https://sputnik.tj/20250722/rusiya-ukraina-mavzuho-mushkil-1069213145.html
Песков: Русия ва Украина бояд мавзӯъҳои мушкилро баррасӣ кунанд
Песков: Русия ва Украина бояд мавзӯъҳои мушкилро баррасӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Украина дар ҷараёни музокироти дарпешистода бояд мавзӯъҳои мушкилро баррасӣ намоянд
2025-07-22T17:39+0500
2025-07-22T17:39+0500
2025-07-22T17:48+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
музокирот
дмитрий песков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/16/1069219193_0:163:2925:1809_1920x0_80_0_0_1a86383425fba984a4359982c0702ed7.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Русия ва Украина бояд дар ҷараёни музокирот мавзӯъҳои мураккаб, аз ҷумла лоиҳаи ёддоштҳо дар бораи созишро баррасӣ кунанд, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков."Мавзуи музокирот хеле мураккаб аст. Илова бар дигар масъалаҳо, албатта, худи ҳамон лоиҳаи меморандумҳоеро, ки дар даври дуввум табодул шуда буданд, баррасӣ кардан лозим аст", - гуфт ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон, хабар медиҳад РИА Новости.Вай изҳори умедворӣ кард, ки даври нави музокирот бо Украина ин ҳафта баргузор мешавад. Кремл ин рӯзро баробари омода шудан, эълон мекунад.Пештар яке аз созмондиҳандагон ба хабаргузории РИА Новости гуфта буд, ки даври севуми музокирот дар Қасри Чираган дар Истанбул ба нақша гирифта шудааст. Рӯзи шанбе Владимир Зеленский гуфт, ки дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина Рустем Умеров ба Русия пешниҳод кардааст, ки онро ҳафтаи оянда баргузор кунанд. Баъдан як манбаи РИА Новости дар Маскав хабар дод, ки он рӯзҳои 24-25 июл баргузор мешавад.Ҷонибҳо қаблан дар Истанбул ду мулоқот баргузор карданд. Натиҷаи онҳо табодули асирон буд ва ҷасади низомиёни кушташудаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба Киев супурда шуд. Русия ва Украина ҳамчунин пешнависи меморандумҳо оид ба ҳалли низоъро ба ҳамдигар супориданд.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Кремл: Русия омода аст барои ҳалли буҳрони Украина сареъ пеш равадБа гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250715/lavrov-kiev-muzokirot-1069025879.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/16/1069219193_114:0:2845:2048_1920x0_80_0_0_6fa7e03e9753f444baabefbe114f65de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
давр, сеюм, музокирот, русия ва украина
давр, сеюм, музокирот, русия ва украина
Песков: Русия ва Украина бояд мавзӯъҳои мушкилро баррасӣ кунанд
17:39 22.07.2025 (Навсозишуда: 17:48 22.07.2025) Русия ва Украина дар ҷараёни музокироти дарпешистода бояд мавзӯъҳои мушкилро баррасӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Русия ва Украина бояд дар ҷараёни музокирот мавзӯъҳои мураккаб, аз ҷумла лоиҳаи ёддоштҳо дар бораи созишро баррасӣ кунанд, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.
"Мавзуи музокирот хеле мураккаб аст. Илова бар дигар масъалаҳо, албатта, худи ҳамон лоиҳаи меморандумҳоеро, ки дар даври дуввум табодул шуда буданд, баррасӣ кардан лозим аст", - гуфт ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон, хабар медиҳад РИА Новости.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки даври нави музокирот бо Украина ин ҳафта баргузор мешавад. Кремл ин рӯзро баробари омода шудан, эълон мекунад.
Пештар яке аз созмондиҳандагон ба хабаргузории РИА Новости гуфта буд, ки даври севуми музокирот дар Қасри Чираган дар Истанбул ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи шанбе Владимир Зеленский гуфт, ки дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина Рустем Умеров ба Русия пешниҳод кардааст, ки онро ҳафтаи оянда баргузор кунанд. Баъдан як манбаи РИА Новости дар Маскав хабар дод, ки он рӯзҳои 24-25 июл баргузор мешавад.
Ҷонибҳо қаблан дар Истанбул ду мулоқот баргузор карданд. Натиҷаи онҳо табодули асирон буд ва ҷасади низомиёни кушташудаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба Киев супурда шуд. Русия ва Украина ҳамчунин пешнависи меморандумҳо оид ба ҳалли низоъро ба ҳамдигар супориданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.