Бонки миллӣ иддао дорад, ки пули миллӣ нисбати доллар устувор аст

© Sputnik / Стас ЭтвешСомони и доллары, архивное фото
Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2025
Обуна шудан
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки сомонӣ нисбат ба доллар дар нимсолаи якуми соли равон устуворӣ нишон дод
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сомонӣ нисбат ба доллар дар нимсолаи якум 9,4% устувор гардид, гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои вай дар нимаи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи шинокунанда идома додааст.
“Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар нимсолаи якуми соли равон ба андозаи 9,4% устувор гардид, ҳол он дар ҳамин давраи соли 2024 устуворшавии ин нишондиҳанда 2,7%-ро ташкил медод”, - қайд кард ӯ.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон таъкид намуд, ки бо назардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон тағйир ёфтанд.
Аз ҷумла вай гуфт, қурби рубли Русия 22,8%, рубли Беларус 14,6%, тангаи Қазоқистон 0,6%, суми Узбекистон 2,1%, юани Чин 0,4% устувор гардида, лираи Туркия 12,6% ва соми Қирғизистон 0,5% нисбат ба доллар коҳиш ёфт.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2025
Бонки миллӣ гуфт ба тағйирёбии қурби пули миллӣ чӣ таъсир мерасонад
Мувофиқи маълумоти БМТ, сиёсати қурбии Бонки миллӣ ба реҷаи қурби танзимшавандаи шинокунандаи асъор, бидуни муқаррар кардани ҳудудҳои сабтшудаи тағйирот асос ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ бар асоси талаботи бозор ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор шакл мегирад.
Дахолати Бонки миллӣ дар ин реҷа хусусияти истиноӣ дошта, танҳо дар сурати ҷой доштани зарурати воқеӣ амалӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0