https://sputnik.tj/20250811/rusiya-muhojiron-boj-nav-jori-1069883550.html
Аз патент то сабти ном: Дар Русия бораи муҳоҷирон боҷҳои нав ҷорӣ мешаванд
Аз патент то сабти ном: Дар Русия бораи муҳоҷирон боҷҳои нав ҷорӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Аз 1 сентябри соли 2025 боҷи марбут ба сабти ном ва сабти муҳоҷират тағйир хоҳад ёфт
2025-08-11T09:22+0500
2025-08-11T09:22+0500
2025-08-11T09:22+0500
муҳоҷират
русия
боҷи давлатӣ
сабти ном
шаҳрвандони хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064214114_0:184:2988:1865_1920x0_80_0_0_2ae156cc2f52e8ba2ff9abca8eb6fe83.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Боҷи давлатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ барои сабти ном, сабти муҳоҷират ва иҷозатномаи кор дар Русия аз 1 сентябри соли 2025 тағйир меёбад. Дар ин бора, узви Комиссияи Палатаи ҷамъиятии Русия оид ба экспертизаи ҷамъиятии лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Евгений Машаров ба РИА Новости гуфт."Аз 1 сентябр боҷҳои нави давлатӣ ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла: барои бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба истиснои иштирокчиёни озмоиши ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ - 500 рубл. Дар айни замон ин хидмат дар Русия ройгон аст", - гуфт Машаров. Ӯ афзуд, ки акнун барои тамдиди муҳлати иҷозаи кор ва патент 4200 рубл ситонида мешавад, барои додани иҷозатномаҳои такрорӣ барои ҷалби коргарони хориҷӣ бошад, 2100 рубл муқаррар шудааст. Барои ба қайд гирифтани шаҳрванди хориҷӣ 1000 рубл муқаррар шудааст, то кунун ин боҷ - 420 рубл буд."Аввалан, ин даромади иловагии андоз ба буҷа аст ва ин иқдомҳо ба воридшавӣ ва шумораи муҳоҷирони корӣ таъсир намерасонанд, баръакс, ба коҳиши ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат мекунанд. Он нафароне, ки барои кор ба кишвари мо меоянд, тибқи қонунгузории Русия фаъолият мекунанд. Вале, онҳое, ки дар соя кор мекунанд, албатта ин дигаргуниҳоро ҳис хоҳанд кард", — афзуд Машаров. Ӯ тавзеҳ дод, ки ин боҷҳо дар паи ислоҳи Қонуни федералии № 271-ФЗ аз 31 июли соли 2025 қисми дуюми Кодекси андози Русия ҷорӣ мешаванд. Тағйирот ба моддаи 333.28 Кодекси андози Федератсияи Русия дахл дорад.
https://sputnik.tj/20250729/muhojiron-peterburg-ronandagi-taksi-man-1069571197.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064214114_129:0:2860:2048_1920x0_80_0_0_3e71265affd551fb413857a019724d7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷирон, боҷҳои нав
русия, муҳоҷирон, боҷҳои нав
Аз патент то сабти ном: Дар Русия бораи муҳоҷирон боҷҳои нав ҷорӣ мешаванд
Аз 1 сентябри соли 2025 боҷи марбут ба сабти ном ва сабти муҳоҷират тағйир хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Боҷи давлатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ барои сабти ном, сабти муҳоҷират ва иҷозатномаи кор дар Русия аз 1 сентябри соли 2025 тағйир меёбад.
Дар ин бора, узви Комиссияи Палатаи ҷамъиятии Русия оид ба экспертизаи ҷамъиятии лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Евгений Машаров ба
РИА Новости гуфт.
"Аз 1 сентябр боҷҳои нави давлатӣ ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла: барои бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба истиснои иштирокчиёни озмоиши ҷорӣ намудани механизмҳои иловагии бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ - 500 рубл. Дар айни замон ин хидмат дар Русия ройгон аст", - гуфт Машаров.
Ӯ афзуд, ки акнун барои тамдиди муҳлати иҷозаи кор ва патент 4200 рубл ситонида мешавад, барои додани иҷозатномаҳои такрорӣ барои ҷалби коргарони хориҷӣ бошад, 2100 рубл муқаррар шудааст. Барои ба қайд гирифтани шаҳрванди хориҷӣ 1000 рубл муқаррар шудааст, то кунун ин боҷ - 420 рубл буд.
"Аввалан, ин даромади иловагии андоз ба буҷа аст ва ин иқдомҳо ба воридшавӣ ва шумораи муҳоҷирони корӣ таъсир намерасонанд, баръакс, ба коҳиши ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат мекунанд. Он нафароне, ки барои кор ба кишвари мо меоянд, тибқи қонунгузории Русия фаъолият мекунанд. Вале, онҳое, ки дар соя кор мекунанд, албатта ин дигаргуниҳоро ҳис хоҳанд кард", — афзуд Машаров.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин боҷҳо дар паи ислоҳи Қонуни федералии № 271-ФЗ аз 31 июли соли 2025 қисми дуюми Кодекси андози Русия ҷорӣ мешаванд. Тағйирот ба моддаи 333.28 Кодекси андози Федератсияи Русия дахл дорад.