https://sputnik.tj/20250723/tojikiston-tobut-500-shahrvand-1069260449.html
Интиқоли беш аз 500 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан
Интиқоли беш аз 500 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан
Sputnik Тоҷикистон
Тариқи фурудгоҳи Душанбе давоми ним соли ҷорӣ беш аз 500 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон интиқол дода шудааст
2025-07-23T18:16+0500
2025-07-23T18:16+0500
2025-07-23T18:16+0500
дар тоҷикистон
шаҳрвандон
интиқол
парвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/12/1068248135_55:98:3521:2048_1920x0_80_0_0_ab5fbcdf52b4b6603431d0b311b94eb5.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Давоми шаш моҳи соли 2025 тариқи Фурудгоҳи Душанбе ҷасади 569 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан овардаанд.Дар ин бора, Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистондар дар нишасти хабарӣ гузориш дод.Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 32 тобут бештар аст.Дар умум, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нимсолаи аввал ба беш аз 1 млн мусофир хизмат расонд, ки нисбат ба соли қаблӣ қариби 136 ҳазор нафар камтаранд. Теъдоди хатсайрҳо бошад дар нимсолаи якуми соли 2024 беш аз 5,1 ҳазор адад расидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130 хатсайр ва ё 2,4% коҳиш ёфтаст, иттилоъ дод Агентӣ.Дар ин муддат қариб 580 ҳазор тонна бор кашонда шуд, ки 515 ҳазори он содиротӣ мебошад. Тибқи омор, дар фурудгоҳ 964 парвоз ин муддат ба таъхир афтодааст.Дар баробари ин, интизор меравад, ки бо оғози парвозҳои байналмилалӣ аз ҷониби ширкати “Тоҷик Эйр” шумораи парвозҳо бештар хоҳад шуд.Тоҷикистон "осмонро боз мекунад": нархи чипта бояд арзон шавадИн ширкат қасд дорад, ки дигарбора ба фазои мусофиркашонии байналмилалӣ роҳ ёбад ва ҳоло ширкат дар ин самт барои дарёфти грант ва гирифтани ду ҳавопаймо тариқи лизинг талош дорад."Тоҷик Эйр" дар ним сол 90 парвози ҷуфт анҷом додааст. Парвозҳо ҳама дар самти дохилӣ сурат гирифта, ба 2763 мусофир хидмат расонида шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳоло дар ширкат 166 корманд буда, аз он 74 тан ба кор ҷалб ва 91 нафари дигар дар рухсатии бемузд мебошанд.
https://sputnik.tj/20250717/dushanbe-abu-dabi-parvozho-1069054931.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/12/1068248135_97:0:2828:2048_1920x0_80_0_0_e38a6fdcd9d34a20ea9207e8956c2d93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тобут, шаҳрванди тоҷикистон,
тобут, шаҳрванди тоҷикистон,
Интиқоли беш аз 500 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан
Тариқи Фурудгоҳи Душанбе давоми ним соли ҷорӣ беш аз 500 тобути шаҳрвандони Тоҷикистон интиқол дода шудааст
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Давоми шаш моҳи соли 2025 тариқи Фурудгоҳи Душанбе ҷасади 569 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан овардаанд.
Дар ин бора, Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистондар дар нишасти хабарӣ гузориш дод.
Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 32 тобут бештар аст.
Дар умум, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нимсолаи аввал ба беш аз 1 млн мусофир хизмат расонд, ки нисбат ба соли қаблӣ қариби 136 ҳазор нафар камтаранд.
Теъдоди хатсайрҳо бошад дар нимсолаи якуми соли 2024 беш аз 5,1 ҳазор адад расидаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 130 хатсайр ва ё 2,4% коҳиш ёфтаст, иттилоъ дод Агентӣ.
Дар ин муддат қариб 580 ҳазор тонна бор кашонда шуд, ки 515 ҳазори он содиротӣ мебошад. Тибқи омор, дар фурудгоҳ 964 парвоз ин муддат ба таъхир афтодааст.
Дар баробари ин, интизор меравад, ки бо оғози парвозҳои байналмилалӣ аз ҷониби ширкати “Тоҷик Эйр” шумораи парвозҳо бештар хоҳад шуд.
Ин ширкат қасд дорад, ки дигарбора ба фазои мусофиркашонии байналмилалӣ роҳ ёбад ва ҳоло ширкат дар ин самт барои дарёфти грант ва гирифтани ду ҳавопаймо тариқи лизинг талош дорад.
"Тоҷик Эйр" дар ним сол 90 парвози ҷуфт анҷом додааст. Парвозҳо ҳама дар самти дохилӣ сурат гирифта, ба 2763 мусофир хидмат расонида шудааст. Таъкид шудааст, ки ҳоло дар ширкат 166 корманд буда, аз он 74 тан ба кор ҷалб ва 91 нафари дигар дар рухсатии бемузд мебошанд.