https://sputnik.tj/20250715/lavrov-kiev-muzokirot-1069025879.html
Лавров гуфт, Киев метавонист кайҳо рӯзи баргузории даври сеюми музокиротро муайян кунад
Лавров гуфт, Киев метавонист кайҳо рӯзи баргузории даври сеюми музокиротро муайян кунад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Русия гуфт, агар Киев рӯзи музокиротро эълон мекард, Трамп дар бораи 50 рӯз суҳбат намекард
2025-07-15T19:04+0500
2025-07-15T19:04+0500
2025-07-15T19:04+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёти вижа
украина
русия
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0f/1069026130_0:53:848:530_1920x0_80_0_0_21d5dae3548e0fcaf0be7c8312652c0d.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, агар ҷониби Украина розӣ мешуд, ки таърихи даври сеюми музокирот дар Истамбулро маълум кунад, шояд президенти ИМА Доналд Трамп барои ҳалли масъала на 50 рӯз, балки тақрибан 30 рӯз муҳлат медод. "Агар тавзеҳоте, ки мо борҳо ба ҳамкасбони худ, аз ҷумла дар вохӯриҳои ман "дар ҳошияи" рӯйдодҳои АСЕАН расонидаем, агар онҳо ба таври оддӣ нодида гирифта шаванд ё ба президент Трамп хабар надиҳанд, қазоват кардан душвор аст, ки дар паси ин кор чӣ аст. Аммо, гуфтан мумкин аст, ки ҳеҷ пешрафте нест ва аз ин рӯ 50 рӯз... Агар ҷониби Украина аз 22 июн инҷониб, рӯзи музокиротро мувофиқат мекард, пас 30 рӯз боқӣ мемонд”, - гуфт Лавров ба рӯзноманигорон, хабар медиҳад РИА Новости.Путин: Русия мехоҳад, ҳарчӣ зудтар ба низоъ дар Украина хотима диҳадҲамзамон, вазир таъкид кард, ки Русия тибқи нақшаи тасдиқшуда бо кафолати манфиатҳои худ амал мекунад."Мо тибқи нақшаи тасдиқкардаи президент амал мекунем. Ва ин нақша аз таъмини кафолати манфиатҳои қонунии Русия дар соҳаи амният ва таъмини кафолати ҳуқуқи русҳо ва русзабонҳо иборат аст", - афзуд вазир.Дар ҳамин ҳол, Путин зимни як сафари дурӯза дар Минск дар посух ба суоли хабаргузории "РИА Новости" дар бораи кай баргузор шудани даври севуми музокироти Русия ва Украина гуфт, Маскав ба ин давра омода аст.Дмитрий Песков сухангӯи президент рӯзи 30 июн гуфт, баргузории музокирот оид ба Украина ба мавқеъи Киев ва талошҳои Вашингтон бастагӣ дорад.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250711/nizo-ukraina-avrupo-lozim-1068888046.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0f/1069026130_24:0:765:556_1920x0_80_0_0_fd79d8e0a35f012bd3e845bafb13b082.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даври сеюм, музокирот, русия, украина
даври сеюм, музокирот, русия, украина
Лавров гуфт, Киев метавонист кайҳо рӯзи баргузории даври сеюми музокиротро муайян кунад
Вазири хориҷаи Русия гуфт, агар Киев рӯзи музокиротро эълон мекард, Трамп дар бораи 50 рӯз суҳбат намекард
ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, агар ҷониби Украина розӣ мешуд, ки таърихи даври сеюми музокирот дар Истамбулро маълум кунад, шояд президенти ИМА Доналд Трамп барои ҳалли масъала на 50 рӯз, балки тақрибан 30 рӯз муҳлат медод.
"Агар тавзеҳоте, ки мо борҳо ба ҳамкасбони худ, аз ҷумла дар вохӯриҳои ман "дар ҳошияи" рӯйдодҳои АСЕАН расонидаем, агар онҳо ба таври оддӣ нодида гирифта шаванд ё ба президент Трамп хабар надиҳанд, қазоват кардан душвор аст, ки дар паси ин кор чӣ аст.
Аммо, гуфтан мумкин аст, ки ҳеҷ пешрафте нест ва аз ин рӯ 50 рӯз... Агар ҷониби Украина аз 22 июн инҷониб, рӯзи музокиротро мувофиқат мекард, пас 30 рӯз боқӣ мемонд”, - гуфт Лавров ба рӯзноманигорон, хабар медиҳад РИА Новости.
Ҳамзамон, вазир таъкид кард, ки Русия тибқи нақшаи тасдиқшуда бо кафолати манфиатҳои худ амал мекунад.
"Мо тибқи нақшаи тасдиқкардаи президент амал мекунем. Ва ин нақша аз таъмини кафолати манфиатҳои қонунии Русия дар соҳаи амният ва таъмини кафолати ҳуқуқи русҳо ва русзабонҳо иборат аст", - афзуд вазир.
Дар ҳамин ҳол, Путин зимни як сафари дурӯза дар Минск дар посух ба суоли хабаргузории "РИА Новости" дар бораи кай баргузор шудани даври севуми музокироти Русия ва Украина гуфт, Маскав ба ин давра омода аст.
Дмитрий Песков сухангӯи президент рӯзи 30 июн гуфт, баргузории музокирот оид ба Украина ба мавқеъи Киев ва талошҳои Вашингтон бастагӣ дорад.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.