https://sputnik.tj/20250716/kishvarho-siloh-ukraina-sarkashi-1069041885.html
Кишварҳои бузурги ИА аз хариди силоҳ барои Украина худдорӣ карданд
Кишварҳои бузурги ИА аз хариди силоҳ барои Украина худдорӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Фаронса, Италия ва Чехия аз хариди силоҳ аз ИМА барои Украина худдорӣ карданд
2025-07-16T17:12+0500
2025-07-16T17:12+0500
2025-07-16T17:12+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
иа
аслиҳа
харидорӣ
саркашӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/10/1069043211_0:130:3256:1962_1920x0_80_0_0_1a329a6faed321feab40a0299021c750.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Се кишвари бузурги Аврупо аз ширкат дар лоиҳаи раҳбари Кохи Сафед Доналд Трамп барои хариди силоҳи амрикоӣ барои Украина худдорӣ карданд. Фаронса ташаббуси Вашингтонро дастгирй накард. Ба навиштаи Politico, президент Эммануэл Макрон аз кишварҳои аврупоӣ даъват карда, ки аз ҳисоби истеҳсолкунандагони маҳаллӣ саноати дифоии худро рушд диҳанд, менависад РИА Новости.Итолиё бошад, аз сабаби нарасидани маблағ дар лоиҳа иштирок намекунад. Рӯзномаи Stampa хабар додааст, ки Рум ба Олмон пайравӣ намекунад, ки нақшаи харидани системаҳои Patriot аз Иёлоти Муттаҳидаро барои Украина эълон кардааст. Ҳамчунин Чехия низ аз ширкат дар нақшаи Трамп худдорӣ кард. Сарвазири кишвар Петр Фиала тавзеҳ дод, ки Прага ба лоиҳаҳо ва усулҳои дигари кумак тамаркуз хоҳад кард - масалан, дар чорчӯби ташаббуси таъмини лавозимоти ҷангӣ. Ултиматуми Трамп Рӯзи душанбе президенти ИМА ба Маскав 50 рӯз вақт дод, то бо Киев созиши сулҳ бандад.Дар сурати риоя нагардидани шартҳо, ӯ таҳдид кардааст, ки барои воридоти колоҳои Русия 100% боҷ ҷорӣ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ирсоли силоҳҳои амрикоӣ ба Киев ба мувофиқа расидаанд, дар ҳоле ки хароҷоти он ба дӯши Аврупо хоҳад афтод. Медведчук гуфт, Иттиҳоди Аврупо ба идомаи низоъ дар Укриана манфиатдор астПрезиденти Русия то ҳол ин суханони ҳамтои амрикоияшро шарҳ надодааст. Ба гуфти сухангӯи кишвардор, Дмитрий Песков ин изҳорот хеле ҷиддӣ аст ва баРусия барои таҳлил вақт лозим аст. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати зарурат Путин суханони Трампро шарҳ хоҳад дод.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250715/lavrov-kiev-muzokirot-1069025879.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/10/1069043211_10:0:2741:2048_1920x0_80_0_0_0bf2489ed8c9a5e750efc618f1c2f3c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишвар, иа, украина, силоҳ
кишвар, иа, украина, силоҳ
Кишварҳои бузурги ИА аз хариди силоҳ барои Украина худдорӣ карданд
Фаронса, Итолиё ва Чехия аз хариди силоҳ аз ИМА барои Украина худдорӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Се кишвари бузурги Аврупо аз ширкат дар лоиҳаи раҳбари Кохи Сафед Доналд Трамп барои хариди силоҳи амрикоӣ барои Украина худдорӣ карданд.
Фаронса ташаббуси Вашингтонро дастгирй накард. Ба навиштаи Politico, президент Эммануэл Макрон аз кишварҳои аврупоӣ даъват карда, ки аз ҳисоби истеҳсолкунандагони маҳаллӣ саноати дифоии худро рушд диҳанд, менависад РИА Новости.
Итолиё бошад, аз сабаби нарасидани маблағ дар лоиҳа иштирок намекунад. Рӯзномаи Stampa хабар додааст, ки Рум ба Олмон пайравӣ намекунад, ки нақшаи харидани системаҳои Patriot аз Иёлоти Муттаҳидаро барои Украина эълон кардааст.
Ҳамчунин Чехия низ аз ширкат дар нақшаи Трамп худдорӣ кард. Сарвазири кишвар Петр Фиала тавзеҳ дод, ки Прага ба лоиҳаҳо ва усулҳои дигари кумак тамаркуз хоҳад кард - масалан, дар чорчӯби ташаббуси таъмини лавозимоти ҷангӣ.
Рӯзи душанбе президенти ИМА ба Маскав 50 рӯз вақт дод, то бо Киев созиши сулҳ бандад.
Дар сурати риоя нагардидани шартҳо, ӯ таҳдид кардааст, ки барои воридоти колоҳои Русия 100% боҷ ҷорӣ хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ирсоли силоҳҳои амрикоӣ ба Киев ба мувофиқа расидаанд, дар ҳоле ки хароҷоти он ба дӯши Аврупо хоҳад афтод.
Президенти Русия то ҳол ин суханони ҳамтои амрикоияшро шарҳ надодааст. Ба гуфти сухангӯи кишвардор, Дмитрий Песков ин изҳорот хеле ҷиддӣ аст ва баРусия барои таҳлил вақт лозим аст. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати зарурат Путин суханони Трампро шарҳ хоҳад дод.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.