СҲШ таъсиси маркази зиддитеррористӣ дар Душанберо суръат мебахшад

© Sputnik / Tabyldy KadyrbekovВоеннослужащий во время международных антитеррористических учений государств-членов ШОС. Архивное фото
Военнослужащий во время международных антитеррористических учений государств-членов ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2025
Обуна шудан
Муовини дабири Шӯрои амнияти Русия ёдовар шуд, ки ҷанбаи афзалиятноки фаъолияти СҲШ мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳо ба амният боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Созмони ҳамкориҳои Шанхайро зарур аст, ки дар заминаи сохтори минтақавии зиддитеррористии ин созмон дар Тошканд, Бишкек ва Душанбе як теъдод марказҳо таъсис диҳад.
Дар ин бора муовини дабири Шӯрои амнияти Русия Александр Венедиктов дар нишасти 20-уми дабирони Шӯрои амнияти Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, СҲШ бояд ба ин васила ба тамоми доираи таҳдидҳои амниятӣ муқовимат кунад.
Автомобили в Тегеране, поврежденные в результате израильских авиаударов по Ирану  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2025
Кишварҳои СҲШ ҳамлаҳои Исроил ба Эронро маҳкум карданд
Вай ёдовар шуд, ки самти афзалиятноки фаъолияти СҲШ мубориза бо таҳдиду чолишҳо ба амният боқӣ мемонад.
Венедиктов изҳор дошт, ки дар Душанбе маркази мустақили мубориза бо маводи мухаддир таъсис дода мешавад.
"Дар заминаи сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар Тошканд як маркази универсалӣ, ки марказҳои амнияти иттилоотӣ ва ҳамчунин шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар Бишкекро дар бар мегирад, корҳо идома доранд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, СҲШ бояд ба тамоми доираи таҳдидҳо ҷавобгӯ бошад. "Мо аз он бармеояд, ки ин кор то ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тянсзин ба анҷом мерасад", - гуфт Венедиктов.
Қаблан СҲШ аз имзои созишнома дар бораи пайванди марзҳои давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол карда буд. Созмон қайд кард, ки ин ба таҳкими эътимоди мутақобила мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0