Ба қимати ҷон: чӣ гуна тоҷикон Сталинградро дифоъ карданд - видео

Обуна шудан
Эксклюзив
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сокинони ҷумҳурӣ бо ҳамроҳии тамоми халқҳои Иттифоқи Шӯравӣ ғалаба ба даст оварданд
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷикистон базаи пуриқтидори ақибгоҳ буд: ба Тоҷикистон заводу фабрикаҳо, театрҳо, кӯчонда шуда буданд.
Аз ҶШС Тоҷикистон қариб 300 ҳазор кас ба фронт даъват шуда буд, ки қариб 100 ҳазор нафари онҳо ба ватан барнагаштаанд.
Боз 45 ҳазор нафар сокинон ба заводҳо ва дигар минтақаҳои Иттифоқи Советӣ фиристода шуданд. Соли 1942, дар айни авҷи амалиёти ҷангӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ дивизияи 61-уми савора ташкил карда шуд. Маҳз вай ба деҳаҳои ишғолкарда аз сӯи фашистон озодй меоварад.
Аҳмад Турдиеви тоҷик ҳамроҳи аскарони шӯравӣ 58 рӯз хонаи Павловро дифоъ кард. Вай дар таърихи шаҳр абадӣ сабт шудааст ва духтаре, ки дар таҳхонаи ҳамин бино ба дунё омадааст, хотираи начотдихандагонашро эҳтиёткорона нигоҳ медорад.
Ман аз бобои худ ифтихор мекунам! Ҷавонони Тоҷикистону ИДМ аз қаҳрамонони ҷанг ёд мекунанд
Маҳз вай қаҳрамони шеъри "Садои Сталинград"-и Мӯъмин Қаноат гардид.
Ба мактаби рақами 30-и ноҳияи Ашт номи боз як иштирокчии абадзиндаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ — Тӯйчӣ Эрйигитов дода шуд.
Соли 1943, вақте ки ӯ 22-сола буд, дар яке аз муҳорибаҳои шадиди фронти Волхов Эрйигитов корнамоии Александр Матросовро такрор кард.
Бо фармони Сарфармондеҳи Олӣ ба ӯ баъд аз марг унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз маконҳои шӯҳрати ҷангии қаҳрамонони тоҷик дидан кард. Барои тафсилоти бештар дар бораи корнамоиҳои сарбозони тоҷик, видеои моро тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0