https://sputnik.tj/20250526/guftugui-telefonii-vuzaroi-khorija-tojikistonu-pokiston-vazir-1067472096.html
Гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Тоҷикистону Покистон: Ду вазир чиро баррасӣ карданд?
Гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Тоҷикистону Покистон: Ду вазир чиро баррасӣ карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои Покистониаш дар бораи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд
2025-05-26T14:16+0500
2025-05-26T14:16+0500
2025-05-26T14:16+0500
дар тоҷикистон
покистон
сиёсат
вазири хориҷа
суҳбати телефонӣ
сироҷиддин муҳриддин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063490547_64:306:1837:1303_1920x0_80_0_0_ed10b996c774cbb5450fe3e81fbf0448.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Cарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Исҳоқ Дор гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои ВУХ гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи ду кишвар бо ташаббуси ҷониби Покистон сурат гирифт.Ба иттилои манбаъ, тарафҳо зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.Ҳамчунин тарафҳо зимни суҳбат доир ба омодагӣ ба чорабиниҳои дар пешистодаи сатҳи олии байни ду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.Қайд карда шудааст, ки вазирон инчунин дар бораи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.Ёдовар мешавем, ки Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 29 май бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 25-уми май сафари кории шашрӯзаро ба кишварҳои Туркия, Озарбойҷон, Эрон ва Тоҷикистон оғоз кард.Дафтари матбуоти сарвазири Покистон эълон кардааст, ки ин сафар ба мақсади анҷом додани тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва баррасии масъалаҳои минтақавӣ сурат мегирад.Шаҳбоз Шариф сафари худро аз кишвари Туркия оғоз кард.Сипас сарвазири Покистон ба Озарбойҷон ва Эрон сафар хоҳад кард ва рӯзи 29-уми май вориди Тоҷикистон мешавад.Қарор аст, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ширкат ва сунханронӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20250526/shahboz-sharif-tojikiston-meoyad-1067470693.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063490547_4:0:1824:1365_1920x0_80_0_0_24cb271773770668fe065f64a905ce10.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, покистон, ҳамкорӣ, равобит, суҳбати телефонӣ, сиёсат, вазирони хориҷа, сироҷиддин муҳриддин
тоҷикистон, покистон, ҳамкорӣ, равобит, суҳбати телефонӣ, сиёсат, вазирони хориҷа, сироҷиддин муҳриддин
Гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи Тоҷикистону Покистон: Ду вазир чиро баррасӣ карданд?
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои Покистониаш дар бораи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Cарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Исҳоқ Дор гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ВУХ гуфтугӯи телефонии вузарои хориҷаи ду кишвар бо ташаббуси ҷониби Покистон сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин тарафҳо зимни суҳбат доир ба омодагӣ ба чорабиниҳои дар пешистодаи сатҳи олии байни ду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Қайд карда шудааст, ки вазирон инчунин дар бораи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 29 май бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 25-уми май сафари кории шашрӯзаро ба кишварҳои Туркия, Озарбойҷон, Эрон ва Тоҷикистон оғоз кард.
Дафтари матбуоти сарвазири Покистон эълон кардааст, ки ин сафар ба мақсади анҷом додани тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва баррасии масъалаҳои минтақавӣ сурат мегирад.
Шаҳбоз Шариф сафари худро аз кишвари Туркия оғоз кард.
Сипас сарвазири Покистон ба Озарбойҷон ва Эрон сафар хоҳад кард ва рӯзи 29-уми май вориди Тоҷикистон мешавад.
Қарор аст, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ширкат ва сунханронӣ мекунад.