https://sputnik.tj/20250717/dushanbe-abu-dabi-parvozho-1069054931.html
Миёни Душанбе ва Абу-Дабӣ парвозҳои иловагӣ боз мешаванд
Миёни Душанбе ва Абу-Дабӣ парвозҳои иловагӣ боз мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои иловагӣ ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ ва зиёдшавии ҳаҷми савдои хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд
2025-07-17T10:58+0500
2025-07-17T10:58+0500
2025-07-17T10:58+0500
ама
дар тоҷикистон
душанбе
абу-даби
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/10/1069052625_0:46:750:468_1920x0_80_0_0_71ef4722b653e91aa43b6e800f7cc9df.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро парвозҳои иловагӣ ба ҳам хоҳанд пайваст.Ин масъаларо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ баррасӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати Тоҷикистон.Дар мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энержӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.Таъкид гардидааст, ки ҳарду кишвар ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар ин самт нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро муҳим медонанд.Ёдовар мешавем, ки қаблан миёни БМТ ва Бонки марказии АМА ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот ба имзо расида буд.
https://sputnik.tj/20250407/tojikiston-khostor-ravobit-tijori-sarmoyaguzori-ama-1066885408.html
душанбе
абу-даби
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/10/1069052625_0:7:645:490_1920x0_80_0_0_c3f104b197477d5e500fe113a16ac8ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз душанбе, абу-дабӣ
Миёни Душанбе ва Абу-Дабӣ парвозҳои иловагӣ боз мешаванд
Парвозҳои иловагӣ ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ ва зиёдшавии ҳаҷми савдои хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Пойтахти Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро парвозҳои иловагӣ ба ҳам хоҳанд пайваст.
Ин масъаларо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ баррасӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати Тоҷикистон.
"Роҳандозии парвозҳои иловагӣ байни пойтахтҳо ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва зиёдшавии ҳаҷми савдои хориҷӣ муҳим арзёбӣ гардид", - омадааст дар хабарнома.
Дар мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энержӣ ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки ҳарду кишвар ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар ин самт нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро муҳим медонанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан миёни БМТ ва Бонки марказии АМА ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот ба имзо расида буд.