https://sputnik.tj/20250623/korshinos-qarorho-iiao-hamai-kishvarho-idm-foidaovar-1068363826.html
Коршинос: Қарорҳои ИИАО барои ҳамаи кишварҳои ИДМ фоидаоваранд
Коршинос: Қарорҳои ИИАО барои ҳамаи кишварҳои ИДМ фоидаоваранд
Sputnik Тоҷикистон
Иқтидори тиҷорати мутақобила бо кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла, дар соҳаи танзими техникӣ аст, мегӯяд коршинос
2025-06-23T12:14+0500
2025-06-23T12:14+0500
2025-06-23T12:14+0500
ииао
идм
қарор
фоида
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/16/1068357894_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_f6c2ed1c8c165d95bf629ccd8d00ea83.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июнь — Sputnik. Пешниҳодҳо ва лоиҳаҳое, ки дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қабул мешаванд, на танҳо ба аъзои иттиҳод, балки ба тамоми кишварҳои ИДМ манфиат меорад. Ин аст андешаи Антон Тетсиновский, директори ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди Маркази содиротии Русия. Вай дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ба хабарнигори "Sputnik на Русском" гуфт, имкони муомилоти тиҷорӣ миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз тамом нашудааст.Ба гуфтаи ӯ, ҳатто бо вуҷуди он ки боҷи воридотӣ дар тиҷорати мутақобила дар ҳудуди ИДМ татбиқ намегардад, имкон вуҷуд дорад. Масалан, дар соҳаи танзими техникӣ ҳанӯз ҳам баъзе заминаҳо вуҷуд доранд, шарҳ дод ӯ. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ дар ИДМ ба 91% расидааст. Илова бар ин, бозори ИДМ барои Русия калидӣ боқӣ мемонад: аз рӯи натиҷаҳои соли 2024, гардиши мол бо кишварҳои муштаракулманофеъ 10 триллион рублро ташкил додааст. Дар баробари ин афзоиши муътадили савдои берунӣ мушоҳида карда мешавад — танҳо дар соли гузашта 7%. "Рушд на танҳо дар таъмини молҳои анъанавӣ, аз ҷумла захираҳои энергетикӣ, балки дар маҳсулоте, ки арзиши иловагии баланд дорад, масалан, дар дорусозӣ, мошинсозӣ ва металлургия", - қайд кард коршинос.Русия ҳамчунин барои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ миссияҳои тиҷоратӣ ташкил мекунад. Аз аввали сол инҷониб дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон вохӯриҳои тиҷоратӣ доир гардиданд.
https://sputnik.tj/20250620/overchuk-iiao-nizom-yagona-maorif-1068275129.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/16/1068357894_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_5332723790774ab53c212e8f889d761a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос қарорҳо ииао кишварҳо идм фоида
коршинос қарорҳо ииао кишварҳо идм фоида
Коршинос: Қарорҳои ИИАО барои ҳамаи кишварҳои ИДМ фоидаоваранд
Иқтидори тиҷорати мутақобила бо кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла, дар соҳаи танзими техникӣ аст, мегӯяд коршинос
ДУШАНБЕ, 22 июнь — Sputnik. Пешниҳодҳо ва лоиҳаҳое, ки дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё қабул мешаванд, на танҳо ба аъзои иттиҳод, балки ба тамоми кишварҳои ИДМ манфиат меорад.
Ин аст андешаи Антон Тетсиновский, директори ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди Маркази содиротии Русия.
Вай дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ба хабарнигори "Sputnik на Русском" гуфт, имкони муомилоти тиҷорӣ миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз тамом нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳатто бо вуҷуди он ки боҷи воридотӣ дар тиҷорати мутақобила дар ҳудуди ИДМ татбиқ намегардад, имкон вуҷуд дорад. Масалан, дар соҳаи танзими техникӣ ҳанӯз ҳам баъзе заминаҳо вуҷуд доранд, шарҳ дод ӯ.
"Бартараф кардани монеаҳои ғайритарифӣ дар асоси ГОСТ метавонад ба тиҷорат дар ИДМ такони иловагӣ бахшад",- гуфт Тетсиновский.
Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ дар ИДМ ба 91% расидааст.
Илова бар ин, бозори ИДМ барои Русия калидӣ боқӣ мемонад: аз рӯи натиҷаҳои соли 2024, гардиши мол бо кишварҳои муштаракулманофеъ 10 триллион рублро ташкил додааст.
Дар баробари ин афзоиши муътадили савдои берунӣ мушоҳида карда мешавад — танҳо дар соли гузашта 7%.
"Рушд на танҳо дар таъмини молҳои анъанавӣ, аз ҷумла захираҳои энергетикӣ, балки дар маҳсулоте, ки арзиши иловагии баланд дорад, масалан, дар дорусозӣ, мошинсозӣ ва металлургия", - қайд кард коршинос.
Русия ҳамчунин барои густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ миссияҳои тиҷоратӣ ташкил мекунад. Аз аввали сол инҷониб дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон вохӯриҳои тиҷоратӣ доир гардиданд.