Тоҷикистон "осмонро боз мекунад": нархи чипта бояд арзон шавад

© SputnikМеждународный аэропорт Душанбе
Международный аэропорт Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2025
Обуна шудан
Ин тасмими мақомот метавонад нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш диҳад
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон аз лағви комили паритет ва баробарии ҳатмӣ дар кор байни ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ ва хориҷӣ хабар дод.
Фармонро аллакай президент имзо кардааст.
Гуфта мешавад, сиёсати "осмони боз" дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҷорӣ шуда, маҳдудиятҳо дар басомади парвозҳо, шумораи ҷойҳо ва нархи чиптаҳоро лағв мекунад.
Қаблан коршиносони байнулмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки усули паритет яке аз сабабҳои аслии набуди рақобат ва дар натиҷа гаронии нархи парвозҳо дар Тоҷикистон ва ҳамчунин монеаи аслии рушди гардишгарӣ дар кишвар будааст.
Международный аэропорт Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2025
Раиси наву тартиботи нав: қабулу гусели мусофирон дар дохили фурудгоҳи Душанбе манъ шуд
Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines аллакай ба лағви паритет дар осмони Тоҷикистон посух додааст.
Ин интиқолдиҳанда шумораи парвозҳо байни Истанбул ва Душанберо дар як ҳафта то панҷ маротиба афзоиш медиҳад. Парвозҳои иловагӣ рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд, хабар медиҳад ширкат.
Маврид ба зикр аст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳоло пешвозу гусели мусофирон дар дохили фурудгоҳ манъ аст. Чунин фармонро раиси тозаинтихоби фурудгоҳ имзо кардааст. Ҳадаф аз ин чораандешӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи меъёрҳои беҳдоштӣ арзёбӣ мешавад.
Ин маҳдудият ба онҳое, ки мусофирони имконияташон маҳдуд, беморон ё кӯдакони ноболиғро ҳамроҳӣ мекунанд, дахл надорад.
Лентаи хабарҳо
0