https://sputnik.tj/20250702/rustam-khojaev-khujand-raft-joyyash-sarmurabbi-rusiya-megirad-1068596529.html
Рустам Хоҷаев аз "Хуҷанд" рафт ва ҷойяшро сармураббӣ аз Русия мегирад
Рустам Хоҷаев аз "Хуҷанд" рафт ва ҷойяшро сармураббӣ аз Русия мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти чаҳор сол клуби футболи "Хуҷанд" қарордоди ҳамкорӣ бо сармурабӣ Рустам Хоҷевро қатъ намуда, бо ӯ хайру хуш намудааст 02.07.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-07-02T18:44+0500
2025-07-02T18:44+0500
2025-07-02T18:44+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
футбол
тими футболи "хуҷанд"
рустам хоҷаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032650193_132:14:1200:615_1920x0_80_0_0_0cc1e3fadb58a5c05536cdee0cbe27f0.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 2 июл – Sputnik. Дар клуби футболи “Хуҷанд” рафтани Хоҷаев аз дастаро тасдиқ карданд. Фаррух Марофиев директори КФ “Хуҷанд” ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, рафтани Хоҷаев аз тим “бо розигии ҳарду ҷониб” сурат гирифтааст. Рустам Хоҷаев бори нахуст дар соли 2017 ва дафъаи дуюм дар соли 2021 сармураббии “Хуҷанд” - ро бар уҳда гирифт ва тӯли ин муддат даста се маротиба (2017, 2021, 2024) соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон гардида, як маротиба (2022) ба гирифтани медали биринҷии Лигаи олӣ мушарраф шуд. Инчунин ду маротиба (2017, 2021) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Зери роҳбарии Рустам Хоҷаев “Хуҷанд” дар таърихи фаъолияти худ бори аввал дар Плей-офф-и Ҷоми AFC - 2022 иштирок карда буд. Ҳоло дар чемпионати Тоҷикистон дастаи “Хуҷанд” дар ҷойи 5 ум қарор дорад ва ин нишондоди назаррас гуфта намешавад. Тавре Фаррух Марофиев иттилоъ дод, барои таъйин намудани сармурабии нави даста аз шаҳри Краснодари Русия бо Александр Крестинин ба мувофиқа расидаанд. “Қарор аст рӯзи 3 июл маросими муаррифии Александр Крестинин ба сифати сармурабии дастаи Хуҷанд”барпо шавад” – гуфт, Марофиев. Крестинин 47 сол дошта, дастпарвари футболи Русия аст. Ӯ, солҳои 2014 – 2023 ҳамчун сармурабии дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон кор кардааст. То ин муддат роҳбари дастаи “Барс” -и ин кишварро бар уҳда дошт.
https://sputnik.tj/20250525/shahr-khujand-ruzi-futbol-boshukuh-tajlil-1067462366.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032650193_202:0:1159:718_1920x0_80_0_0_676bfd4a486452146d8a5a50ddedc4b9.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, футбол, тими футболи "хуҷанд", рустам хоҷаев
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, футбол, тими футболи "хуҷанд", рустам хоҷаев
Рустам Хоҷаев аз "Хуҷанд" рафт ва ҷойяшро сармураббӣ аз Русия мегирад
Эксклюзив
Бо гузашти чаҳор сол клуби футболи "Хуҷанд" қарордоди ҳамкорӣ бо сармурабӣ Рустам Хоҷевро қатъ намуда, бо ӯ хайру хуш намудааст
ДУШАНБЕ, 2 июл – Sputnik. Дар клуби футболи “Хуҷанд” рафтани Хоҷаев аз дастаро тасдиқ карданд.
Фаррух Марофиев директори КФ “Хуҷанд” ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, рафтани Хоҷаев аз тим “бо розигии ҳарду ҷониб” сурат гирифтааст.
"Бо розигии тарафайн дастаи “Хуҷанд” ва Рустам Хоҷаев шартномаи ҳамкориро бекор намуданд”, - гуфт Марофиев.
Рустам Хоҷаев бори нахуст дар соли 2017 ва дафъаи дуюм дар соли 2021 сармураббии “Хуҷанд” - ро бар уҳда гирифт ва тӯли ин муддат даста се маротиба (2017, 2021, 2024) соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон гардида, як маротиба (2022) ба гирифтани медали биринҷии Лигаи олӣ мушарраф шуд.
Инчунин ду маротиба (2017, 2021) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Зери роҳбарии Рустам Хоҷаев “Хуҷанд” дар таърихи фаъолияти худ бори аввал дар Плей-офф-и Ҷоми AFC - 2022 иштирок карда буд.
Ҳоло дар чемпионати Тоҷикистон дастаи “Хуҷанд” дар ҷойи 5 ум қарор дорад ва ин нишондоди назаррас гуфта намешавад.
Тавре Фаррух Марофиев иттилоъ дод, барои таъйин намудани сармурабии нави даста аз шаҳри Краснодари Русия бо Александр Крестинин ба мувофиқа расидаанд.
“Қарор аст рӯзи 3 июл маросими муаррифии Александр Крестинин ба сифати сармурабии дастаи Хуҷанд”барпо шавад” – гуфт, Марофиев.
Крестинин 47 сол дошта, дастпарвари футболи Русия аст. Ӯ, солҳои 2014 – 2023 ҳамчун сармурабии дастаи мунтахаби футболи Қирғизистон кор кардааст. То ин муддат роҳбари дастаи “Барс” -и ин кишварро бар уҳда дошт.