https://sputnik.tj/20250717/rusiya-orekhovo-pesh-meravand-1069089108.html
Белоусов гуфт, нерӯҳои Русия дар самти Орехово ба хубӣ пеш мераванд
Белоусов гуфт, нерӯҳои Русия дар самти Орехово ба хубӣ пеш мераванд
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Русия дар самти Орехово корнамоиҳои хуб дорад ва як маҳаллаи вилояти Запорожеро озод кард
2025-07-17T19:02+0500
2025-07-17T19:02+0500
2025-07-17T19:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
андрей белоусов
амният ва мудофиа
русия
украина
вазири дифоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065101720_0:0:2611:1469_1920x0_80_0_0_437d6db91860535d0a6702de7e98cd4b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Низомиёни Русия, ки мавқеъҳои судмандро ишғол мекунанд, дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар самти Орехово хуб пеш мераванд, гуфт вазири дифои Русия Андрей Белоусов.Вай ҳайати фармондеҳон ва ҳайати шахсии гвардияи 7-ум, дивизияҳои Суворов ва Кутузовро ба муносибати озод кардани маҳаллаи Каменскоеи вилояти Запороже табрик кард. "Аз рӯзҳои аввали амалиёти вижа, ҳайати низомии ин қисм дар муҳимтарин самтҳо вазифаи худро намунавӣ иҷро карда, бо корнамоии ҷангии худ мероси пуршараф ва анъанаҳои ҷанговарони фронтро, ки зодгоҳи худро озод кардаанд, тасдиқ мекунанд", - омадааст дар хабарнома."Низомиёни полкҳои 108 ва 247-уми ҳавоӣ, ки ҳудудҳои дифои душманро рахна карда, мавқеъҳои муфидтарро ишғол кардаанд, дар самти Орехово ба хубӣ пеш рафта истодаанд", — омадааст дар хабари вазорати дифои Русия.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Лавров гуфт, Киев метавонист кайҳо рӯзи баргузории даври сеюми музокиротро муайян кунадБа гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250716/kishvarho-siloh-ukraina-sarkashi-1069041885.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065101720_60:0:2395:1751_1920x0_80_0_0_3c332e35531bb39a0728916a93ade861.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъ, амалиёти вижа, орехово
вазъ, амалиёти вижа, орехово
Белоусов гуфт, нерӯҳои Русия дар самти Орехово ба хубӣ пеш мераванд
Артиши Русия дар самти Орехово корнамоиҳои хуб дорад ва як маҳаллаи вилояти Запорожеро озод кард
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Низомиёни Русия, ки мавқеъҳои судмандро ишғол мекунанд, дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар самти Орехово хуб пеш мераванд, гуфт вазири дифои Русия Андрей Белоусов.
Вай ҳайати фармондеҳон ва ҳайати шахсии гвардияи 7-ум, дивизияҳои Суворов ва Кутузовро ба муносибати озод кардани маҳаллаи Каменскоеи вилояти Запороже табрик кард.
"Аз рӯзҳои аввали амалиёти вижа, ҳайати низомии ин қисм дар муҳимтарин самтҳо вазифаи худро намунавӣ иҷро карда, бо корнамоии ҷангии худ мероси пуршараф ва анъанаҳои ҷанговарони фронтро, ки зодгоҳи худро озод кардаанд, тасдиқ мекунанд", - омадааст дар хабарнома.
"Низомиёни полкҳои 108 ва 247-уми ҳавоӣ, ки ҳудудҳои дифои душманро рахна карда, мавқеъҳои муфидтарро ишғол кардаанд, дар самти Орехово ба хубӣ пеш рафта истодаанд", — омадааст дар хабари вазорати дифои Русия.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.