https://sputnik.tj/20250716/mastchoh-qarz-bonkho-afzudaast-1069037782.html
Дар ноҳияи Мастчоҳ мизони қарзгирӣ аз бонкҳо 19% афзудааст
Дар ноҳияи Мастчоҳ мизони қарзгирӣ аз бонкҳо 19% афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Давоми ним соли гузашта сокинону ширкатҳои соҳибкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ барои гирифтани қарз бештар ба бонкҳо муроҷиат кардаанд
2025-07-16T12:03+0500
2025-07-16T12:03+0500
2025-07-16T14:26+0500
иқтисод
қарздиҳӣ
бонк
дар тоҷикистон
суғд
мастчоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116281_130:42:1400:757_1920x0_80_0_0_67b002cf6f799418d73a9d2fd0606536.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Муассисаҳои бонкии ноҳия ба шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ ва корхонаву ташкилотҳои ноҳия ба маблағи беш аз 90 млн сомонӣ қарз додаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 14 млн сомонӣ ё наздик ба 19% зиёд аст. Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, сардори дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Бино ба гуфти манбаъ, ин масъала дар ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии Мастчоҳ давоми моҳҳои январ - июни соли ҷорӣ баррасӣ гардид. Бар пояи иттилои манбаъ дар ин давра аз ҷониби муҳоҷирони ноҳия беш аз 180 млн сомонӣ маблағ интиқол дода шудааст. Мастчоҳ аз ноҳияҳои аграрии шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки асосан ба пахтакорӣ ва сабзавотпарварӣ машғул аст.Фоизи қарзи ипотекӣ барои сокинон аз сӯи бонки давлатӣ маълум шуд Дар ин ноҳия ширкатҳои соҳибкории хурду миёна фаъолият мекунанд. Бино ба иттилоъи сардори дафтари матбуот ҳоло 6778 адад субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шуда аз ин теъдод 323 субъект бо шаҳодатнома, 477 бо шаҳодатномаи махсус ва 463 нафар бо патент фаъолият мекунанд. Шумораи шахсони ҳуқуқӣ 600 ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 4,915 ададро дар бар мегиранд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 178 адад афзоиш ёфтааст.Мастчоҳ то кунун дар феҳристи 11 шаҳру ноҳияҳои субвенсионии Суғд шомил аст ва барои пурра пушонидани хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷҷаи вилоят маблағҳои субвенсионӣ мегирад.
суғд
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032116281_156:0:1400:933_1920x0_80_0_0_8b570862aa692d4e5f66814871fb2f56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шимоли тоҷикистон, мизони қарзгирӣ, бонкҳо, афзоиш
шимоли тоҷикистон, мизони қарзгирӣ, бонкҳо, афзоиш
Дар ноҳияи Мастчоҳ мизони қарзгирӣ аз бонкҳо 19% афзудааст
12:03 16.07.2025 (Навсозишуда: 14:26 16.07.2025) Эксклюзив
Давоми ним соли гузашта сокинону ширкатҳои соҳибкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ барои гирифтани қарз бештар ба бонкҳо муроҷиат кардаанд
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Муассисаҳои бонкии ноҳия ба шахсони воқеъиву ҳуқуқӣ ва корхонаву ташкилотҳои ноҳия ба маблағи беш аз 90 млн сомонӣ қарз додаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 14 млн сомонӣ ё наздик ба 19% зиёд аст.
Дар ин бора Фитрати Ҳикмат, сардори дафтари матбуоти раиси ноҳияи Мастчоҳба
Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино ба гуфти манбаъ, ин масъала дар ҷаласаи ҷамъбастии нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии Мастчоҳ давоми моҳҳои январ - июни соли ҷорӣ баррасӣ гардид.
"Афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ нишонаи мусоиди рушди фазои сармоягузорӣ ва эътимоди мутақобилаи байни сокинону соҳибкорон ва низоми бонкӣ арзёбӣ гардид” - гуфт, Ҳикмат.
Бар пояи иттилои манбаъ дар ин давра аз ҷониби муҳоҷирони ноҳия беш аз 180 млн сомонӣ маблағ интиқол дода шудааст.
Мастчоҳ аз ноҳияҳои аграрии шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки асосан ба пахтакорӣ ва сабзавотпарварӣ машғул аст.
Дар ин ноҳия ширкатҳои соҳибкории хурду миёна фаъолият мекунанд. Бино ба иттилоъи сардори дафтари матбуот ҳоло 6778 адад субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ба қайд гирифта шуда аз ин теъдод 323 субъект бо шаҳодатнома, 477 бо шаҳодатномаи махсус ва 463 нафар бо патент фаъолият мекунанд.
Шумораи шахсони ҳуқуқӣ 600 ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 4,915 ададро дар бар мегиранд.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 178 адад афзоиш ёфтааст.
Мастчоҳ то кунун дар феҳристи 11 шаҳру ноҳияҳои субвенсионии Суғд шомил аст ва барои пурра пушонидани хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷҷаи вилоят маблағҳои субвенсионӣ мегирад.