷавобии назди Ростови лаби Дон, аз истилогарони немис озод кардани Харков ва дар амалиёти Ясси-Кишинев худро хуб нишон доданд.
Артиши 53-юм ҷангҳоро дар ҷабҳаи ғарбӣ дар назди Прага ба охир расонд ва бо дивизияҳои артиллерӣ ва муҳандисӣ мустаҳкам шуда, баъд аз он ба қаламрави Муғулистон ба ноҳияи Чойбалсан фиристода шуд.
Дар ин ҷо артиш ба ҳайати ҷабҳаи Забайкалйе дохил карда шуда, ҳангоми ҳуҷум дар рафъи Хингани Калон нақши калон бозид, ки имкон дод, ки ба мавқеъҳои Ҷопон ҳуҷуми барқвор зада шавад.
Аввалан артиши 53-юм дар хати дуюми ҷабҳа амал карда, баъд ба сӯи ҷабҳаи 1-уми Шарқи Дур пеш рафта, ба ҷамъ омадани қисмҳои ҷудогонаи гурӯҳи Квантун монеъ шуд.
Баъди ба охир расидани амалиёти ҷанг артиш ба ҳайати округи ҳарбии Забайкалу Амур гузаронда шуд, ки дар он ҷо як қисми қӯшунҳо ҷавоб дода шуданд ва як қисми он ба округи ҳарбии Сибири Шарқӣ ворид шуд ва баъд аз он дар моҳи декабри соли 1945 ниҳоят барҳам дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0