https://sputnik.tj/20250625/volvach-dastgiri-loiha-iiao-guft-1068416922.html
Волвач дар бораи дастгирии лоиҳаҳо дар доираи ИИАО гуфт
Волвач дар бораи дастгирии лоиҳаҳо дар доираи ИИАО гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Ташаббусҳо дар соҳаи кооператсияи саноатӣ дар фазои ИИАО дастгирӣ ёфтанд, натиҷаҳои аввал дар соли оянда дида мешаванд 25.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-25T17:30+0500
2025-06-25T17:30+0500
2025-06-25T17:30+0500
русия
иқтисод
ииао
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055248544_0:100:3131:1862_1920x0_80_0_0_802c24294d320cf97b0e83353797eef6.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар чаҳорчӯби механизми дастгирии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ду лоиҳа амалӣ мешавад. Дар ин бора Дмитрий Волвач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия ба хабарнигори "Sputnik на русском" дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ФБИП) хабар дод.Волвач афзуд, ки натиҷаҳои аввалини лоиҳаҳои маблағгузоришуда соли оянда намоён хоҳанд шуд.Аз ҷумла, ташаббусҳо дар соҳаи кооператсияи саноатӣ дастгирӣ карда шуданд. Яке аз лоиҳаҳо ба истеҳсоли ҷузъҳо барои роҳҳои оҳани баландсуръат марбут аст - Русия, Беларус ва Қазоқистон дар он ширкат мекунанд. Дуюм дар заминаи корхонаҳои Қазоқистон ба амал бароварда мешавад ва истеҳсоли якҷояи ҷузъҳои алоҳидаи тракторҳоро пешбинӣ мекунад.Муовини вазир ҳамчунин дар бораи зарфиятҳои тиҷории Русия бо кишварҳои ҳамсоя ва тадбирҳои пуштибонӣ аз тарҳҳои ҳамкорӣ сухан гуфт.Ба гуфтаи ӯ, додугирифти Русия бо кишварҳои узви ИИАО нисбат ба кишварҳои ИДМ, ки узви ин иттиҳод нестанд, ба маротиб бештар аст.Волвач қайд кард, ки "тиҷорати бефосила ва бидуни монеа дар фазои созмон нақши муҳимро мебозад". Дар баробари ин, иқтидори иловагии тиҷоратии амалинашуда дар дохили Иттиҳод 16 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, таъкид намуд ӯ.
https://sputnik.tj/20250623/korshinos-qarorho-iiao-hamai-kishvarho-idm-foidaovar-1068363826.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/02/1055248544_258:0:2989:2048_1920x0_80_0_0_42a9d759147c3e6e433374d567fa0a23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, иқтисод, ииао
Волвач дар бораи дастгирии лоиҳаҳо дар доираи ИИАО гуфт
Ташаббусҳо дар соҳаи кооператсияи саноатӣ дар фазои ИИАО дастгирӣ ёфтанд, натиҷаҳои аввал дар соли оянда дида мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар чаҳорчӯби механизми дастгирии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ду лоиҳа амалӣ мешавад.
Дар ин бора Дмитрий Волвач, муовини вазири рушди иқтисоди Русия ба хабарнигори "Sputnik на русском" дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ФБИП) хабар дод.
"Талаботи асосӣ иштироки на камтар аз се кишвар дар як лоиҳа мебошад. Ин шартҳо иҷро мешаванд. Аллакай як қатор ташаббусҳо вуҷуд доранд, ки аз ташхиси коршиносӣ гузаштаанд ва тасдиқ шудаанд. Ширкатҳо пас аз тасдиқи лоиҳаҳо аз ҷониби тамоми кишварҳои ИИАО метавонанд барои маблағгузорӣ дархост пешниҳод кунанд. Барои ҳар як лоиҳа ҳудуди 350 миллион рубл ҷудо карда мешавад", - қайд кард ӯ.
Волвач афзуд, ки натиҷаҳои аввалини лоиҳаҳои маблағгузоришуда соли оянда намоён хоҳанд шуд.
Аз ҷумла, ташаббусҳо дар соҳаи кооператсияи саноатӣ дастгирӣ карда шуданд. Яке аз лоиҳаҳо ба истеҳсоли ҷузъҳо барои роҳҳои оҳани баландсуръат марбут аст - Русия, Беларус ва Қазоқистон дар он ширкат мекунанд.
Дуюм дар заминаи корхонаҳои Қазоқистон ба амал бароварда мешавад ва истеҳсоли якҷояи ҷузъҳои алоҳидаи тракторҳоро пешбинӣ мекунад.
Муовини вазир ҳамчунин дар бораи зарфиятҳои тиҷории Русия бо кишварҳои ҳамсоя ва тадбирҳои пуштибонӣ аз тарҳҳои ҳамкорӣ сухан гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, додугирифти Русия бо кишварҳои узви ИИАО нисбат ба кишварҳои ИДМ, ки узви ин иттиҳод нестанд, ба маротиб бештар аст.
Волвач қайд кард, ки "тиҷорати бефосила ва бидуни монеа дар фазои созмон нақши муҳимро мебозад".
Дар баробари ин, иқтидори иловагии тиҷоратии амалинашуда дар дохили Иттиҳод 16 миллиард доллар арзёбӣ мешавад, таъкид намуд ӯ.