https://sputnik.tj/20250628/iroqchi-tramp-khost-lahn-beehtirom-khomanai-dast-kashad-1068511969.html
Ироқчӣ аз Трамп хост, аз лаҳни беэҳтиромӣ нисбати Хоманаӣ даст кашад
Ироқчӣ аз Трамп хост, аз лаҳни беэҳтиромӣ нисбати Хоманаӣ даст кашад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки агар кишвардори Амрико дар асл мехоҳад бо Эрон созиш кунад, бояд аз лаҳни таҳқиромез нисбати роҳбари рӯҳонии ин... 28.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-28T14:27+0500
2025-06-28T14:27+0500
2025-06-28T14:27+0500
амрико
эрон
доналд трамп
оятуллоҳ хоманаӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067046021_0:59:3086:1795_1920x0_80_0_0_61a9ebd081931e35d1068a579405611b.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бояд аз корбурди суханони таҳқиромез нисбат ба раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ даст кашад, агар вай самимона мехоҳад бо Теҳрон созиш кунад. Дар ин бора Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор дошт.Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе пас аз нишасти НАТО дар Гаага ба хабарнигорон эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ҳафтаи оянда музокирот хоҳанд кард. Трамп қайд кард, ки дар натиҷаи гуфтушунид созишнома имзо кардан мумкин аст, гарчанде ки барои ӯ ин "зарур нест". Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе гуфт, Эрон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки даври нави музокирот бо Амрико баргузор шавад ё не ва ин масъала дар ҳоли таҳия аст.Муноқишаи Исроил ва ЭронХовари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.
https://sputnik.tj/20250627/khomanai-eron-amriko-isroil-gholib-omad-1068470767.html
https://sputnik.tj/20250625/tojikiston-otashbas-eron-isroil-istiqbol-kard-1068429059.html
амрико
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/12/1067046021_81:0:2810:2047_1920x0_80_0_0_a687b6d94ea12992cb12ce94bd940eb4.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, эрон, доналд трамп, оятуллоҳ хоманаӣ, сиёсат
амрико, эрон, доналд трамп, оятуллоҳ хоманаӣ, сиёсат
Ироқчӣ аз Трамп хост, аз лаҳни беэҳтиромӣ нисбати Хоманаӣ даст кашад
Вазири умури хориҷии Эрон изҳор доштааст, ки агар кишвардори Амрико дар асл мехоҳад бо Эрон созиш кунад, бояд аз лаҳни таҳқиромез нисбати роҳбари рӯҳонии ин кишвар даст кашад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бояд аз корбурди суханони таҳқиромез нисбат ба раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ даст кашад, агар вай самимона мехоҳад бо Теҳрон созиш кунад.
Дар ин бора Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор дошт.
"Агар президент Трамп дар хоҳиши худ (ба даст овардани созиш - идора) самимӣ бошад, бояд аз корбурди забони беэҳтиромӣ ва ғайри қобили қабул нисбат ба раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ даст кашад ва озор додани миллионҳо пайравони аслии ӯро бас кунад".
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе пас аз нишасти НАТО дар Гаага ба хабарнигорон эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Эрон ҳафтаи оянда музокирот хоҳанд кард.
Трамп қайд кард, ки дар натиҷаи гуфтушунид созишнома имзо кардан мумкин аст, гарчанде ки барои ӯ ин "зарур нест".
Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе гуфт, Эрон ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки даври нави музокирот бо Амрико баргузор шавад ё не ва ин масъала дар ҳоли таҳия аст.
Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.
Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.
Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.
Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.
Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.