Размоиши муштараки низомии Тоҷикистону Покистон барои муқобила бо “терроризм” - видео

Обуна шудан
Артиши Тоҷикистон аз баргузарии размоиши 6 рӯзаи муштараки зиди тероризм бо неруҳои вижаи Покистон дар Машқгоҳи таълимии "Фахробод" хабар дод
Вазорати дифои Тоҷикистон навореро аз ҷараёни баргузории машқҳои низомии Тоҷикистон ва Покистон таҳти унвони “Дӯстӣ-2025” расонаӣ кард.
Размоиши “Дӯстӣ -2025” ба муддати 6 рӯз дар пойгоҳи Фахрободи Тоҷикистон бо ҳузури неруҳои вижаи артиши Покистон ва неруҳои вижаи тоҷик баргузор шуд.
Бар асоси гузориши вазорати дифои Тоҷикистон, размоиши 6 рӯзаи ёдшуда бо ҳадафи тақвияти тамринот, равияҳо ва текникҳои марбут ба амалиёти мубориза бо тероризм аз тариқи омӯзиши муштарак анҷом шудааст.
"Ҳастанд ё на?" – шарҳи Додситонии кулл дар бораи сарони созмонҳои террористӣ
Артиши Покистони афзуд, ки аҳдофи омӯзишӣ ва дипломасии низомӣ дар размоиши муштарак бо Тоҷикистон бо муваффақият ҳосил шуд.
Дар ҷараёни сафари тирмоҳи соли гузашта Шаҳбоз Шариф нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон, тавофуқномаи мушорикати роҳбурдӣ миёни ду кишвар ба имзо расид.
Душанбе ва Исломобод аз сатҳи ҳамкориҳои болоӣ дар ҳавзаҳои низомӣ, дифоӣ ва амниятӣ бархурдор ҳастанд.
Гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Тоҷикистону Покистон: Ду вазир чиро баррасӣ карданд?
Авохири декабри соли гузашта раиси кули созмони иттилооти артиши Покистони тайи сафари расмӣ ба Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон дидор карда буд.
Лентаи хабарҳо
0