https://sputnik.tj/20250625/parlumon-eron-hamkori-magate-mutavaqqif-kard-1068435343.html
Парлумони Эрон ҳамкорӣ бо МАГАТЭ-ро мутаваққиф кард
Парлумони Эрон ҳамкорӣ бо МАГАТЭ-ро мутаваққиф кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамин тариқ бозрасони ин созмон ба таъсисоти ҳастаии Эрон роҳ дода намешаванд 25.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-25T13:45+0500
2025-06-25T13:45+0500
2025-06-25T13:45+0500
эрон
магатэ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/18/1066340841_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_7cf59d5cc4ff86d7790860f04824ab31.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Парлумони Эрон тарҳи қатъи ҳамкориҳои Теҳрон бо МАГАТЭ-ро ба тасвиб расонд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории эронии ISNA.Ба гуфтаи Алиризо Салимӣ, узви раёсати парлумони Эрон, муқаррароти умумӣ ва ҷузъиёти тарҳи қонун дар бораи мутаваққиф шудани ҳамкориҳои Эрон бо Ожонси байналмилалии энержӣ дар парлумон тасвиб шудааст. Муноқишаи Исроил ва ЭронХовари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.
https://sputnik.tj/20250624/eron-isroil-korshinos-munoqisha-osiyoi-markazi-tasir-1068415424.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/18/1066340841_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_6abd796df57f01b27b3c8b69b48d6767.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, магатэ, сиёсат
Парлумони Эрон ҳамкорӣ бо МАГАТЭ-ро мутаваққиф кард
Ҳамин тариқ бозрасони ин созмон ба таъсисоти ҳастаии Эрон роҳ дода намешаванд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Парлумони Эрон тарҳи қатъи ҳамкориҳои Теҳрон бо МАГАТЭ-ро ба тасвиб расонд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории эронии ISNA.
Ба гуфтаи Алиризо Салимӣ, узви раёсати парлумони Эрон, муқаррароти умумӣ ва ҷузъиёти тарҳи қонун дар бораи мутаваққиф шудани ҳамкориҳои Эрон бо Ожонси байналмилалии энержӣ дар парлумон тасвиб шудааст.
"Тибқи қарори парлумон, кормандони оҷонсӣ наметавонанд ба кишвар барои бозрасӣ сафар кунанд, магар он ки амнияти таъсисоти ҳастаӣ ва фаъолиятҳои осоишта дар арсаи ҳастаӣ таъмин нашавад, ки ин ба ризоияти Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бастагӣ дорад", - афзд вакил.
Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.
Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.
Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.
Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.
Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.