https://sputnik.tj/20250704/krestinin-sarmurabbii-dastai-khujand-tayin-shud-1068626936.html
Крестинин расман сармураббии дастаи "Хуҷанд" таъйин шуд
Крестинин расман сармураббии дастаи "Хуҷанд" таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мураббии рус дар ин мақом Рустам Хоҷаевро иваз кард 04.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-04T09:30+0500
2025-07-04T09:30+0500
2025-07-04T15:12+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
футбол
тими футболи "хуҷанд"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/03/1068628437_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_5ad49d4e36217895cce7c80b37d81d3f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Қарори роҳбарияти клуби футболи "Хуҷанд" оиди таъйиншавии Александр Крестинин рӯзи 3 июл содир шудааст. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд. Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд гуфт, раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо мураббиёни дастаи футболи “Хуҷанд” мулоқот анҷом дод, ки дар канори онҳо Крестинин ҳам қарор дошт. Дар ҷараёни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи қарори роҳбарияти клуб ба вазифаи сармураббии дастаи футболи “Хуҷанд” Александр Крестинин таъйин карда шуд. Мураббии номдори рус дар гузашта дар чандин дастаҳои лигаҳои олии Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолият намуда, солҳои охир сармураббии тими миллии Қирғизистон буд ва дар рушди футбол дар минтақа саҳми назаррас гузоштааст. Раиси вилоят зимни суҳбат ба ситоди мураббиён ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Крестинин дар ин мақоми дар "Хуҷанд" ҷойи Рустам Хоҷаевро иваз намуд.
https://sputnik.tj/20250702/rustam-khojaev-khujand-raft-joyyash-sarmurabbi-rusiya-megirad-1068596529.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/03/1068628437_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_12ae74ab6dd1672a3af064b90cab7363.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, футбол, тими футболи "хуҷанд"
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, футбол, тими футболи "хуҷанд"
Крестинин расман сармураббии дастаи "Хуҷанд" таъйин шуд
09:30 04.07.2025 (Навсозишуда: 15:12 04.07.2025) Эксклюзив
Мураббии рус дар ин мақом Рустам Хоҷаевро иваз кард
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Қарори роҳбарияти клуби футболи "Хуҷанд" оиди таъйиншавии Александр Крестинин рӯзи 3 июл содир шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд гуфт, раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо мураббиёни дастаи футболи “Хуҷанд” мулоқот анҷом дод, ки дар канори онҳо Крестинин ҳам қарор дошт.
"Мулоқот дар толори ҳукумати вилояти Суғд доир гардид" - гуфт, Юнусов.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи қарори роҳбарияти клуб ба вазифаи сармураббии дастаи футболи “Хуҷанд” Александр Крестинин таъйин карда шуд.
Мураббии номдори рус дар гузашта дар чандин дастаҳои лигаҳои олии Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолият намуда, солҳои охир сармураббии тими миллии Қирғизистон буд ва дар рушди футбол дар минтақа саҳми назаррас гузоштааст.
Раиси вилоят зимни суҳбат ба ситоди мураббиён ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Крестинин дар ин мақоми дар "Хуҷанд" ҷойи Рустам Хоҷаевро иваз намуд.