Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ним сол наздик ба 30 млрд сомонӣ расид

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПредприятие по производству кальцита, обработке мрамора и декоративных камней "Мармар Стоун"
Предприятие по производству кальцита, обработке мрамора и декоративных камней Мармар Стоун  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2025
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3849 корхонаву коргоҳ дар ҳаҷми 29 миллиарду 617 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ба иттилои Агентии Омори Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳудуди кишвар 3849 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият доранд.
Ба иттилои Агентӣ аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 351 адад, коркард 3323 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 103 адад фаъолият намудаанд.
Қайд карда шудааст, ки аз ин шумора 1272 адад (33% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 873 адад (22,7%) – ба вилояти Хатлон, 824 адад (21,5%) – ба шаҳри Душанбе, 697 адад (18,1%) – ба НТҶ ва 183 адад (4,7%) – ба ВМКБ рост меоянд.
ҲАмчунин Агентии омор хабар додааст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар ба маблағи 29 миллиарду 617,0 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 24% афзудааст.
Производственные помещения в индустриальном парке. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2025
Вазорати саноат гуфт, Порки саноатӣ”-и муштараки Русияву Тоҷикистонро кӣ идора мекунад
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 1,7 баробар, саноати коркард – 5%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,2%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 15,9% ба амал омадааст.
Лентаи хабарҳо
0