Аз Тоҷикистон то Берлин тавассути Донбасс: "Генерали тоҷик" Чудесов кӣ буд?

© Sputnik / Леонид БатьБойцы 3-й Гвардейской кавалерийской дивизии идут в атаку
Бойцы 3-й Гвардейской кавалерийской дивизии идут в атаку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Обуна шудан
Саргузашти фармондеҳе, ки дар се ҷанги хунин ширкат карда, даштҳои Донбасс ва кӯҳсорони Варзобро аз роҳзанҳо озод намуда, ҳаёти худро абадӣ бо ҶШС Тоҷикистон пайваста буд
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сарбози 45-солаи сахтгир бо нигоҳи ҷиддӣ шамоли апрелиро, ки аз тарафи дарёи Элба мевазид, оҳиста-оҳиста нафас мекашид. Ҳавое, ки шушҳояшро пур мекард, форам буд, аммо аз накҳати сарду рӯҳбахши Варзоби ба дил наздик, ки ҳоло дур буд, фарқ мекард!
Дар ин фасли сол писарбачагон дар кӯҳҳо чукрии сершира ҷамъ мекунанд, дар ноҳияҳои назди Сталинобод бошад, майдонҳои шудгоркардаи деҳқонон аллакай бо курпаи ғафси сабза пӯшида мешуданд.
Шояд чунин фикрҳо дар майнаи ҷонишини командири корпуси 3-юми савораи гвардия генерал-лейтенант Александр Чудесов омада буданд. Аммо барои чунин фикрҳо вақт набуд; тамоми диққати генералро амалиёти ҳарбӣ ба худ ҷалб карда буд. Ҳамагӣ чанд соат пеш аскаронаш дар тан ҷомаҳои рангпарида ба соҳили Элба расида, бо қӯшунҳои артиши 1-уми ИМА вохӯрда, боқимондаҳои қӯшуни Олмони фашистиро ба ду қисм ҷудо сохтанду яке аз лаҳзаҳои ҷолиби ҷанги дуюми ҷаҳонро анҷом доданд.
CC0 / William E. Poulson / ElbeDay1945 (NARA ww2-121)Лейтенант У. Робертсон и лейтенант А. С. Сильвашко на фоне надписи "Восток встречается с Западом", символизирующей историческую встречу союзников на Эльбе
Лейтенант У. Робертсон и лейтенант А. С. Сильвашко на фоне надписи Восток встречается с Западом, символизирующей историческую встречу союзников на Эльбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Лейтенант У. Робертсон и лейтенант А. С. Сильвашко на фоне надписи "Восток встречается с Западом", символизирующей историческую встречу союзников на Эльбе
Роҳи ҷангии Чудесов дар солномаи ҷангиаш бо озод кардани Донбасс аз фашистон ва муҳорибаҳо дар Аврупои Ғарбӣ нишон дода шудааст, вале қисми зиёди фаъолияти низомии генерал ва тамоми ҳаёти ӯ ба Тоҷикистон бахшида шуда буд, ки он ҷо шахси оташи ҷангҳои шаҳрвандӣ ва Ҷанги Бузурги Ватаниро азcapгузаронда, макони охират пайдо кард.
Sputnik Тоҷикистон ба ёд меорад, ки генерал Чудесов боз чӣ корҳо анҷом додааст ва ӯ бо таърихи ҷумҳурӣ чӣ гуна робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз гаҳвораи инқилоб ба мубориза зидди босмачиён

Генерали оянда соли 1900 дар пойтахти империяи Русия — шаҳри Петербург таваллуд ёфтааст. Дар айёми ҷавониаш шоҳиди Ҷанги Якуми Ҷаҳон буд ва пас аз хатми мактаб худро дар маркази инқилоб дарёфт ва коменданти муҳофизони мусаллаҳи яке аз ноҳияҳои Петроград гардид, ки аз соли 1917 то соли 1918 онро шӯриш фаро гирифта буд.
Моҳи маи соли 1918 низомии ҷавон ба сафи Артиши Сурхи коргару деҳқон дохил шуда, баъдан ҳамчун аскари савора дар муҳорибаҳои ҷабҳаи Шимолу Ғарбӣ иштирок дошт. Моҳи марти соли 1919 ба ҷануби Русия рафт ва дар он ҷо аввал бо отрядҳои гвардиячиёни сафед таҳти фармондеҳии генерал Врангел дар Донбасс, дар наздикии Ростови лаби Дону дар Қрим, баъд дар Украина бо дастаҳои мусаллаҳи Нестор Махно меҷангид.
Таҷрибаи ҷангии аскари савора, ки дар даштҳои беканор ба таъқиб ва ҳуҷум кардан ба душман одат карда буд, баъдан барои Чудесов, вақте ки ӯро аввал ба Қафқози Шимолӣ барои мубориза ба муқобили роҳзанон ва баъдан дар ҳайати дивизияи 11-уми савора ба Туркистон барои мубориза бурдан ба муқобили босмачиён фиристоданд, хеле муфид буд.
© Foto / Фото из семейного архива Александра Чудесова, предоставлено Гафуром ШерматовымАлександр Чудесов в Восточной Бухаре, 1922 год
Александр Чудесов в Восточной Бухаре, 1922 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Александр Чудесов в Восточной Бухаре, 1922 год
Сарфи назар аз он, ки дар як қатор кишварҳои Осиёи Миёна баъзан босмачиёнро ҳамчун муборизи роҳи истиқлолият ё дин муаррифӣ карданӣ мешаванд, дар асл онҳо дастаҳои оддии роҳзанон буданд, бе барномаи сиёсӣ, ғоя, шиор ва стратегияи равшан. Ва онҳо ба террори аҳолии осоишта, одамкушӣ ва ғоратгарӣ такя карда, ҳамчун роҳзанон амал мекарданд.
Ва гарчанде ки дар набардҳои ошкоро бо артиш муқовимати ҷиддие нишон дода натавонистанд, аммо бо куштори амалдорону табибон, муҳандисон ва омӯзгорон барои ҳукумати ҷавони шӯравӣ мушкилоти доимӣ эҷод мекарданд.
Тоҷикистон ҳам истисно набуд, босмачиён дар навоҳии кӯҳсор пинҳон шуда, дар фурсати муносиб ба деҳоти бедифоъ ҳуҷум мекарданд, мардумонро мекуштанду ғорат мекарданд. Ҳамин тавр, дар Мадрушкат, маркази ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ҳангоми ҳуҷум босмачиҳо хамаи мутахассисони истгоҳи обуҳавосанҷии маҳаллӣ ва чанд нафар деҳқононе, ки ба ҳамкорӣ ва тарафдории ҳукумати шӯравӣ гумонбар мешуданд, кушта буданд.

Аз ҷанг ба ҳаёти осоишта ва баръакс

Бо мақсади муборизаи самарабахш бар зидди босмачиён ва ҳифзи мардуми осоишта қарор дода шуд, ки ноҳияҳои Тоҷикистон ба минтақаҳои низомӣ ҷудо карда шаванд. Яке аз ин минтақаҳо деҳаи калони Варзобқалъа гардид ва сарвари он Александр Чудесови ҷавон, вале ботаҷриба таъин гардид.
Азбаски вазифаи командир на танҳо муборизаи мусаллаҳона ба муқобили босмачиён, балки роҳбарии маъмурӣ ва инчунин ёрӣ ба барқарор намудани хоҷагиҳоро дар бар мегирифт, Чудесов барои алоқаи беҳтар бо аҳолӣ забони тоҷикиро зуд азхуд кард ва ин боиси эътирофи аҳолии маҳаллӣ гардид. Аммо донистани забон ва эҳтироми расму русум чизи асосие набуд, ки ӯро бо он қадр мекарданд.
© Foto / Республиканский объединённый историко-краеведческий и изобразительных искусств музей им. БехзадаЕ. Г. Бурцев. "Поимка Ибрагимбека", 1937
Е. Г. Бурцев. Поимка Ибрагимбека, 1937 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Е. Г. Бурцев. "Поимка Ибрагимбека", 1937
Командир, ки аз овони ҷавонӣ ба ҷанг одат карда буд, дар зарфи чанд сол дар минтақаи ба ӯ боваркарда ҳаёти осоиштаро барқарор кард. Баъди чанд задухӯрд бо босмачиён, онҳо аз Варзобқалъа дур монданро афзалтар мешумурданд, бо кӯмаки Чудесов дар ин ҷо мактаб, нуқтаи тиббӣ, клубу китобхонае сохта шуданд. Соли 1926 вай мӯъҷизаи ҳақиқатан ғайриоддии техникӣ – кинопроекторро ба ин ҷо овард ва дар деҳот намоиши синаморо ташкил кард.
Соли 1926 Александр Чудесов, ки то ин вақт барои муборизаи зидди босмачиён ордени "Ситораи тилло" дараҷаи 1 ва нишони сарисинагӣ гирифта буд, ба омӯзишгоҳи ҳарбии Осиёи Миёна ба номи Ленин фиристода шуд. Барои видоъ бо ӯ қариб тамоми аҳолии Варзобқалъа баромад ва командир ба дӯстони тоҷикаш гуфт, ки ҳатман ба Тоҷикистон ва Варзоб бармегардад.
Аммо тавре маълум шуд, сарнавишти сарбоз аз оғӯши қавии фарҳанги форсӣ раҳоӣ наёфт, зеро пас аз хатми мактаби ҳарбӣ дар Тошканд, хидмат дар Қафқози Шимолӣ ва хатми курсҳои махсуси фармондеҳони аршади Артиши Сурх ӯ ба ҳавзаи низомии Паси Қафқоз, ба марзи Эрон равон гардид. Дар ин ҷо, вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ cap шуд, ӯ аллакай дар рутбаи подполковник буд.

Роҳи Ғалаба аз ҷануб ба шимол

Моҳи августи соли 1941 полки ӯ дар амалиёти "Созиш" дар Эрон дар муқовимат бо ҷонибдорони Олмони фашистӣ дар ин кишвар ва бунёди "Долони Форс", ки яке аз роҳҳои таъмини артиши ИҶШС дар доираи барномаи "Ленд-лиз" шуд, иштирок кард.
Аммо Чудесов дар зери офтоби тафсони Форс муддати дароз намонд, баъди як-ду моҳ подполковник фармондеҳии дивизияи 24-уми савораро, ки шитобкорона ба Маскав, ба наздикии шаҳри Клин гузаронда шуд, ба зимма гирифт. Воқеан, бо як тасодуфи аҷиб отряди Чудесов бо ҷанговарони Тоҷикистон, аскарону афсарони дивизияи 20-уми савораи кӯҳии тоҷик, ки аз ҳисоби сокинони ҶШС Тоҷикистон ташкил шуда буд, паҳлӯ ба паҳлӯ истод.
© Foto / ФГАОУ ВО "Северо-Кавказский федеральный университет"Таджикистан в годы Великой Отечественной Войны. Защита Москвы
Таджикистан в годы Великой Отечественной Войны. Защита Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Таджикистан в годы Великой Отечественной Войны. Защита Москвы
Аввали моҳи декабри соли 1941, Клин дар маркази муҳорибаи Маскав қарор гирифт ва шояд дар он вақт гармтарин нуқтаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ буд, ба истиснои Уқёнуси Ором, ки дар он ҷо ҳавопаймоҳои Ҷопон ба Перл-Харбор ҳамла карда, Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷанг кашиданд.
Ин муқоиса муболиға нест, зеро Клинро артиши 3-уми танкии Вермахт ишғол карда буд, қисмҳои пешсафаш ба соҳили шарқии канали Маскав расиданд ва то Кремл ҳамагӣ 30 километр роҳ монда буд.
Бисёре аз сарбозон ва фармондеҳони немис аллакай фикр мекарданд, ки як зарбаи дигар ва ҳуҷуми барқвор дар фронти Шарқӣ ба охир мерасад, амалиёти "Барбаросса" бо суқути Маскав ба охир мерасад ва баъдан боқимондаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба зудӣ зери ҳамлаи нерӯҳои Олмони фашистӣ таслим мегардад. Дар ин лаҳзаи ҳалкунанда нерӯҳои захиравии Артиши Сурх, аз ҷумла аскарони савораи тоҷик ва отряди Чудесов ба ҷанг ворид шуданд.
Торжественная церемония, посвященная Сталинградской битве, в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2025
Русия дар лоиҳае бахшида ба 80-солагии Ғалаба аз қаҳрамонии тоҷикон ёдовар шуд
Ҷангҳои хунин барои ҳар як метр замин шабу рӯз давом мекарданд. Немисҳо муқобилати шадид нишон медоданд, барои аскарони шӯравӣ аксар вақт снаряду тир намерасид, вале онҳо рӯз то рӯз ба Клин наздиктар меомаданд. Генералҳои немис хостанд ақибнишинӣ кунанд, вале Гитлер ба онҳо фармон дод, ки то марг истода, мавқеъҳои худро таслим накунанд. Ниҳоят, 13 декабр вазъияти немисҳо дар наздикии Клин тамоман фалокатовар гардид ва қӯшунҳои вермахт бо роҳи ягона, ки дар иҳотаи ҷангал ва барф буд, ақибнишинӣ карданд. Партизанҳо, аскарони савора ва ҳавопаймоҳҳои шӯравӣ ба истилогарон пайваста зарба мезаданд.
Охири моҳи ноябр ҳуҷуми ҷавобии қӯшунҳои шӯравӣ дар назди Маскав оғоз ёфт. Ҷанговарони савораи тоҷик бо ҳамлаҳои босуръати худ ба қисмҳои дар ақибгоҳбуда зарба зада, қӯшунҳои немисро, ки саросемавор ақибнишинӣ мекарданд, бе лавозимот мемонданд. Аллакай 14 декабр Александр Чудесов дар бораи озод кардани Клин ба ситод хабар фиристод, ки он аввалин шаҳри калони шӯравӣ гардид, ки аз немисҳо пурра озод карда шуда, дигар ҳеч гоҳ ба дасти душман наафтид.
© Sputnik / Олег Кнорринг Оборона Москвы. Бойцы кавалерийского корпуса идут в атаку в районе подмосковного города Серпухов
 Оборона Москвы. Бойцы кавалерийского корпуса генерала Павла Белова идут в атаку в районе подмосковного города Серпухов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Оборона Москвы. Бойцы кавалерийского корпуса идут в атаку в районе подмосковного города Серпухов
Амалиёти ҳуҷумии Клин-Солнечногорск муҳимтарин марҳилаи мудофиаи пойтахти шӯравӣ гардид, ки дар натиҷа аввалин торумори артиши рейхи сеюм шуд, ки пештар дар Аврупо қариб мағлубнашаванда ҳисоб меёфт.
Баъдан Чудесов дар назди Ржев ва Вязма дар муҳорибаҳои шадиди хунин, дар муҳорибаи Сталинград ширкат дошта, баъдан ба "ҷойҳои шӯҳрати ҷангиаш" — яъне ба ҷануби Русия баргашт, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар он ҷо фаъолияти ҷангии худро оғоз намуд. Дивизияи вай аз даштҳои Ростов гузашта, душманро аз шаҳрҳои Шахти ва Новошахтинск пеш кард, ҳамроҳи дигар қисмҳо Ростови лаби Донро озод кард ва дар Қафқоз гурӯҳи калони вермахтро ба маънои том "баста", ба ҳамроҳ шудани он бо қӯшунҳои асосии немисҳо монеъ шуд.
Баъдан дивизия бо сардории "полковники тоҷик" аз дарёи Миус гузашта, истеҳкоми мудофиавии Олмони фашистиро рахна карда, ба озод кардани Донбасс шурӯъ намуд. Охири тобистони соли 1943 артиши Вермахт дар тамоми Донбасс ба ақибнишинӣ шурӯъ кард ва аскарони шӯравӣ дар давоми камтар аз ду ҳафта шаҳрҳои Горловка, Донетск ва Мариуполро аз душман озод карданд.
© Sputnik / Анатолий ГаранинДонбасская стратегическая наступательная операция войск Юго-Западного фронта. Красноармейцы под прикрытием танка "Матильда" идут в атаку в районе города Змиев.
Донбасская стратегическая наступательная операция войск Юго-Западного фронта. Красноармейцы под прикрытием танка Матильда идут в атаку в районе города Змиев. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Донбасская стратегическая наступательная операция войск Юго-Западного фронта. Красноармейцы под прикрытием танка "Матильда" идут в атаку в районе города Змиев.
Барои муваффақиятҳои барҷаста дар майдони ҷанг фармондеҳӣ ба Чудесов рутбаи генералӣ дод. То ин вақт, ӯ аллакай муовини фармондеҳи корпуси савораи 3-юми гвардия буд, ки онро аз ҷануб ба тарафи муқобили амалиёти низомӣ, ба шимолу ғарбии ҷабҳаҳои 1 ва 2-юми назди Балтика интиқол доданд.
Дар омади гап, дар ҳамин ҷо ҷанговари дигари тоҷикистонӣ, — иштирокчии муҳорибаҳои назди Ленинград, Белоруссия ва Назди Балтика Олег Соболев қаҳрамонӣ нишон дод. Баъд аз ҷанг ӯ солҳои тӯлонӣ яке аз хабарнигорони пуртаҷрибаи Оҷонсии телеграфи Тоҷикистон (аз соли 2012 инҷониб “Ховар”) буд
© Foto / © Пресс-служба ЦВОВетеран Великой Отечественной войны (ВОВ) Олег Дмитриевич Соболев из Таджикистана
Ветеран Великой Отечественной войны (ВОВ) Олег Дмитриевич Соболев из Таджикистана в 97-летнем возрасте написал книгу  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Ветеран Великой Отечественной войны (ВОВ) Олег Дмитриевич Соболев из Таджикистана
Тирамоҳ корпуси Чудесов ба сарҳади Олмон расида, ҳамагӣ дар зарфи 4 моҳ муқобилияти қатъии қӯшунҳои фашистиро бартараф карда, қисми зиёди Пруссияи Шарқиро забт намуд. Ҳуҷумро вусъат дода, қӯшунҳо аз дарёи Одер гузашта, баъд ба Элба расиданд ва дар он ҷо бо қӯшунҳои иттифоқчии амрикоӣ вохӯрданд.
Дар ин ҷо, дар соҳили дарёе, ки васеътар аз Зарафшон нест, генерал Чудесов амалиёти ҷангии худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба охир расонд. То таслим шудани рейхи сеюм камтар аз 2 ҳафта вақт монда буд.

Марги генерал Чудесов

Баъди ба охир расидани ҷанг, Чудесов ба ваъдаи хеш - ҳатман ба Тоҷикистон баргаштан вафо кард.
Вай ҳамчун афсари оддӣ рафта буд, вале ҳамчун генерали унвондор баргашт. Барои роҳбарии моҳиронаи қӯшунҳо Чудесов дорандаи се ордени ҷангӣ — Суворов, Кутузов, Богдан Хмелнитский гардид ва инчунин соҳиби чор ордени Байрақи Сурх, Ситораи Сурх ва ордени Ленин шуд. Дар байни дастовардҳои ӯ инчунин мукофотҳои олии хориҷӣ - Легиони фахрии Амрико ва "Шуҷоати ҳарбӣ"-и Лаҳистон барои хизматҳои барҷастаи низомӣ буданд.
© Foto / Wikipedia commons / Чудесов, Александр ФёдоровичАлександр Фёдорович Чудесов
Александр Фёдорович Чудесов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Александр Фёдорович Чудесов
Сафарҳои хидматии зиёд, фармондеҳии як корпуси томи артиши округи ҳарбии Туркистон ва вазифаи машваратчии ҳарбӣ дар Артиши Халқии озодихоҳии Хитой ба генерал имконият намедод, ки дар Тоҷикистон доимӣ истиқомат кунад. Вале ӯ кӯшиш мекард, ки дар ҳаёти ҷамъиятию маъмурии ҷумҳурӣ ҳарчи фаъолонатар иштирок намояд ва ҳатто соли 1951 ба вакилии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид.
Чунон ки муаррих ва кишваршинос Ғафур Шерматов ба хотир меорад, моҳи августи соли 1956 Александр Чудесов ба Душанбе парвоз карда, фавран аз фурудгоҳ назди дӯстони ҷанговари худ — аъзоёни отряди ихтиёриён ба сӯи Варзоб равон шуд. Вохурӣ хеле ҳаячонбахш гузашт ва дили генерал-лейтенант тоб наоварда, ӯ ногаҳон вафот кард.
Видоъ бо Чудесов дар бинои Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба гуфтаи Шерматов, ҷасади генерал аз тамоми кӯчаҳои шаҳр рӯи лафети тӯп ба қабристони шаҳри Душанбе интиқол ёфт ва дар онҷо зери садои салют (ягона чунин ҳодиса дар таърихи шаҳр) фармондеҳи маъруф ба хок супурда шуд.
Переправа советских войск через Днепр. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2025
Қаҳрамони СССР аз Тоҷикистон: Давлатов Боқир дар Днепр чӣ корнамоӣ кард?
Охири солҳои 1950 назди мактаби деҳаи Варзобқалъа Осорхонаи шӯҳрати ҳарбӣ ба хотираи Чудесов таъсис дода шуд, ки дар он аксҳо, номаҳои ҷангӣ ва ашёҳои шахсии ӯ, ки ҳамсараш ба осорхона ҳадя карда буд, нигоҳ дошта мешуд.
Аммо бо гузашти беш аз 70 сол ҳам номи генерал фаромӯш нашудааст, - ҳамасола аъзоёни созмонҳои собиқадорони тоҷик, хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ходимони ҷамъиятӣ ва фаъолони шаҳр ба хотири гиромидошти хотираи афсари рус, ки ҳаёти худро бо Тоҷикистон пайванд дода буд ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониҳо нишон дода буд, дар сари қабри Александр Чудесов дар Хиёбони Шӯҳрат ҷамъ меоянд…..
Лентаи хабарҳо
0