https://sputnik.tj/20250711/gulnazar-keldi-prezident-sughd-1068882533.html
Аз тандиси Гулназар Келдӣ то макотибу боғи фарҳангӣ: оғози сафари президент дар Суғд
Аз тандиси Гулназар Келдӣ то макотибу боғи фарҳангӣ: оғози сафари президент дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Сафари кории президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, дар ар фурудгоҳ ба президент барномаи мукаммали театркунонидашуда пешниҳод гардид
2025-07-11T11:48+0500
2025-07-11T11:48+0500
2025-07-11T12:03+0500
эмомалӣ раҳмон
суғд
ифтитоҳи иншооти нав
айнӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0b/1068881658_256:341:3072:1925_1920x0_80_0_0_5a60852b19d4b7b897d1c472e2329787.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди вилояти Суғд гардиду нахуст аз ноҳияи Айнӣ боздид карда, якқатор иншоотро ба баҳрабардорӣ расонд.Муҷассамаи Гулназар КелдӣСафари Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.Ин тандис ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгир буда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъ аст.Гуфта мешавад, ки президент ба дастандаркорон барои тасвири шоистаи шоир дар муҷассама баҳои баланд дод.Гулназар муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз шахсиятҳоест, ки офаридаҳояш барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун ганҷинаи адабиёти муосири тоҷик хизмат хоҳад кард.Гулистон дар СангистонРаисиҷумҳур ҳамчунин, дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и Гулистонро ба истифода доду ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшид.Маҷмааи фарҳангӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.Инчунин дар ин деҳа, хатти оби нӯшокӣ барои 500 оила мавриди истифода қарор гирифт.Президент дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ, ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи Паҳндара Майнинг оғоз бахшид.Аз ноҳияи Айнӣ то Хуҷанду Гулистон: роҳҳои Суғд се рӯз баста мешавандҲамчунин ба таври фосилавӣ 3 корхонаи саноатиро мавриди истифода қарор дод.Бояд гуфт президент бо сафри се рӯза вориди вилояти Суғд гардид. Тибқи нақша президент аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Деваштич, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Бӯстон дидан карда, иншооти гуногунро ифтитоҳ хоҳад кард.
суғд
айнӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/0b/1068881658_411:120:2982:2048_1920x0_80_0_0_4eeeb4872b07da9a0246bbd0223b4db9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, суғд, сафари корӣ
раҳмон, суғд, сафари корӣ
Аз тандиси Гулназар Келдӣ то макотибу боғи фарҳангӣ: оғози сафари президент дар Суғд
11:48 11.07.2025 (Навсозишуда: 12:03 11.07.2025) Сафари кории президенти Тоҷикистон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, дар ар фурудгоҳ ба президент барномаи мукаммали театркунонидашуда пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди вилояти Суғд гардиду нахуст аз ноҳияи Айнӣ боздид карда, якқатор иншоотро ба баҳрабардорӣ расонд.
Муҷассамаи Гулназар Келдӣ
Сафари Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.
Ин тандис ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.
Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгир буда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъ аст.
Гуфта мешавад, ки президент ба дастандаркорон барои тасвири шоистаи шоир дар муҷассама баҳои баланд дод.
Гулназар муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз шахсиятҳоест, ки офаридаҳояш барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун ганҷинаи адабиёти муосири тоҷик хизмат хоҳад кард.
Раисиҷумҳур ҳамчунин, дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и Гулистонро ба истифода доду ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшид.
Маҷмааи фарҳангӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Инчунин дар ин деҳа, хатти оби нӯшокӣ барои 500 оила мавриди истифода қарор гирифт.
Президент дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ, ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи Паҳндара Майнинг оғоз бахшид.
Ҳамчунин ба таври фосилавӣ 3 корхонаи саноатиро мавриди истифода қарор дод.
Бояд гуфт
президент бо сафри се рӯза вориди вилояти Суғд гардид. Тибқи нақша президент аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Деваштич, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Бӯстон дидан карда, иншооти гуногунро ифтитоҳ хоҳад кард.