https://sputnik.tj/20250615/kishvarho-shsh-hamalot-isroil-eron-mahkum-kardand-1068137941.html
Кишварҳои СҲШ ҳамлаҳои Исроил ба Эронро маҳкум карданд
Кишварҳои СҲШ ҳамлаҳои Исроил ба Эронро маҳкум карданд
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ ҳамлаҳои Исроил ӣа хоки Эронро шадидан маҳкум намуд 15.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-15T12:58+0500
2025-06-15T12:58+0500
2025-06-16T12:02+0500
сҳш
эрон
исроил
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0e/1068126008_0:506:2700:2025_1920x0_80_0_0_713e1ec66566a765f5a5c6b2f175b9ff.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Т Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар баёнияе изҳор дошт, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз ташдиди таниш дар Ховари Миёна нигарон ҳастанд ва ҳамлаҳои низомии Исроил ба қаламрави Эронро қотеъона маҳкум мекунанд.Гуфта мешавад, ки "чунин иқдомоти таҷовузкорона алайҳи иншооти ғайринизомӣ, аз ҷумла инфрасохтори энержии ҳастаӣ, ки боиси марги ғайринизомиён гардид, нақзи дағалонаи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), таҷовуз ба истиқлолияти Эрон аст." "Онҳо ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд, ки барои сулҳу суботи ҷаҳонӣ паёмадҳои ҷиддӣ доранд",-афзуд созмон.Шаби 13 июн нирӯҳои дифои Исроил амалиёти густурдаеро бо номи "Шери боло" оғоз карданд, ки дар он нерӯҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳои низомӣ ва мавзеъҳои барномаи ҳастаии Эрон зарба мезананд. Нерӯҳои ҳавоии Исроил чанд мавҷи ҳамларо дар манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон анҷом доданд, ки дар он чанд мақоми баландпояи низомии эронӣ, аз ҷумла раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва теъдоде аз донишмандони соҳаи ҳастаӣ кушта шуданд. Муассисаи ҳастаии Натанз ва пойгоҳҳои низомии Эрон дар шимолу ғарби ин кишвар низ мавриди ҳамла қарор гирифт. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, дар паёме ба шаҳрвандон, ҳамлаҳои Исроил ба Эронро ҷиноят хонд ва гуфт, ки Исроил бо сарнавишти талх ва даҳшатнок рӯбарӯ хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20250614/vukh-tojikiston-hamlahoi-isroil-ba-eronro-shadidan-mahkum-kard-1068115859.html
эрон
исроил
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0e/1068126008_0:0:2701:2025_1920x0_80_0_0_d604f7b7cbbae83d3522d69607419220.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҳш, эрон, исроил, сиёсат
сҳш, эрон, исроил, сиёсат
Кишварҳои СҲШ ҳамлаҳои Исроил ба Эронро маҳкум карданд
12:58 15.06.2025 (Навсозишуда: 12:02 16.06.2025) Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ ҳамлаҳои Исроил ӣа хоки Эронро шадидан маҳкум намуд
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Т Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар баёнияе изҳор дошт, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз ташдиди таниш дар Ховари Миёна нигарон ҳастанд ва ҳамлаҳои низомии Исроил ба қаламрави Эронро қотеъона маҳкум мекунанд.
"Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аз ташдиди таниш дар Ховари Миёна изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунанд ва ҳамлаҳои низомии Исроил ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рӯзи 13 июни соли 2025-ро қотеъона маҳкум мекунанд", — омадааст дар изҳорот дар шабакаи расмии котиботи СҲШ дар Telegram.
Гуфта мешавад, ки "чунин иқдомоти таҷовузкорона алайҳи иншооти ғайринизомӣ, аз ҷумла инфрасохтори энержии ҳастаӣ, ки боиси марги ғайринизомиён гардид, нақзи дағалонаи принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), таҷовуз ба истиқлолияти Эрон аст."
"Онҳо ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд, ки барои сулҳу суботи ҷаҳонӣ паёмадҳои ҷиддӣ доранд",-афзуд созмон.
Шаби 13 июн нирӯҳои дифои Исроил амалиёти густурдаеро бо номи "Шери боло" оғоз карданд, ки дар он нерӯҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳои низомӣ ва мавзеъҳои барномаи ҳастаии Эрон зарба мезананд.
Нерӯҳои ҳавоии Исроил чанд мавҷи ҳамларо дар манотиқи мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон анҷом доданд, ки дар он чанд мақоми баландпояи низомии эронӣ, аз ҷумла раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва теъдоде аз донишмандони соҳаи ҳастаӣ кушта шуданд.
Муассисаи ҳастаии Натанз ва пойгоҳҳои низомии Эрон дар шимолу ғарби ин кишвар низ мавриди ҳамла қарор гирифт.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии Эрон, дар паёме ба шаҳрвандон, ҳамлаҳои Исроил ба Эронро ҷиноят хонд ва гуфт, ки Исроил бо сарнавишти талх ва даҳшатнок рӯбарӯ хоҳад шуд.