https://sputnik.tj/20250624/korshinos-khatar-oseb-tasisot-hastai-eron-tasir-tojikiston-mintaqa-1068398231.html
Коршинос аз хатари осеби таъсисоти ҳастаии Эрон ва таъсири он ба Тоҷикистону минтақа гуфт
Коршинос аз хатари осеби таъсисоти ҳастаии Эрон ва таъсири он ба Тоҷикистону минтақа гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар амал ҳар гуна партов, аз ҷумла катлаҳои радиоактиве, ки дар умум аз Ховари Миёна ва Африқо ба ҳаво мехезад, тариқи гарду хокбодҳои қавӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мерасад
2025-06-24T12:05+0500
2025-06-24T12:05+0500
2025-06-24T12:05+0500
эрон
осиёи марказӣ
ҳастаӣ
хатар
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/12/1066269358_0:104:2000:1229_1920x0_80_0_0_65e726df7504bba68725ac492eefaa34.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Дар сурати осеб дидани таъсисоти ҳастаӣ дар Эрон, катлаҳои ҳавоии радиоактив метавонад ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн шавад.Аммо суол ин ҷост, ки оё Эрон силоҳи ҳастаӣ дорад ё хайр, чун Агентии байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) эълон кард, ки дар Эрон силоҳи ҳастаӣ вуҷуд надорад. Сабур Абдуллозода, доктори илмҳои физикаю математика, аз Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон, бо зикри ин нукта ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хатари ташаъшуъ фақат дар ҳоле имкон дорад, ки Эрон воқеан силоҳи ҳастаӣ дошта бошад ва изҳороти директори Агентии байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) дуруст бошад, пас ягон маводи радиоактивӣ нест, ки паҳн шавад ва ҷое барои нигаронӣ нест.Ба гуфтаи мутахассис, дар амал ҳар гуна партов, аз ҷумла катлаҳои радиоактиве, ки аз замини Эрон, Исроил, дар умум Ховари Миёна ва Африқо ба ҳаво мехезад, тариқи гарду хокбодҳои қавӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мерасад. Ба қавли ӯ, азбаски атмосфера динамика аст ва ҳамеша дар ҳаракат аст, кадом партове, ки дар дилхоҳ нуқтаи олам партофта мешавад, рӯи оламро чарх мезанад. Вай афзуд, ҳаракати бодҳо ва ба иттифоқи онҳо чангу ғубор ба сӯи минтақаи мо тариқи, ба истилоҳ, “камарбанди чангу ғубор” анҷом мешавад, ки ҳудуди 10 биёбони бузург дар масири миёни Африқо ва Осиёи Марказиро дарбар мегирад. “Маъмулан бодҳои тунд аз Саҳрои Кабир дар Африқо шуруъ шуда, тариқи биёбонҳои Арабистони Саудӣ, қаламравҳои паҳлуи Баҳри Миёназамон, Ироқу Сурия, Дашти Кабир ва Дашти Лути Эрон, биёбонҳои шимоли Афғонистон ва Қизилқуму Қароқуму Аралқум дар Осиёи Марказӣ ҳаракат карда, ба Тоҷикистон низ ворид мешаванд”, - гуфт доктори улуми техникӣ. Ба қавли ӯ, бодҳо ба Тоҷикистон аз ду роҳ, яке, аз тарафи Узбекистон ба қисмати Ғарбӣ – Турсунзода ва дигаре аз Афғонистон тариқи Айвоҷу Шаҳритӯс ворид мешаванд. “Умдатан онҳо қисматҳои Марказу Ҷанубро фаро мегиранд ва дар ба қисматҳои Шимоливу Шарқӣ, аз ҷумла Бадахшон ба хотири куҳҳои баланд намерасанд”, - гуфт Абдуллоев. Қаблан расонаҳои Русия хабар дода буданд, дар сурати осеб дидани таъсисоти ҳастаи Эрон, катлаҳои ҳавоии радиоактив метавонад ба Русия низ сироят кунад. Ба таври хос, гузориш шудааст, ки ин ташаъшуъ метавонад ба дарёи Каспий бирасад ва қаламрави Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва ҳамчунин манотиқи хоссе аз Русия, аз ҷумла Доғистону Чеченистонро фаро гирад.
https://sputnik.tj/20250624/tramp-eron-isroil-sozish-otashbas-muvofiqat-1068397873.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/12/1066269358_112:0:1889:1333_1920x0_80_0_0_0ed8667f130a4f81b0a94b07426bf506.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос хатар осеб таъсисот ҳастаӣ эрон таъсир тоҷикистону минтақ
коршинос хатар осеб таъсисот ҳастаӣ эрон таъсир тоҷикистону минтақ
Коршинос аз хатари осеби таъсисоти ҳастаии Эрон ва таъсири он ба Тоҷикистону минтақа гуфт
Дар амал ҳар гуна партов, аз ҷумла катлаҳои радиоактиве, ки дар умум аз Ховари Миёна ва Африқо ба ҳаво мехезад, тариқи гарду хокбодҳои қавӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мерасад, мегӯяд коршинос
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Дар сурати осеб дидани таъсисоти ҳастаӣ дар Эрон, катлаҳои ҳавоии радиоактив метавонад ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паҳн шавад.
Аммо суол ин ҷост, ки оё Эрон силоҳи ҳастаӣ дорад ё хайр, чун Агентии байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) эълон кард, ки дар Эрон силоҳи ҳастаӣ вуҷуд надорад.
Сабур Абдуллозода, доктори илмҳои физикаю математика, аз Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи улуми Тоҷикистон, бо зикри ин нукта ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хатари ташаъшуъ фақат дар ҳоле имкон дорад, ки Эрон воқеан силоҳи ҳастаӣ дошта бошад ва изҳороти директори Агентии байнулмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ) дуруст бошад, пас ягон маводи радиоактивӣ нест, ки паҳн шавад ва ҷое барои нигаронӣ нест.
Ба гуфтаи мутахассис, дар амал ҳар гуна партов, аз ҷумла катлаҳои радиоактиве, ки аз замини Эрон, Исроил, дар умум Ховари Миёна ва Африқо ба ҳаво мехезад, тариқи гарду хокбодҳои қавӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мерасад.
"Дар ҳоли мавҷуд будани силоҳи ҳастаӣ ва инфиҷор додани таъсисоти ҳастаӣ дар Эрон агар партовҳои радиоактивӣ бошад, хатари паҳн шудани ташаъшуъ на танҳо ба Осиёи Марказӣ, балки ба Русия, Чин, Aврупо ва ҳатто Амрико вуҷуд дорад. Аммо ман бовар надорам, ки Эрон силоҳи ҳастаӣ дошта бошад”, - гуфт Сабур Абдуллозода.
Ба қавли ӯ, азбаски атмосфера динамика аст ва ҳамеша дар ҳаракат аст, кадом партове, ки дар дилхоҳ нуқтаи олам партофта мешавад, рӯи оламро чарх мезанад.
Вай афзуд, ҳаракати бодҳо ва ба иттифоқи онҳо чангу ғубор ба сӯи минтақаи мо тариқи, ба истилоҳ, “камарбанди чангу ғубор” анҷом мешавад, ки ҳудуди 10 биёбони бузург дар масири миёни Африқо ва Осиёи Марказиро дарбар мегирад.
“Маъмулан бодҳои тунд аз Саҳрои Кабир дар Африқо шуруъ шуда, тариқи биёбонҳои Арабистони Саудӣ, қаламравҳои паҳлуи Баҳри Миёназамон, Ироқу Сурия, Дашти Кабир ва Дашти Лути Эрон, биёбонҳои шимоли Афғонистон ва Қизилқуму Қароқуму Аралқум дар Осиёи Марказӣ ҳаракат карда, ба Тоҷикистон низ ворид мешаванд”, - гуфт доктори улуми техникӣ.
Ба қавли ӯ, бодҳо ба Тоҷикистон аз ду роҳ, яке, аз тарафи Узбекистон ба қисмати Ғарбӣ – Турсунзода ва дигаре аз Афғонистон тариқи Айвоҷу Шаҳритӯс ворид мешаванд.
“Умдатан онҳо қисматҳои Марказу Ҷанубро фаро мегиранд ва дар ба қисматҳои Шимоливу Шарқӣ, аз ҷумла Бадахшон ба хотири куҳҳои баланд намерасанд”, - гуфт Абдуллоев.
Қаблан расонаҳои Русия хабар дода буданд, дар сурати осеб дидани таъсисоти ҳастаи Эрон, катлаҳои ҳавоии радиоактив метавонад ба Русия низ сироят кунад.
Ба таври хос, гузориш шудааст, ки ин ташаъшуъ метавонад ба дарёи Каспий бирасад ва қаламрави Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва ҳамчунин манотиқи хоссе аз Русия, аз ҷумла Доғистону Чеченистонро фаро гирад.