"Ҳастанд ё на?" – шарҳи Додситонии кулл дар бораи сарони созмонҳои террористӣ

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонГенеральная прокуратура Таджикистана
Генеральная прокуратура Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Додситонии кулли Тоҷикистон ахбори мунташиршуда дар бораи ҳузури саркардагони созмонҳои террористиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ин афрод аъзои созмонҳои террористӣ ҳастанд, таҳти пайгарди қонун қарор доранд, аммо маълумоти дақиқ дар бораи маҳалли ҳузури онҳо вуҷуд надорад.
Дар ин бора, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм ва экстремизми Прокуратураи генералии Тоҷикистон Ҷумъаназар Саидаҳмадзода, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт.
Сухан аз Гулмурод Ҳалимов, яке аз фармонддеҳони ДОИШ ва “Маҳдӣ Арсалон”, аз раҳбарони “Ҷамоати Ансоруллоҳ”* аст, ки ба бовари коршиносон, аслан ҳузури физикӣ надоранд.
"Дасти кам то ба ҳол ба мақомоти зидахли Тоҷикистон ягон маълумот дар бораи зинда ё мурда будани ин афрод ворид нашудааст”, - гуфт Ҷумъаназар Саидаҳмадзода.
Қаблан расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз қавли Сара Адамс, як афсари Созмони истихбороти Амрико (СиАйЭй) ва дигар манобеъ дар Афғонистон, хабар дода буданд, ки Гулмурод Ҳалимов дар Тахор, вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳузур дорад.
Ҳамзамон расонаҳои Афғонистон аз ҳузури афроди “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, аз ҷумла фармондеҳи он Муҳаммад Шарифов, мулаққаб ба “Маҳдӣ Арсалон”, низ дар он кишвар борҳо гузориш пахш карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, афроди огоҳ ва коршиносони масоили минтақаӣ мегӯянд, он чӣ бармало аст, ин аст, ки ин ду саркардаи созмонҳои террористӣ дар асл ҳузури физикӣ надоранд, ҳам дар Афғонистон ва ҳам Ховари Миёна.
Министр внутренних дел Таджикистана Рамазон Рахимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2025
Дар Тоҷикистон аз ду "ҳамла"-и терористӣ ҷилавгирӣ шуд
Як афсари собиқи кашфи низомии Афғонистон, ки 20 сол дар истихбороти Ҷумҳурии исломии Афғонистон масъулияти мубориза бо гуруҳҳои террористиро дошт ва феълан хориҷ аз ин кишвар ҳузур дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ҳарду нафарро истихбороти Ғарб ва Покистон ба хотири барандохтани ҳангомаву сарусадо ва тарс додани кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода мекунанд.

"Дар асл Гулмурод Ҳалимов, бино ба маълумоте, ки мо аз истихбороти Амрико дарёфт карда будем, мумкин ҳанӯз сентябри соли 2017 дар пайи як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Русия ба пойгоҳҳои ДОИШ* дар муҳофазаи Дайруззӯри Сурия кушта шудааст”, - гуфт ӯ.

Вай афзуд, "Маҳдӣ Арсалон” низ бо эҳтимоли зиёд, сентябри соли 2023 ҳангоми бозгашт аз вилояти Кунари Афғонистон, пас аз мулоқот бо раҳбарони ДОИШ*, дар роҳ ба Кобул аз сӯи як гуруҳи номаълум, эҳтимолан, истихбороти Толибон** ба ҳалокат расидааст.
“Арсалон” зоҳиран аз ин ки Толибон** онҳоро иҷоза намедоданд дар қаламрави Тоҷикистон амалиёт кунанд, розӣ набуд ва хоста буд бо ДОИШ* тамос барқарор кунад. Дар як калом, барои Толибон** мушкилли зиёде халқ мекард”, - гуфт афсари собиқи истихбороти Афғонистон.
Последствия израильского удара по нефтяному объекту на юге Тегерана, Иран, в воскресенье, 15 июня 2025 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2025
Оташи Ховари Миёна: Чӣ гуна ҷанги Эрону Исроил метавонад ба Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Фирдавс Ҷалилов, коршинос дар умури амниятӣ, низ бар ин назар аст, ки агар ин ду ҳузури физикӣ ҳатто дар Антарктида медоштанд, аз худ ба ҳар роҳе дарак медоданд ва ба заъми худ ба пайравону ҷонибдоронашон паём мефиристоданд.
“Аммо, Гулмурод Ҳалимов аз ҳамон соли 2017 ва “Маҳдӣ Арсалон” аз соли 2023 ягон акс ё паёмеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накарданд. Дар ҳоле, ки дигар саркардаҳои созмонҳои террористӣ дар ҳар куҷое ки бошанд, ҳатман аз худ дарак медиҳанд ва ин таҷрибаи одӣ барои чунин гуруҳҳои махуф аст”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Бино ба ахборе, ки Sputnik Тоҷикистон дар ихтиёр дорад, ҳамсари “Маҳдӣ Арсалон” дар рустои Хуғази вулусволии Нусай, ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва хешовандони вай мегӯянд, ки домоди онҳо ду сол ба ин сӯ назди ҳамсараш наомадааст ва зиндаву мурдааш маълум нест.
Коршиносон мегӯянд, ин ду саркардаи созмонҳои террористӣ худ дигар хатаре барои Тоҷикистон надоранд, аммо истихборотҳои хориҷӣ, ки ҳамсафону пайравони инҳо ва дигар аъзои созмонҳои террористиро дар бозиҳои худ истифода мекунанд, ҳатман ҷойгузини онҳоро пайдо мекунанд ё кардаанд ва ин ба он маъност, ки дар чунин созмонҳо на лӯхтакҳо, балки лӯхтакббозон муҳимманд.
*Созмонҳои терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
**Созмон барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
Лентаи хабарҳо
0