Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Артиши Русия анбори нафтеро, ки нерӯҳои Украинаро бо маводи сӯхт таъмин мекард, хароб кард

© Sputnik / Станислав Красильников / Гузариш ба медиабонкБоевая работа расчета пушки 2С5 "Гиацинт-С" группировки войск "Центр" на Красноармейском направлении СВО
Боевая работа расчета пушки 2С5 Гиацинт-С группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2025
Обуна шудан
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия ин анбор артиши Украинаро дар Донбасс бо маводи сӯхт таъмин мекард
ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки низомиёни Русия як анбори нафтеро, ки дар Донбасс ҷангиёни украиниро бо маводи сӯхт таъмин мекард, тахриб карданд.

"Корхонаҳои маҷмааи ҳарбӣ-саноатии Украина, коргоҳҳои тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин, як анбори нафт, ки ба ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс маводи сӯхт таъмин мекунанд, инчунин нуқтаҳои истиқрори муваққатии воҳидҳои мусаллаҳи Украина ва зархаридони хориҷӣ дар 137 ноҳия хисорот дидаанд", - омадааст дар гузориши ҳисоботии Вазорати мудофиаи Русия.

Ин ниҳод илова кард, ки сарбозони рус ҳамчунин як дастгоҳи партоби мушакии зидди ҳавоии S-300PT, радари муайянкунии ҳадафҳои ҳавоии P-18, воситаи нақлиёти назоратӣ, ҳафт бомбаи ҳавоии JDAM идорашаванда ва 335 адад ҳавопаймоҳои бесарнишинро нобуд карданд.
Президент Владимир Путин встретился с руководителями международных информационных агентств  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2025
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Русия мехоҳад, ҳарчӣ зудтар ба низоъ дар Украина хотима диҳад
Вазорат иттилоъ дод, ки аз ибтидои Амалиёти вижаи низомӣ артиши Русия ин миқдор муҳимоти ҷангии Украинаро нобуд кардааст.
663 ҳавопаймо;
283 чархбол;
65,472 ҳавопаймои бесарнишин;
612 системаҳои зиддимушакии ҳавоӣ;
24038 танк ва дигар мошинхои зиреҳпӯш;
1,572 мошини ҷангии MLRS;
26.599 дона артиллерияи саҳроӣ ва миномёт;
37271 адад мошинҳои махсуси ҳрабӣ.
Лентаи хабарҳо
0