https://sputnik.tj/20250724/muzokirot-rusiya-ukraina-istanbul-1069292340.html
Музокироти ахири Русия ва Украина дар Истанбул чӣ гуна анҷом ёфт?
Музокироти ахири Русия ва Украина дар Истанбул чӣ гуна анҷом ёфт?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Истамбул музокироти даври сеюми ҳайати Русия ва Украина баргузор шуд.
2025-07-24T13:34+0500
2025-07-24T13:34+0500
2025-07-24T14:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёт
русия
истамбул
музокирот
натиҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/18/1069287041_185:0:3826:2048_1920x0_80_0_0_0f5e1da24ad934c74ab45dd0e3cdd010.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар Истамбул музокироти даври сеюми ҳайати Русия ва Украина баргузор шуд.Русияро дар музокироти даври сеюм низ Владимир Мединский раҳбарӣ кард. Дар паи ин музокирот ӯ чунин изҳорот дод:Ёдрас мешавем, ки ҷонибҳо қаблан дар Истанбул ду мулоқот баргузор карданд. Натиҷаи онҳо табодули асирон буд ва ҷасади низомиёни кушташудаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба Киев супурда шуд. Русия ва Украина ҳамчунин пешнависи меморандумҳо оид ба ҳалли низоъро ба ҳамдигар супорида буданд.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Кремл: Русия омода аст барои ҳалли буҳрони Украина сареъ пеш равадБа гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250722/rusiya-ukraina-mavzuho-mushkil-1069213145.html
русия
истамбул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/18/1069287041_477:0:3208:2048_1920x0_80_0_0_a2fb27c3d0fb748f4f4d3dadd6c60876.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёти вижа, русия, украина
амалиёти вижа, русия, украина
Музокироти ахири Русия ва Украина дар Истанбул чӣ гуна анҷом ёфт?
13:34 24.07.2025 (Навсозишуда: 14:11 24.07.2025) Яке аз масоили муҳими музокироти даври сеюм ин таҳияи шартҳои созишномаи сулҳ барои мулоқоти Путин ва Зеленский будааст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар Истамбул музокироти даври сеюми ҳайати Русия ва Украина баргузор шуд.
Русияро дар музокироти даври сеюм низ Владимир Мединский раҳбарӣ кард. Дар паи ин музокирот ӯ чунин изҳорот дод:
Табодули асирон дар сарҳади Белорус ба анҷом расид - 250 нафар аз ҳар тараф. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик ҳадди ақал 1200 асири дигар иваз карда шаванд;
Ба ҷониби Украина аллакай беш аз 7000 ҷасади сарбозон супурда шудааст. Русия омода аст, ки боз 3000 сарбози кушташудаи украиниро супорад;
Русия пешниҳод кард, ки се гурӯҳи онлайн оид ба масъалаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва низомӣ таъсис дода шавад;
Инчунин таклиф карда шуд, ки дар хатти фронт оташбаси кӯтоҳмуддат ҷорӣ карда шавад, то ки ярадоршудагон берун бароварда шаванд;
Ҷониби Русия гуфт, ки шартҳои созишномаи сулҳ бояд барои мулоқоти Путин ва Зеленский таҳия шаванд.
Ёдрас мешавем, ки ҷонибҳо қаблан дар Истанбул ду мулоқот баргузор карданд. Натиҷаи онҳо табодули асирон буд ва ҷасади низомиёни кушташудаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба Киев супурда шуд. Русия ва Украина ҳамчунин пешнависи меморандумҳо оид ба ҳалли низоъро ба ҳамдигар супорида буданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.