Дар Тоҷикистон қурби рубл поин рафт

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2025
Обуна шудан
Дар бозори расмии асъори Тоҷикистон рубли русӣ дар баробари пули миллӣ – сомонӣ каме боз поин рафт
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон дар бозори арзи кишвар каме поин рафт.
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифро эълом кард.
Дар ҳоли ҳозир як ҳазор рубл ба 123,4 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба рӯзҳои истироҳат 0,5 сомонӣ поинтар аст.
Ба асоси додащои танзимгари астъор дар Тоҷикистон, қимати пули Амрико низ поин рафтааст.
Ҳоло як доллар ба 9,7330 сомонӣ баробар шуда, дар рӯзҳои истироҳат 0,0411 коҳиш ёфт.
Дар ҳамин ҳол, як евро ба 11,4645 сомонӣ баробар шуда, ки як рӯз пеш ин рақам 0,0641 боло буд.
Сомони и доллары, архивное фото   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2025
Бонки миллӣ гуфт, чаро доллару евро дар баробари сомонӣ заифу рубл қави шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти арзӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мешавад.
Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.
Қобили зикр аст, ки арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон барои бисёре аз сокинон муҳим аст - садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ дар ин кишвар маошашонро бо рубл гирифта, ба ватан маблағ мефиристанд.
Лентаи хабарҳо
0