https://sputnik.tj/20250619/putin-rusiya-nizo-ukraina-khotima-dihad-1068263214.html
Путин: Русия мехоҳад, ҳарчӣ зудтар ба низоъ дар Украина хотима диҳад
Путин: Русия мехоҳад, ҳарчӣ зудтар ба низоъ дар Украина хотима диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия ба саволҳои мубрами роҳбарон ва намояндагони агентиҳои хабарии пешрафтаи ҷаҳон посух дод 19.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-19T15:00+0500
2025-06-19T15:00+0500
2025-06-19T15:00+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
владимир путин
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/13/1068258586_0:74:3207:1878_1920x0_80_0_0_47baceb7720f98c1fbdc0c1d4ba42078.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки мулоқоти ӯ бо Владимир Зеленский имконпазир аст, аммо қонунӣ будани охирин саволҳоро ба миён меорад. Раҳбари Русия дар ин бора дар мулоқот бо раҳбарони расонаҳои хабарии байналмилалӣ дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Русия мехоҳад ҳар чӣ худтар ба низоъ бо Украина хотима диҳад ва бо роҳи сулҳ.Аммо Русия иҷоза намедиҳад, ки нерӯҳои мусаллаҳ дар Украина боқӣ монанд ва эҳтимолан пасон ба Федератсияи Русия таҳдид кунанд. Президент афзуд, ки гурӯҳҳои музокиракунандаи Маскав ва Киев дар тамос ҳастанд ва даври навбатии музокирот баъди 22 июн баррасӣ мешавад. Раҳбари Русия гуфт, ки худи мақомоти Украина ҷангро бо истифода аз силоҳ алайҳи сокинони Донбасс оғоз кардаанд. "Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз накардааст, балки талош дорад, ки ба онҳо хотима бахшад. Худи раҳбарияти Украина бо техникаи вазнин ва ҳавопаймоҳо ҷангро дар қаламрави худ оғоз кард, аммо имрӯз касе инро ёд кардан намехоҳад", - гуфт ӯ. Путин ҳамчунин қайд кард, ки нерӯҳои Русия дар ҳама самтҳо дар минтақаи ҷангии Украина бартарии стратегӣ доранд ва дар тамоми хатти тамоси ҷанг пеш мераванд.
https://sputnik.tj/20250618/vazorati-difoi-rusiya-navor-amaliyoti-phpod-jangi-1068244649.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/13/1068258586_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_26d693ef42ac6b657011065fe92a8582.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин русия украина амалиёти вижа
путин русия украина амалиёти вижа
Путин: Русия мехоҳад, ҳарчӣ зудтар ба низоъ дар Украина хотима диҳад
Раҳбари Русия ба саволҳои мубрами роҳбарон ва намояндагони агентиҳои хабарии пешрафтаи ҷаҳон посух дод
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки мулоқоти ӯ бо Владимир Зеленский имконпазир аст, аммо қонунӣ будани охирин саволҳоро ба миён меорад.
Раҳбари Русия дар ин бора дар мулоқот бо раҳбарони расонаҳои хабарии байналмилалӣ дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург хабар дод.
"Дар омади гап, ман гуфтам, ки омодаам бо ҳама, аз ҷумла Зеленский мулоқот кунам. Аммо, муҳим ин нест. Агар давлати Украина барои музокира кардан ба дилхоҳ кас бовар кунад, ба хотири Худо бигзор Зеленский ҳам бошад ҳам. Гап сари ин нест. Савол ин аст, ки ҳуҷҷатҳоро кӣ имзо мекунад".
Ба гуфтаи ӯ, Русия мехоҳад ҳар чӣ худтар ба низоъ бо Украина хотима диҳад ва бо роҳи сулҳ.
Аммо Русия иҷоза намедиҳад, ки нерӯҳои мусаллаҳ дар Украина боқӣ монанд ва эҳтимолан пасон ба Федератсияи Русия таҳдид кунанд.
Президент афзуд, ки гурӯҳҳои музокиракунандаи Маскав ва Киев дар тамос ҳастанд ва даври навбатии музокирот баъди 22 июн баррасӣ мешавад.
Раҳбари Русия гуфт, ки худи мақомоти Украина ҷангро бо истифода аз силоҳ алайҳи сокинони Донбасс оғоз кардаанд.
"Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз накардааст, балки талош дорад, ки ба онҳо хотима бахшад. Худи раҳбарияти Украина бо техникаи вазнин ва ҳавопаймоҳо ҷангро дар қаламрави худ оғоз кард, аммо имрӯз касе инро ёд кардан намехоҳад", - гуфт ӯ.
Путин ҳамчунин қайд кард, ки нерӯҳои Русия дар ҳама самтҳо дар минтақаи ҷангии Украина бартарии стратегӣ доранд ва дар тамоми хатти тамоси ҷанг пеш мераванд.