https://sputnik.tj/20250207/foizi-qarz-ipoteki-bonki-davlati-malum-shud-1066147725.html
Фоизи қарзи ипотекӣ барои сокинон аз сӯи бонки давлатӣ маълум шуд
Фоизи қарзи ипотекӣ барои сокинон аз сӯи бонки давлатӣ маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини бонки “Амонтабонк” хабар додаанд, ки дар соли гузашта ба сокинони кишвар ба маблағи 42 млн сомонӣ қарзҳои ипотекӣ додаанд
2025-02-07T17:59+0500
2025-02-07T17:59+0500
2025-02-07T18:11+0500
дар тоҷикистон
бонк
иқтисод
қарздиҳӣ
хона
амонатбонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/13/1060983703_0:205:3072:1933_1920x0_80_0_0_46927ee16d6590ecec070d813158acc7.jpg
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар соли 2024 ба 144 нафар ба маблағи 42 млн сомонӣ қарзҳои ипотекӣ бо 18% солона пешниҳод карда шудааст.Дар ин бора роҳбари КВД “Амонатбонк” Алиҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба гуфтаи вай, барои харидории амволи ғайриманқул 144 нафар аз “Амонатбонк” қарзи ҳадафнок гирифтаанд.Ба гуфтаи Алиҷон Салимзода бонк ба пешнҳоди қарз барои иптоека аз соли 2022 шурӯъ кард. Аз ин замон бонк ба маблағи умумии 56 млн сомонӣ (5,1 млн доллар) қарзҳо барои ипотека додааст.Қайд карда шуд, ки ҳаҷми қарз барои ипотекаи “Амонатбонк” дар соли 2024 дар муқоиса ба ду соли пешин 3 баробар зиёд шудааст.Меъёри ипотекаи “Амонатбонк” бо асъори миллӣ 18% солона бо муҳлати 10 сол ва 14% солона бо муҳлати 7 сол мебошад. Шарти ҳатмӣ пешпардохт дар ҳаҷми 30% аз ариши манзил мебошад.Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки Амонатбонк соли 2024-ро бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст карда, ба 16 ҳазор корхонаву ташкилот ва 858 ҳазор нафақагирандагон хизматрасонӣ намуда, 2,4 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонӣ аз хизматрасониҳои гуногун истифода намуданд.Сармояи бонк ба 990 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2023 15% афзоиш ёфтааст.Бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 6,9 млрд. сомониро ташкил намуда, пасандозҳои аҳолӣ 2,8 млрд. сомониро ташкил додааст. Пешниҳоди қарзҳо бошад, ба 69 ҳазор муштарӣ 2,5 млрд. сомонӣ буда, аз 2 то 4 банд фоизи қарзҳо поён рафтаанд.
https://sputnik.tj/20220513/tojikistoniyon-ipoteka-mayl-1048408975.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/13/1060983703_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_536bf525096ba7d4eb9aeb94679e6be2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қарз, ипотека, фоиз, амонатбонк, маълум, бонк, иқтисод
тоҷикистон, қарз, ипотека, фоиз, амонатбонк, маълум, бонк, иқтисод
Фоизи қарзи ипотекӣ барои сокинон аз сӯи бонки давлатӣ маълум шуд
17:59 07.02.2025 (Навсозишуда: 18:11 07.02.2025) Масъулини бонки “Амонтабонк” хабар додаанд, ки дар соли гузашта ба сокинони кишвар ба маблағи 42 млн сомонӣ қарзҳои ипотекӣ додаанд
ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар соли 2024 ба 144 нафар ба маблағи 42 млн сомонӣ қарзҳои ипотекӣ бо 18% солона пешниҳод карда шудааст.
Дар ин бора роҳбари КВД “Амонатбонк” Алиҷон Салимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, барои харидории амволи ғайриманқул 144 нафар аз “Амонатбонк” қарзи ҳадафнок гирифтаанд.
Ба гуфтаи Алиҷон Салимзода бонк ба пешнҳоди қарз барои иптоека аз соли 2022 шурӯъ кард. Аз ин замон бонк ба маблағи умумии 56 млн сомонӣ (5,1 млн доллар) қарзҳо барои ипотека додааст.
Қайд карда шуд, ки ҳаҷми қарз барои ипотекаи “Амонатбонк” дар соли 2024 дар муқоиса ба ду соли пешин 3 баробар зиёд шудааст.
Меъёри ипотекаи “Амонатбонк” бо асъори миллӣ 18% солона бо муҳлати 10 сол ва 14% солона бо муҳлати 7 сол мебошад. Шарти ҳатмӣ пешпардохт дар ҳаҷми 30% аз ариши манзил мебошад.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки Амонатбонк соли 2024-ро бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст карда, ба 16 ҳазор корхонаву ташкилот ва 858 ҳазор нафақагирандагон хизматрасонӣ намуда, 2,4 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонӣ аз хизматрасониҳои гуногун истифода намуданд.
Сармояи бонк ба 990 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2023 15% афзоиш ёфтааст.
Бақияи амонатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 6,9 млрд. сомониро ташкил намуда, пасандозҳои аҳолӣ 2,8 млрд. сомониро ташкил додааст. Пешниҳоди қарзҳо бошад, ба 69 ҳазор муштарӣ 2,5 млрд. сомонӣ буда, аз 2 то 4 банд фоизи қарзҳо поён рафтаанд.