https://sputnik.tj/20250815/avrupo-kiev-muloqot-putin-tramp-alyaska-1070034081.html
Аврупо ва Киев аз мулоқоти Путин ва Трамп метарсанд: Расонаҳо
Аврупо ва Киев аз мулоқоти Путин ва Трамп метарсанд: Расонаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Аврупо ва Киев метарсанд, ки Путин Трампро ба тарафи худ ҷалб мекунад
2025-08-15T15:52+0500
2025-08-15T15:52+0500
2025-08-15T15:52+0500
музокироти путин ва трамп дар аляска
музокироти путин ва трамп дар аляска
мулоқот
доналд трамп
владимир путин
иттиҳоди аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/53/1029275367_0:343:2703:1863_1920x0_80_0_0_83345bd4c720a2005cab11b5f0668ac9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар остонаи мулоқоти раҳбарони Русияву ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, Аврупо ва Киев метарсанд, ки раисиҷумҳури Русия бар раҳбари Амрико пирӯз шавад, омадааст дар матлаб дар рӯзномаи Pais. Ба гуфтаи муаллифи матлаб, Урупо аз он ҳарос дорад, ки Маскав ва Вашингтон буҳрони Украинаро бидуни онҳо ҳал хоҳанд кард ва ташдид миёни элитаи ғарбӣ ба муваффақияти нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар майдони набард мусоидат мекунад, менависад РИА Новости.Дар мақола ҳамчунин зикр шудааст, ки Аляска барои мулоқоти Путин ва Трамп бо як сабаб интихоб шудааст, зеро он на танҳо қаламрави собиқи Русия, балки дуртарин иёлати ИМА аз Аврупо ба истиснои Ҳавайӣ мебошад. Кремл ва Кохи Сафед қаблан эълом карда буданд, ки Владимир Путин ва Доналд Трамп, руасои Русия ва Амрико рӯзи 15 август дар Аляска мулоқот мекунанд.Чуноне ки Юрий Ушаков ёвари раисиҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, мулоқоти раҳбарон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон оғоз мешавад. Ба гуфтаи вай, Путин ва Трамп нахуст мулоқоти як ба як ва сипас бо ширкати ҳайатҳо баргузор хоҳанд кард. Ба ҳайати Русия Сергей Лавров низ шомил аст. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки пешгӯӣ кардани натиҷаҳои нишасти Русияву ИМА дар Аляска кори хато хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20250814/mavzu-asosi-muloqot-putin-tramp-1069982352.html
https://sputnik.tj/20250725/muloqot-rusiya-ukraina-nihoi-1069412318.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102927/53/1029275367_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_043ded256dc204828d5cd8bbd1bcc484.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо, киев, мулоқот, путин, трамп
аврупо, киев, мулоқот, путин, трамп
Аврупо ва Киев аз мулоқоти Путин ва Трамп метарсанд: Расонаҳо
Аврупо ва Киев метарсанд, ки Путин Трампро ба тарафи худ ҷалб мекунад
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар остонаи мулоқоти раҳбарони Русияву ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, Аврупо ва Киев метарсанд, ки раисиҷумҳури Русия бар раҳбари Амрико пирӯз шавад, омадааст дар матлаб дар рӯзномаи Pais.
"Ҳукуматҳои аврупоӣ ва Киев, ки дар ин нишаст намояндагӣ намекунанд, нафасашонро гирифтаанд. Онҳо метарсанд, ки бар хилофи ваъдаҳои Вашингтон, раисиҷумҳури Русия бар давлати Амрико пирӯз мешавад".
Ба гуфтаи муаллифи матлаб, Урупо аз он ҳарос дорад, ки Маскав ва Вашингтон буҳрони Украинаро бидуни онҳо ҳал хоҳанд кард ва ташдид миёни элитаи ғарбӣ ба муваффақияти нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар майдони набард мусоидат мекунад, менависад РИА Новости.
Дар мақола ҳамчунин зикр шудааст, ки Аляска барои мулоқоти Путин ва Трамп бо як сабаб интихоб шудааст, зеро он на танҳо қаламрави собиқи Русия, балки дуртарин иёлати ИМА аз Аврупо ба истиснои Ҳавайӣ мебошад.
Кремл ва Кохи Сафед қаблан эълом карда буданд, ки Владимир Путин ва Доналд Трамп, руасои Русия ва Амрико рӯзи 15 август дар Аляска мулоқот мекунанд.
Чуноне ки Юрий Ушаков ёвари раисиҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, мулоқоти раҳбарон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон оғоз мешавад.
Ба гуфтаи вай, Путин ва Трамп нахуст мулоқоти як ба як ва сипас бо ширкати ҳайатҳо баргузор хоҳанд кард. Ба ҳайати Русия Сергей Лавров низ шомил аст.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки пешгӯӣ кардани натиҷаҳои нишасти Русияву ИМА дар Аляска кори хато хоҳад буд.