https://sputnik.tj/20250717/khojaev-sabab-raftan-khujand-1069078585.html
"Бовар накарданд": Хоҷаев сабаби рафтанаш аз тими "Хуҷанд"-ро гуфт
"Бовар накарданд": Хоҷаев сабаби рафтанаш аз тими "Хуҷанд"-ро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарчанд муҳлати шартномаи сармураббии собиқи тими "Хуҷанд" то охири соли равон будааст, вале ӯ аризаи истеъфо навиштааст
2025-07-17T16:02+0500
2025-07-17T16:02+0500
2025-07-17T19:36+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
тими хуҷанд
сармураббӣ
истеъфо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032650193_132:36:1200:637_1920x0_80_0_0_5d32df30284348902e00ec9ea4c072e0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сармураббии собиқи бошгоҳи "Хуҷанд" Рустам Хоҷаев сабаби рафтанашро гуфт.Ба гуфтаи ӯ, новобаста аз паси сар кардани замони душвор ва дастовардҳо аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки аризаи истеъфоъро бинависад, гуфт мутахассис дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон. Ӯ гуфт, раҳбариятро шояд натиҷаҳо қонеъ накард ва дигар бовар накарданд.Хоҷаев мегӯяд, ҳарчанд то охири сол шартнома дошт, вале ба ин нигоҳ накарда тарки даста кард, аммо дастаро дӯст медорад ва орзӯи муваффақияташро мекунад.Мушкилоти бошгоҳи "Хуҷанд"Ба фикри Хоҷаев мушкили аслии бошгоҳҳои Тоҷикистон имрӯз шартномаҳои кутоҳ бо бозигарон аст.Барои кушодани тавоноиҳои як бозигар як мавсим кифоягӣ намекунад, гуфт ӯ ва таъкид кард, ки қаблан дар “Хуҷанд” бо чунин мушкили ҷиддӣ дучор шуда буданд. Рустам Хоҷаев аз "Хуҷанд" рафт ва ҷойяшро сармураббӣ аз Русия мегирад“Бо анҷоми мавсим ва шартнома ҳама бозигарони калидӣ рафтанду ба дигар дастаҳо гузаштанд. Дар мавсиими нав то гирдоварии бозигарони ҷадид ва мутобиқсозии он замон лозим аст, ки дар чунин сурат нисфи мусобиқот мегузарад ва табиист, ки ба натиҷа таъсир мерасонад”,- афзуд вай. Ба гуфтаи Хоҷаев, барои ин ки як бозигар дастаро чун оила қабул кунад ва вориди муҳит шавад, ки ин дар ҳамдигарфаҳмӣ ҳангоми рақобат муҳим аст, шартномаҳои яксола кофӣ нестанд.Зери раҳбарии Рустам Хуҷаев дастаи "Хуҷанд" се маротиба соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон (солҳои 2017, 2021 ва 2024) гардида, як бор медали биринҷии Лигаи олиро (2022) ба даст оварда, инчунин ду маротиба соҳиби Ҷоми Тоҷикистон (солҳои 2017 ва 2021) шудааст. Ҳамчунин зери раҳбарии ӯ, даста бори аввал дар таърихаш ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2022 расида буд.
https://sputnik.tj/20250704/krestinin-sarmurabbii-dastai-khujand-tayin-shud-1068626936.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032650193_202:0:1159:718_1920x0_80_0_0_adf47b19d6d16f9439cb5e9e4a193d48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабаб, рустам хоҷаев, бошгоҳи “хуҷанд”
сабаб, рустам хоҷаев, бошгоҳи “хуҷанд”
"Бовар накарданд": Хоҷаев сабаби рафтанаш аз тими "Хуҷанд"-ро гуфт
16:02 17.07.2025 (Навсозишуда: 19:36 17.07.2025) Эксклюзив
Ҳарчанд муҳлати шартномаи сармураббии собиқи тими "Хуҷанд" ба итмом нарасида буд, ӯ тарки даста кард
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сармураббии собиқи бошгоҳи "Хуҷанд" Рустам Хоҷаев сабаби рафтанашро гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, новобаста аз паси сар кардани замони душвор ва дастовардҳо аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки аризаи истеъфоъро бинависад, гуфт мутахассис дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ гуфт, раҳбариятро шояд натиҷаҳо қонеъ накард ва дигар бовар накарданд.
“Ман ба худ бовар доштам, ба ман бовар накарданд. Аз ин лиҳоз қарор кардам, ки биравам”,- гуфт Хоҷаев.
Хоҷаев мегӯяд, ҳарчанд то охири сол шартнома дошт, вале ба ин нигоҳ накарда тарки даста кард, аммо дастаро дӯст медорад ва орзӯи муваффақияташро мекунад.
Мушкилоти бошгоҳи "Хуҷанд"
Ба фикри Хоҷаев мушкили аслии бошгоҳҳои Тоҷикистон имрӯз шартномаҳои кутоҳ бо бозигарон аст.
"Ҳоло мавсими гузариши бозигарон идома дорад ва бастани шартномаҳои дарозмуддат хело муҳим аст. Ин камбудро танҳо “Истиқлол” надорад, боқимонда ҳама бо он дучоранд”,- гуфт мутахассис.
Барои кушодани тавоноиҳои як бозигар як мавсим кифоягӣ намекунад, гуфт ӯ ва таъкид кард, ки қаблан дар “Хуҷанд” бо чунин мушкили ҷиддӣ дучор шуда буданд.
“Бо анҷоми мавсим ва шартнома ҳама бозигарони калидӣ рафтанду ба дигар дастаҳо гузаштанд. Дар мавсиими нав то гирдоварии бозигарони ҷадид ва мутобиқсозии он замон лозим аст, ки дар чунин сурат нисфи мусобиқот мегузарад ва табиист, ки ба натиҷа таъсир мерасонад”,- афзуд вай.
Ба гуфтаи Хоҷаев, барои ин ки як бозигар дастаро чун оила қабул кунад ва вориди муҳит шавад, ки ин дар ҳамдигарфаҳмӣ ҳангоми рақобат муҳим аст, шартномаҳои яксола кофӣ нестанд.
Зери раҳбарии Рустам Хуҷаев дастаи "Хуҷанд" се маротиба соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон (солҳои 2017, 2021 ва 2024) гардида, як бор медали биринҷии Лигаи олиро (2022) ба даст оварда, инчунин ду маротиба соҳиби Ҷоми Тоҷикистон (солҳои 2017 ва 2021) шудааст.
Ҳамчунин зери раҳбарии ӯ, даста бори аввал дар таърихаш ба марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2022 расида буд.