https://sputnik.tj/20250813/tojikiston-hamvatanon-qonunho-rusiya-1069948408.html
Сафир аз ҳамватанон хост, қонунҳои Русияро риоя кунанд ва дар ободонии Ватан саҳм гиранд
Сафир аз ҳамватанон хост, қонунҳои Русияро риоя кунанд ва дар ободонии Ватан саҳм гиранд
Sputnik Тоҷикистон
Ба ҷамъияти тоҷикон тавсия шудааст, ки дар маъракаҳои ҷамъиятие, ки дар шаҳру вилоятҳои Русия баргузор мешаванд, фаъолона ҳамкорӣ намоянд
2025-08-13T16:33+0500
2025-08-13T16:33+0500
2025-08-13T19:06+0500
муҳоҷират
давлатшоҳ гулмаҳмадзода
хабаровск
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0d/1069954834_0:390:1014:960_1920x0_80_0_0_086d0f6efa99b4cf14ba33fae34259e6.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар Хабаровск бо ҳамватанон мулоқот карда, бо шароити зисту фаъолияти онҳо ошно шудааст.Дар ин бора, намояндагии дипломатӣ дар Русия хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот, сафир аз аҳамияти риояи қонунҳои кишвари мизбон ва баррасии саривақтии аснод ёдовар шудааст. Ӯ ҳамчунин аз раҳбарияти созмонҳои ҷамъиятӣ даъват кардааст, ки ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро сазовор истиқбол гиранд.Мақсади дигари вохӯрӣ, иҷрои дастуру супоришҳои президент оид ба шиносонидани ҳамватанон бо дастовардҳо ва барномаҳои рушди мамлакат будааст. Аз муҳоҷирон даъват шудааст, ки дар ободонии Ватан ва истиқболи 35-солагии истиқлол фаъолона иштирок намоянд. Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ байни созмонҳо, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон муҳокима шудааст.Аз ҳамватанон талаб шудааст, ки қонунгузории кишвари иқоматро риоя кунанд ва сари вақт ҳуҷҷатҳои будубошро ба расмият дароранд.Гулмаҳмадзода: Тоҷикистон ҳамеша шарики стратегии Русия буд ва хоҳад мондЗимни суҳбат бо ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун, аз ҷумла оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат, раванди қонунигардонии буду бош ва дигар масоили марбут ба хизматрасониҳои консулӣ пешниҳод карда шуданд.
https://sputnik.tj/20250811/rusiya-muhojiron-boj-nav-jori-1069883550.html
хабаровск
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/0d/1069954834_92:300:972:960_1920x0_80_0_0_b40f61361df93566f0a4a8e8cafe897d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафири тоҷикистон, русия, риоя
сафири тоҷикистон, русия, риоя
Сафир аз ҳамватанон хост, қонунҳои Русияро риоя кунанд ва дар ободонии Ватан саҳм гиранд
16:33 13.08.2025 (Навсозишуда: 19:06 13.08.2025) Ба ҷамъияти тоҷикон тавсия шудааст, ки дар маъракаҳои ҷамъиятие, ки дар шаҳру вилоятҳои Русия баргузор мешаванд, фаъолона ширкат намоянд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар Хабаровск бо ҳамватанон мулоқот карда, бо шароити зисту фаъолияти онҳо ошно шудааст.
Дар ин бора, намояндагии дипломатӣ дар Русия хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот, сафир аз аҳамияти риояи қонунҳои кишвари мизбон ва баррасии саривақтии аснод ёдовар шудааст.
Ӯ ҳамчунин аз раҳбарияти созмонҳои ҷамъиятӣ даъват кардааст, ки ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро сазовор истиқбол гиранд.
Мақсади дигари вохӯрӣ, иҷрои дастуру супоришҳои президент оид ба шиносонидани ҳамватанон бо дастовардҳо ва барномаҳои рушди мамлакат будааст. Аз муҳоҷирон даъват шудааст, ки дар ободонии Ватан ва истиқболи 35-солагии истиқлол фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ байни созмонҳо, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон муҳокима шудааст.
Аз ҳамватанон талаб шудааст, ки қонунгузории кишвари иқоматро риоя кунанд ва сари вақт ҳуҷҷатҳои будубошро ба расмият дароранд.
Зимни суҳбат бо ҳамватанон саволу дархостҳои гуногун, аз ҷумла оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат, раванди қонунигардонии буду бош ва дигар масоили марбут ба хизматрасониҳои консулӣ пешниҳод карда шуданд.