Хоманаӣ: Эрон бар Амрикову Исроил "пирӯз" омад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкДуховный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото
Духовный лидер Ирана аятолла Сейед Али Хаменеи. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2025
Обуна шудан
Роҳбари олии Эрон гуфт, ки ин кишвар ҳеҷ гоҳ таслим намешавад ва дар ҷанги 12 -рӯза бо Исроил пирӯз омад
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ мардуми Эронро бо пирӯзӣ дар ҷанги 12 -рӯза бо Исроил ва Амрико табрик кард.
Муроҷиати видеоии роҳбари олии Эронро расонаҳои дохилӣ пахш карданд.
Ӯ мардуми Эронро ба унвони пирӯзии Ҷумҳурии Исломӣ бар Амрико ва ҳамчунин пирӯзии он бар Исроил дар ҷанги 12-рӯза табрик кард.
Хоманаӣ аз ҷумла гуфтааст, ки Исроил "қариб аз ҳамлаҳои Ҷумҳурии Исломӣ фурӯ рехт ва саркӯб шуд".
"Режими Амрико ба ҷанги мустақим ворид шуд, зеро эҳсос мекард, ки агар чунин накунад, режими саҳюнистӣ комилан аз байн хоҳад рафт. Аммо аз ин ҷанг чизе ба даст наовард. Ҷумҳурии Исломӣ низ пирӯз шуд ва дар посух ба Амрико як торсакии бераҳмона зад", - илова кард ӯ.
Хоманаӣ ҳамчунин гуфт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, возеҳ гуфтааст, ки Вашингтон "танҳо бо таслими Теҳрон қаноатманд аст, аммо ин ҳаргиз сурат нахоҳад гирифт".
Министр иностранных дел Ирана Аббас Аракчи на пресс-конференции по итогам встречи с министром иностранных дел РФ Сергеем Лавровым. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2025
Теҳрон аз барномаи ҳастаии худ даст нахоҳад кашид - ВУХ Эрон
"Раисиҷумҳури Амрико дар яке аз суханрониҳои худ гуфт, Эрон бояд таслим шавад. Онҳое, ки миллати Эронро мешиносанд, вожаи "таслим"-ро нисбат ба Эрон, кишваре бо чунин бузургӣ, чунин таърих, чунин фарҳанг ва иродаи пӯлоди мардум масхара мефаҳманд."
Ӯ ҳамчунин таҳдид кард, ки ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна зарбаҳои нав хоҳанд дод, агар "ҳамлаҳои нав сурат гиранд.
Лентаи хабарҳо
0