https://sputnik.tj/20250710/rohho-sughd-basta-meshavand-1068836356.html
Аз ноҳияи Айнӣ то Хуҷанду Гулистон: роҳҳои Суғд се рӯз баста мешаванд
Аз ноҳияи Айнӣ то Хуҷанду Гулистон: роҳҳои Суғд се рӯз баста мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар назар аст давоми се рӯзи оянда роҳҳои мошингарди як қатор шаҳру ноҳияҳои Суғд барои муддати муваққат баста шаванд
2025-07-10T15:18+0500
2025-07-10T15:18+0500
2025-07-10T15:21+0500
баста шудани роҳҳо
суғд
иҷтимоъ
маҳдудият
ҳаракат дар роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1c/1066762574_0:56:3001:1744_1920x0_80_0_0_e4cfe26edf12ed6e2d190d2857d11401.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар пайи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, рӯзҳои 11 - 13 уми июл роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят баста мешаванд.Дар ин бора, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 11-уми июл роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ аз фурудгоҳи ин ноҳия то деҳаи Сангистон тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ ва роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент аз деҳаи Шӯрча то кӯчаҳои Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ тариқи роҳи Айнӣ-Панҷакент баста мешаванд.Рӯзи 12-уми июл роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент тариқи кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, хиёбони Рӯдакӣ то фурудгоҳи ин шаҳр ва роҳҳои мошингарди ноҳияи Деваштич тариқи кӯчаҳои марказии деҳаҳои Қалъаи Дӯст ва Басмандаи ноҳияи Деваштич баста мешаванд.Рӯзи 13-уми июл бошад, ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) тариқи кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, Раҳим Ҷалил, Исмоилӣ Сомонӣ, 25-солагии Истиқлолият, Камоли Хучандӣ ва роҳи мошингарди Ғафуров-Хучандтариқи кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров, Гагарин, Куруши Кабир, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) маҳдуд хоҳад шуд.Мақомоти БДА РВКД дар вилояти Суғд аз ҳамаи ронандагон даъват кардааст, ки дар вақти баста будани чунин роҳҳо аз тариқи роҳҳои ҳамшафат ҳаракати худро идома диҳанд. Қарор аст, дар чунин санаҳо раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳру деҳоти Суғд сафар намуда як қатор иншоотҳои соҳаи иҷтимоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.
https://sputnik.tj/20250710/emomali-rahmon-sughd-safar-1068823631.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/03/1c/1066762574_122:0:2789:2000_1920x0_80_0_0_a600e6f5673403af9caef958fa43debb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ, суғд, баста, мешавад
роҳ, суғд, баста, мешавад
Аз ноҳияи Айнӣ то Хуҷанду Гулистон: роҳҳои Суғд се рӯз баста мешаванд
15:18 10.07.2025 (Навсозишуда: 15:21 10.07.2025) Эксклюзив
Дар назар аст давоми се рӯзи оянда роҳҳои мошингарди як қатор шаҳру ноҳияҳои Суғд барои муддати муваққат баста шаванд
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Дар пайи
сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, рӯзҳои 11 - 13 уми июл роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят баста мешаванд.
Дар ин бора, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба
Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 11-уми июл роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ аз фурудгоҳи ин ноҳия то деҳаи Сангистон тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ ва роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент аз деҳаи Шӯрча то кӯчаҳои Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ тариқи роҳи Айнӣ-Панҷакент баста мешаванд.
Рӯзи 12-уми июл роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент тариқи кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, хиёбони Рӯдакӣ то фурудгоҳи ин шаҳр ва роҳҳои мошингарди ноҳияи Деваштич тариқи кӯчаҳои марказии деҳаҳои Қалъаи Дӯст ва Басмандаи ноҳияи Деваштич баста мешаванд.
Рӯзи 13-уми июл бошад, ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) тариқи кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, Раҳим Ҷалил, Исмоилӣ Сомонӣ, 25-солагии Истиқлолият, Камоли Хучандӣ ва роҳи мошингарди Ғафуров-Хучандтариқи кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров, Гагарин, Куруши Кабир, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) маҳдуд хоҳад шуд.
Мақомоти БДА РВКД дар вилояти Суғд аз ҳамаи ронандагон даъват кардааст, ки дар вақти баста будани чунин роҳҳо аз тариқи роҳҳои ҳамшафат ҳаракати худро идома диҳанд.
Қарор аст, дар чунин санаҳо раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳру деҳоти Суғд сафар намуда як қатор иншоотҳои соҳаи иҷтимоиро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.