Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар ИМА дар бораи анҷоми низоъ дар Украина гуфтанд

© AP / J. Scott ApplewhiteФлаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне
Флаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2025
Обуна шудан
Трамп итминон дорад, ки низоъ дар Украина бояд бо музокирот хотима ёбад
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп бар ин назар аст, ки низоъ дар Украина бояд бо гуфтушунид хотима ёбад.
Дар ин бора, сафири ИМА дар НАТО Мэтю Уитакер дар мусоҳиба бо WHO 13 News гуфтааст.
"Ман фикр мекунам, ки президент Трамп комилан рӯшан гуфтааст, ки ин низоъ дар Украина дар майдони набард ҳал нахоҳад шуд. Дар ниҳояти кор, он бояд тавассути як навъ созиш ҳал шавад", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, дипломат изҳори умедворӣ кардааст, ки сафари фиристодаи вижаи Трамп Стив Виткофф ба Маскав пурсамар хоҳад буд ва ба имзои як тавофуқи мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.
Дмитрий Песков, сухангӯи кишвардори Русия қаблан изҳор дошта буд, ки Русия ҳамчунон ҷонибдори раванди сулҳ барои ҳалли низоъ дар Украина ва таъмини манофеи Русия аст.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков гуфт, мулоқоти сарони Русия ва Украина ба музокироти тарафайн нуқта хоҳад гузошт
Трамп, ки қаблан Ҷо Байденро барои ҷудо кардани кумаки чандинмиллиарддолларии низомӣ ба Украина борҳо интиқод карда буд, рӯзи 11 июл эълон кард, ки НАТО, ки Иёлоти Муттаҳида як кишвари узви он аст, барои аслиҳаи амрикоие, ки паймон баъдан ба Украина мефиристад, мабалғ пардохт хоҳад кард, чун тавофуқнома бо ин иттиҳодия дар моҳи июни соли ҷорӣ ҳосил шудааст.
Русия мӯътақид аст, ки интиқоли силоҳ ба Украина ба ҳалли масъала халал расонида, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба муноқиша ҷалб мекунад ва бо ин кор онҳо, "бо оташ бозӣ мекунанд".
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Кремл изҳор дошт, ки интиқоли силоҳ ба Украина аз ҷониби Ғарб ба музокирот мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ мерасонад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Кремл: Русия омода аст барои ҳалли буҳрони Украина сареъ пеш равад
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0