https://sputnik.tj/20250624/eron-isroil-korshinos-munoqisha-osiyoi-markazi-tasir-1068415424.html
Эрон ва Исроил: коршинос тавзеҳ дод, ки муноқиша ба Осиёи Марказӣ чӣ таъсир мерасонад
Эрон ва Исроил: коршинос тавзеҳ дод, ки муноқиша ба Осиёи Марказӣ чӣ таъсир мерасонад
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷиҳати ҳарбӣ-сиёсӣ низоъ байни Эрон ва Исроил ба Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид намекунад, мегӯяд сиесатшинос 24.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-24T18:39+0500
2025-06-24T18:39+0500
2025-06-24T18:39+0500
видео
эрон
дар тоҷикистон
коршинос
ховари миёна
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/18/1068415641_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_35cb784984db355c3b5f8388aca911bc.jpg
Рӯзи 13 июн Исроил ба Эрон зарба зад. Аз он рӯз инҷониб вазъ дар саросари ҷаҳон бодиққат назорат карда мешавад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мавқеи худро дар рӯзи аввали ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон изҳор кард ва амалҳои исроилро қатъиян маҳкум кард.Таъсири вазъ дар Ховари Миёна ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДС ба номи А. Чернишевский, коршиноси Институти мушкилоти мубрам ва байналмилалии академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия Евгений Коренев шарҳ дод.Низоъ дар Ховари Миёна метавонад ба таври ғайримустақим ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон таъсир расонад, мегӯяд сиёсатшинос. Ба гуфтаи коршинос, ин метавонад аз сабаби ҷойгиршавии ҷуғрофии минтақа эҳсос шавад.Коршинос аз хатари осеби таъсисоти ҳастаии Эрон ва таъсири он ба Тоҷикистону минтақа гуфтБа эътиқоди коршинос, ин ба далели наздик будани мавзеъи ҷуғрофии минтақа эҳсос мешавад. Аз нигоҳи низомӣ ва сиёсӣ, ин ба Осиёи Марказӣ мустақиман таҳдид намекунад.Дар посух ба суоли эҳтимоли пайвастани Эрон ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, коршинос қайд кард, ки дар ин сурат СПАД бояд Ховари Миёнаро низ дар мадди назари худ нигоҳ дорад.СПАД бар асоси принсипҳои муайяни мудофиаи дастаҷамъӣ амал мекунад, ки дар он ҷо шояд зарур бошад, аз ҷумла дахолати муайяни иттифоқчиён дар сурати амалҳои ҳамаҷонибаи низомӣ. Ҷавоб ба ин ва дигар саволҳо дар видеои мост.
эрон
ховари миёна
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/18/1068415641_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_a6d1c8c4f1c71f5266028fab538cb050.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, эрон, дар тоҷикистон, коршинос, ховари миёна, видео
видео, эрон, дар тоҷикистон, коршинос, ховари миёна, видео
Эрон ва Исроил: коршинос тавзеҳ дод, ки муноқиша ба Осиёи Марказӣ чӣ таъсир мерасонад
Эксклюзив
Аз ҷиҳати ҳарбӣ-сиёсӣ низоъ байни Эрон ва Исроил ба Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдид намекунад, мегӯяд сиесатшинос
Рӯзи 13 июн Исроил ба Эрон зарба зад. Аз он рӯз инҷониб вазъ дар саросари ҷаҳон бодиққат назорат карда мешавад.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мавқеи худро дар рӯзи аввали ҳамлаи Исроил ба қаламрави Эрон изҳор кард ва амалҳои исроилро қатъиян маҳкум кард.
Таъсири вазъ дар Ховари Миёна ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДС ба номи А. Чернишевский, коршиноси Институти мушкилоти мубрам ва байналмилалии академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия Евгений Коренев шарҳ дод.
Низоъ дар Ховари Миёна метавонад ба таври ғайримустақим ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон таъсир расонад, мегӯяд сиёсатшинос. Ба гуфтаи коршинос, ин метавонад аз сабаби ҷойгиршавии ҷуғрофии минтақа эҳсос шавад.
Ба эътиқоди коршинос, ин ба далели наздик будани мавзеъи ҷуғрофии минтақа эҳсос мешавад. Аз нигоҳи низомӣ ва сиёсӣ, ин ба Осиёи Марказӣ мустақиман таҳдид намекунад.
"Аммо маълум аст, ки бавосита ва пеш аз ҳама дар Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба табиати равобити Теҳрону Душанбе дар таърих ва солҳои ахир, ин албатта метавонад умдатан дар самти иқтисодӣ инъикос шавад", - шарҳ дод ӯ.
Дар посух ба суоли эҳтимоли пайвастани Эрон ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, коршинос қайд кард, ки дар ин сурат СПАД бояд Ховари Миёнаро низ дар мадди назари худ нигоҳ дорад.
СПАД бар асоси принсипҳои муайяни мудофиаи дастаҷамъӣ амал мекунад, ки дар он ҷо шояд зарур бошад, аз ҷумла дахолати муайяни иттифоқчиён дар сурати амалҳои ҳамаҷонибаи низомӣ.
Ҷавоб ба ин ва дигар саволҳо дар видеои мост.