https://sputnik.tj/20250730/shahr-istiqlol-se-korkhona-sanoati-1069580417.html
Дар шаҳри Истиқлол сохтмони се корхонаи бузурги саноатӣ ҷараён дорад
Дар шаҳри Истиқлол сохтмони се корхонаи бузурги саноатӣ ҷараён дорад
Sputnik Тоҷикистон
Бо сохтмони ин корхонаҳо беш аз 500 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳад шуд
2025-07-30T09:28+0500
2025-07-30T09:28+0500
2025-07-30T09:28+0500
саноат
дар тоҷикистон
суғд
сохтмон
истиқлол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1d/1069580943_0:31:1280:751_1920x0_80_0_0_04e2de43d7815241da5e6edb64e12b1c.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, сохтмони се корхонаи саноатӣ ҷараён дорад.Ахиран, раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз ҷараёни сохтмони ин корхонаҳо боздид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.Ҳамин тавр, дар шаҳри Истиқлол корхонаи нави металлургӣ бо арзиши 50 млн доллар сохта шуда истодааст. Ин ширкат бо сармоягузории Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин сохта шуда, ба коркарди мис, сурб, нуқра ва дигар металҳои қиматбаҳо машғул хоҳад шуд.Дар ин корхона наздики 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд, омадааст дар хабарнома.Ҳамзамон, дар шаҳр, корхонаи нави “Оҳаки Истиқлол”, дар майдони 55 ҳазор метри мураббаъ бо 55 млн сомонӣ сармоягузорӣ бунёд шуда истодааст.Ин ҷо барои то 200 нафар ҷойи корӣ муҳайё хоҳад кард. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 100 ҳазор тонна оҳаксанг дар як сол буда, маҳсулоти он пурра барои содирот ба кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон нигаронида шудааст.Дар баробари ин, бино ба гузориши манбаъ, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ ва сармоягузории дохилӣ ба маблағи 1,5 млн доллар, корхонаи дигари истеҳсоли оҳак аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Оҳак” бунёд шуда истодааст. Иқтидори шабонарӯзии он 100 тонна арзёбӣ гардида, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша пеш меравад.Сармоягузориву тиҷорат: Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз нассоҷӣ 3 млрд доллар фоида гирад?Пас аз шиносоӣ, Аҳмадзода ба роҳбари вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо додааст.Ӯ бар зарурати истифодаи самараноки иқтидорҳо, баланд бардоштани маоши кормандон ва анҷоми саривақтии лоиҳа таъкид намуд.Ин корхонаҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ амалӣ гардида истодааст.
https://sputnik.tj/20250721/istehsoli-mahsuloti-sanoati-somoni-1069164799.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1d/1069580943_58:0:1195:853_1920x0_80_0_0_12795048ae7da4ee981372864bd66da9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷойи кор, шаҳр, истиқлол
Дар шаҳри Истиқлол сохтмони се корхонаи бузурги саноатӣ ҷараён дорад
Бо бунёди ин корхонаҳо беш аз 500 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, сохтмони се корхонаи саноатӣ ҷараён дорад.
Ахиран, раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз ҷараёни сохтмони ин корхонаҳо боздид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Ҳамин тавр, дар шаҳри Истиқлол корхонаи нави металлургӣ бо арзиши 50 млн доллар сохта шуда истодааст. Ин ширкат бо сармоягузории Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин сохта шуда, ба коркарди мис, сурб, нуқра ва дигар металҳои қиматбаҳо машғул хоҳад шуд.
Дар ин корхона наздики 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд, омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон, дар шаҳр, корхонаи нави “Оҳаки Истиқлол”, дар майдони 55 ҳазор метри мураббаъ бо 55 млн сомонӣ сармоягузорӣ бунёд шуда истодааст.
Ин ҷо барои то 200 нафар ҷойи корӣ муҳайё хоҳад кард. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 100 ҳазор тонна оҳаксанг дар як сол буда, маҳсулоти он пурра барои содирот ба кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон нигаронида шудааст.
Дар баробари ин, бино ба гузориши манбаъ, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ ва сармоягузории дохилӣ ба маблағи 1,5 млн доллар, корхонаи дигари истеҳсоли оҳак аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Оҳак” бунёд шуда истодааст.
Иқтидори шабонарӯзии он 100 тонна арзёбӣ гардида, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша пеш меравад.
Пас аз шиносоӣ, Аҳмадзода ба роҳбари вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо додааст.
Ӯ бар зарурати истифодаи самараноки иқтидорҳо, баланд бардоштани маоши кормандон ва анҷоми саривақтии лоиҳа таъкид намуд.
Ин корхонаҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ амалӣ гардида истодааст.