https://sputnik.tj/20250625/tojikiston-otashbas-eron-isroil-istiqbol-kard-1068429059.html
Тоҷикистон аз оташбас миёни Эрону Исроил истиқбол кард
Тоҷикистон аз оташбас миёни Эрону Исроил истиқбол кард
Sputnik Тоҷикистон
Эрону Исроил пас аз 12 рӯзи ҳамлаҳо ба қаламрави ҳамдигар оташбас эълон карданд ва бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон аз ин тасмими онҳо истиқбол кард 25.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-25T12:26+0500
2025-06-25T12:26+0500
2025-06-25T12:26+0500
дар тоҷикистон
вух-и тоҷикистон
эрон
исроил
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/19/1068432337_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_612d5de753f71349edeef23a2f6f36a3.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол менамояд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.Дар идома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон умед бар он дорад, ки ин созиш ба ҷанге, ки бо нақзи тамоми ҳуқуқи байналмилалӣ оғоз шуда буд, хотима мебахшад ва барои сулҳи пойдор дар Ховари Миёна заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.Бояд гуфт, созиши оташбас миёни Исроил ва Эрон субҳи 24 июн аз тарафи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон шуд. Исроил эълон кард, ки ба пешниҳоди Трамп барои оташбас бо Эрон розӣ шудааст. Эрон гуфт, агар Исроил оташбасро нақз накунад, Эрон ҳам онро вайрон нахоҳад кард. Аммо пас аз чанд соати эълони оташбас тарафҳо якдигарро ба нақзи он муттаҳам карданд.Муноқишаи Исроил ва ЭронХовари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.
https://sputnik.tj/20250624/korshinos-khatar-oseb-tasisot-hastai-eron-tasir-tojikiston-mintaqa-1068398231.html
https://sputnik.tj/20250624/korshinos-munoqisha-khovar-miyona-osiyoi-markazi-tojikiston-tahdid-1068396376.html
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/19/1068432337_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_f0fd25a6980dbe94ade2987c6403643d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вух-и тоҷикистон, эрон, исроил, сиёсат
дар тоҷикистон, вух-и тоҷикистон, эрон, исроил, сиёсат
Тоҷикистон аз оташбас миёни Эрону Исроил истиқбол кард
Эрону Исроил пас аз 12 рӯзи ҳамлаҳо ба қаламрави ҳамдигар оташбас эълон карданд ва бисёре аз давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон аз ин тасмими онҳо истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол менамояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Давлати Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол менамояд", - омадааст дар изҳороти ин ниҳод.
Дар идома гуфта шудааст, ки Тоҷикистон умед бар он дорад, ки ин созиш ба ҷанге, ки бо нақзи тамоми ҳуқуқи байналмилалӣ оғоз шуда буд, хотима мебахшад ва барои сулҳи пойдор дар Ховари Миёна заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.
Бояд гуфт, созиши оташбас миёни Исроил ва Эрон субҳи 24 июн аз тарафи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон шуд. Исроил эълон кард, ки ба пешниҳоди Трамп барои оташбас бо Эрон розӣ шудааст. Эрон гуфт, агар Исроил оташбасро нақз накунад, Эрон ҳам онро вайрон нахоҳад кард.
Аммо пас аз чанд соати эълони оташбас тарафҳо якдигарро ба нақзи он муттаҳам карданд.
Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.
Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.
Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.
Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.
Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.