Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: “Трамп ҳеҷ ҷангеро намехоҳад ва намепазирад”

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров выступает на Всероссийском молодежном образовательном форуме "Территория смыслов"
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров выступает на Всероссийском молодежном образовательном форуме Территория смыслов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2025
Обуна шудан
Вазири хориҷаи русия ахиран дар як форуми ҷавонон, ки раисҷумҳури феълии ИМА Доналд Трамп шахси амалгаро аст ва ҳеҷ як ҷангро намехоҳад
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, шахси амалгаро аст аст ва ҳеҷ гуна ҷангро намехоҳад ва ӯ барои гуфтугӯ боз аст.
"Президент Трамп шахси амалгарост, вай ҳеҷ гуна ҷангҳоро намехоҳад ва вай нисбат ба ҷаноби Байден ва элитаи кунунии аврупоӣ, монанди Урсула фон дер Лайн, Стармер ва Макрон ҷангро намехоҳад ва барои музокира боз аст", - гуфт оқои Лавров дар XI-умин Форуми таҳсилотии ҷавонии умумирусиягӣ
Вай афзуд, ки ҳамеша, ба хусус дар давраи ҷанги сард, муколамаи байни кишварҳо инкишоф ёфта буд ва ба тарафи мухолиф имкон медод, ки ниятҳои якдигарро пеш аз ҳама, барои пешгирии ҷанги бузург беҳтар дарк кунанд.
Дар ҳамин ҳол, оқои Лавров илова кард, ки Аврупо ба таври ҷиддӣ мехоҳанд Русияро мағлуб кунад.
Министр обороны РФ Андрей Белоусов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Белоусов гуфт, нерӯҳои Русия дар самти Орехово ба хубӣ пеш мераванд
Вай афзуд, ки ин амали онҳо тасдиқи худро пайдо кардааст.
"Хабар дар бораи он ки аврупоиҳо мехоҳанд, моро ба таври ҷиддӣ мағлуб кунанд, ҳар рӯз тасдиқ мешавад. Садриаъзами нави Олмон, ҷаноби (Фридрих) Мертс, гуфт, ки "мо вазифадорем, ки Олмонро боз ба як бузургтарин нерӯи низомии Аврупо табдил ёбад". Ин кишвар бузургтарин нерӯи низомӣ дар арафаи Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ буд, вақте ки онро оғоз кард, дар арафаи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ низ ҳамин тавр буд ва онро ҳам Олмон оғоз кард. Акнун боз мехоҳанд Олмонро аввалин қудрати низомидар Аврупо кунанд", - қайд кард вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров.
Лентаи хабарҳо
0