Гулмаҳмадзода: Тоҷикистон ҳамеша шарики стратегии Русия буд ва хоҳад монд

© Foto / Совет Федерации РФПосол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода
Посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2025
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия ёди қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватаниро дар размёди майдони Славаи шаҳри Хабаровск гиромӣ дошт
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар шаҳри Хабаровск дар назди оташи абадӣ гулчанбар гузошт.
Сафир баъд аз маросими гулчамбаргузорӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ёд ва эҳтиром ба онҳое, ки барои сулҳ мубориза бурданд ва фашизмро бар ивази талафоти калон торумор кардаанд, хеле муҳим аст.
Сафир таъкид кард, ки Ғалаба натиҷаи муборизаи муштараки халқҳои сермиллати Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Вай қайд кард, ки аҳолии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1941 ҳамагӣ 1,5 миллион нафарро ташкил медод, ки аз он 300 хазор нафар ба ҷанг рафтанд. Ҳар сеюм аз майдони ҷанг ба хона барнагашт.
"Мардуми мо, мисли мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамеша ба ин хеле ҷиддӣ муносибат мекунем. Ин таърих аст, чунон ки мегӯянд, дар баробари дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, муҳофизони мо ҳам кам набуданд. Ин Ғалабаи муштараки мост ва ман ифтихор мекунам, ки тавонистем дар якҷоягӣ ин мушкилотро ҳал кунем. Тоҷикистон ҳамеша шарики стратегии Русия буд ва боқӣ хоҳад монд", гуфт сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.
Флаги России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2025
Русия дар миёни шарикони Тоҷикистон дар ҷои аввал аст
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин дар шаҳри Хабаровск бо ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин минтақаи кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, дидору мулоқот намуд.
Ба иттилои мақомот дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 15 куҳансарбоз дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанд.
Аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, қариби сад ҳазори онҳо барнагаштанд.
Лентаи хабарҳо
0